Как добавить таджикские буквы в стандартную раскладку клавиатуры?

Шаг 1. Настройка языка

Бывало такое, что вы набрали текст на Times New Roman TJ или TAJIKAN, а потом другой человек не мог его прочитать из-за того, что его Word не открывал таджикские буквы? Многие люди для решения этой проблемы пользовались шрифтом Palatino, который поддерживает таджикские шрифты. Но здесь проблема в эстетике – использовать этот шрифт в официальных письмах … Читать далее Как добавить таджикские буквы в стандартную раскладку клавиатуры?

…аз гузаштаи начандон дур…

Тақрибан ду сол пеш ман худ танҳо телефони мобилӣ доштам, тамғаи он Sony Ericsson Z520i буд. Вақти холӣ бисёр доштам ва барои ҳамин бисёр бози гирифта будаму бозӣ мекардам. Бозиҳо бо забонҳои русӣ ва англисӣ буданд, аммо бо забони тоҷикӣ набуданд. Аз барои он ки бозиҳо бисёр ҳам шавқовар буданд, барои ҳамин рӯзе фикре омад, ки чаро онҳоро ба забони тоҷикӣ нагардонам. Ҳангоми тарҷумаи онҳо вақти аз бозӣ дида зиёдтар сарф мешуд, аммо ин монеагӣ накард барои тарҷумаи онҳо. Вақти аз ҳама бисёрро бозии «Зорро гирифт», зеро системаи дохили он аз дигар бозиҳои тарҷума кардаам куллан фарқ мекард. Ягона мушкилии  мӯҳлати тарҷумаро дарозкарда он буд, ки тамоми бозиҳоро бо ҳамон телефони мобилии дар боло зикркардаи худ тарҷума намуда будам. Мушкили ҳангоми мавҷуд набудани компютер дар он буд, ки ҳар як бози рамзҳои худро дорад ва на ҳамаи онҳо рамзҳои кириллӣ доштанд ва бо телефон бошад рамзҳои махсуси кириллӣ барои онҳо сохтан нашуд, ин буданд бозиҳои «Micro Counter Strike» ва «Crazy Penguin Catapult», ки маънои калимаҳо тоҷикӣ, аммо бо ҳарфҳои англисӣ омадаанд. Ба ғайр аз бозиҳо боз якчанд замимаҳои дигарро низ ба забони тоҷикӣ гардондам, ки онҳоро низ метавонед бо ишораҳои дар поён омада ба худ барои истифода гиред.

Бозиҳо:

1) Doom_rpg_tj

2) Duke_Nukem

3) Футбол

4) Gravity Defied TJ

5) Micro Counter Strike — E-mail ва Пароли он дар болои майдонҳо омадаанд

6) Crazy Penguin TJ

7) Қиссаи ЗОРРО

8) Голфи профессионалӣ

Замимаҳо

1) Centurion — файл менеҷер

2) Mini Commander — файл менеҷер

3) Сони Эрикксон Файл Менеҷер

Эзоҳ: Дар дохили архивҳо файлҳои бозиҳою замимаҳо мавҷуданд, ки барои истифодаи онҳо бояд аз архив берун намоед. Берункунӣ аз архив бо барномаҳои WinRAR, IzArc, 7zip, Проводники Windows, Total Commander, Far Manager ва амсоли инҳо амалӣ карда мешаванд. Пас аз берун кардани файлҳо, файли ягонаи дар дохили папка буда бо номи иловагии .JAR файли зарурӣ аст ва пас аз дохил кардани он ба телефони мобилии худ бо дастгирии технологияи JAVA Шумо метавонед озодона истифда баред. Бисёр аз бозиҳо ба ҳама андозаҳои экранҳо мутобиқ мебошанд, аммо дутои он танҳо барои андозаҳои экрани 128Х160 мебошанд. Агар ягон хоҳиш ва пешниҳод дошта бошед метавонед дар комментҳо нависед. 

 

Доктор Эвелин, тарҷумони «Марги судхӯр»

 Муддати чанд моҳ аст, ки дар Итолиё забону фарҳанги ин кишвари аврупоиро меомӯзам.

Агарчӣ аз бону Эвелин Грасси, муҳаққиқи забону адабиёти тоҷик дар Итолиё, он қадар дур нестам, вале то кунун бо ӯ вохӯрда натавонистем.

Вале чанд рӯзи пеш, ӯ акси зебои духтареро, ки дар даст сабза дорад, бароям фиристода, шеваи омода кардани “суманак” ва навъҳои онро пурсид. Вай нияти пӯхтану ба дӯстон пешниҳод кардани «суманак»-ро дорад.

Ин бонуи итолиёӣ рӯзҳои наздик ба Тоҷикистон рафта, иди Наврӯзро дар он ҷо, дар ҳалқаи дӯстони тоҷикаш ҷашн хоҳад гирифт. 

«МАРГИ СУДХӮР» ДАР «ОРИЕНТЕ МОДЕРНО»

Бону Эвелин давоми якуним соли пас аз сафари охиринаш ба Тоҷикистон чанд мақолаеро ба забони итолиёӣ ва дар робита ба адабиёти тоҷик навишта, дар маҷаллаҳо нашр кард.

Ҳамчунин чанд қиссаеро аз «Ёддоштҳо»-и Садриддин Айнӣ ба итолиёвӣ баргардон намудааст. Ҳоло ба навиштани китоби «Забони тоҷикӣ барои итолиёиҳо» машғул аст. 

Охирин мақолаи илмии доктор Эвелин Грасси «Мулохизае чанд роҷеъ ба қиссаи «Марги судхӯр»-и Садриддин Айнӣ» буд, ки дар маҷаллаи «Ориенте Модерно» дар ҳаҷми 20 саҳифа чоп шудааст. 

Онро хонда маълумоти зиёди тозае гирифтам. Лекин бояд гуфт, ки вақти хондан монандиҳои зиёдеро ба ҳаёти имрӯзаамон мебинед. Рӯшан аст, ки тавваҷӯҳи хоси муҳаққиқ ба ин асари Айнӣ низ асосан аз ҳамин ҷо маншаъ мегирад. 

Эвелин Грасси каме рӯи тарҷумаи ҳол ва ибтидои фаъолияти адабиву мударрисии Айнӣ истода, аз ақидаи адабиётшиносони маъруф роҷеъ ба эҷодиёти Садриддин Айнӣ низ ёдоварӣ кардааст. 

САДРИДДИН АЙНӢ ВА СОДИҚ ҲИДОЯТ

Иржи Бечка гуфтааст, «бешубҳа, Содиқ Ҳидоят нависандаи маъруфи эронӣ дар навиштани «Хоҷӣ Оқо» аз «Марги судхӯр»-и Айнӣ илҳом гирифтааст.»

Эвелин Грасси маҳорати баланди Айниро дар истифодаи луғат таъкид мекунад, ки ба забони персонажҳои оддиаш вожаҳои мардумии монанди «фарсах»-у «танга»-ро монда, ҳангоми баёни муносибатҳои нави ҷамъияти сармоядории Бухоро «биржаву вексел, сум»-ро истифода мебарад.

Ин бонуи итолиёӣ аз шароити онрӯзаи Бухоро, падидаи судхурӣ, пайдоиш ва ривоҷи он дар минтақаи Осиёи Миёна ба хонандагони итолиёвӣ маълумот медиҳад. 

Дар қиёс бо «Ҳоҷӣ Оқо»-и Содиқ Ҳидоят дар баробари монандиҳо аз фарқиятҳои асосӣ ҳам бояд сухан гуфт. Воқеан, ҳарду персонажҳои асосӣ, чи Қорӣ Исмат ва чи Ҳоҷӣ Оқо шахсони хеле бою бераҳму шафқат, вале хасисе мебошанд, ки худро камбағал ва бепул вонамуд карда, аз сахтии рӯзгор шикоят мекунанд. 

Аммо агар Қорӣ Исмат дар марҳилаи аввали ҷамъияти сармоядорӣ зиста мизоҷонаш, ё қурбониёнаш деҳқонони оддии бесаводи ҳангоми имзои шартнома фиребхӯрда бошанд, пас, Ҳоҷӣ Оқо намояндаи марҳилаи пешрафтатаре мебошад, ки аз қурби доллар ва тамғаи мошини сабукрав ҳарф мезанад.

РОҲИ САФЕД, ЭВЕЛИН!

«Марги судхӯр» инъикоси даҳсолаҳои охири асри 19, марҳилаи таърихие мебошад, ки ба инкишофи иқтисодиёт дар Осиёи Марказӣ, ба ҷамъоварии капитал оғоз бахшидааст. 

Дар ин асари устод Айнӣ аз ҳаёти толибилмон, шароити зисту дарсомӯзии онҳо қисса мешавад. Илова ба ин, як силсила лаҳзаву рӯйдодҳои дигаре низ оварда мешаванд, ки ҳаёти онрӯзаи Бухороро боз ҳам комилтар тасвир мекунанд. 

Ба доктор Эвелин Грасси, тарҷумони «Марги судхӯр»-и устод айнӣ ба забони итолиёӣ, дар сафараш ба Тоҷикистон роҳи сафед мехоҳам. 

Ҳафиз Қаландаров