Кӯдакони ятим ва бепарастор ва ҳуқуқи онҳо ба сатҳи шоистаи зиндагӣ

Мутобиқи моддаи 1 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ мебошад ва ба ҳар инсон шароити зиндагии арзандаро кафолат додааст. Ҳамчунин дар баробари ин, дар қонунгузории Тоҷикистон муайян гардидааст, ки тибқи он давлат сатҳи шоистаи зиндагиро ба кӯдакони ятим ва бепарастор кафолат дода, ҳуқуқу озодӣ ва манфиатҳои қонунии онҳоро ҳимоя менамояд. Кафолату ҷубронҳое, ки барои кӯдакони … Читать далее Кӯдакони ятим ва бепарастор ва ҳуқуқи онҳо ба сатҳи шоистаи зиндагӣ

Кӯдакони ятим ва бепарастор ва ҳуқуқи онҳо ба меҳнат

Мутобиқи моддаи 1 Конвентсияи ҳуқуқи кӯдак, ҳама гуна мавҷудоти инсонии то синни 18-сола кӯдак ҳисобида мешавад, агар тибқи қонуне, ки нисбати ин кӯдак истифода мегардад, он пештар ба синни балоғат нарасида бошад. Давлат нисбати ҳар як кӯдаке, ки дар доираи ҳуқуқии он қарор дорад, бидуни ягон табъиз, сарфи назар аз нажод, ранги пӯст, ҷинс, забон, … Читать далее Кӯдакони ятим ва бепарастор ва ҳуқуқи онҳо ба меҳнат

Право детей-сирот и детей, оставшихся без попечения родителей на образование

Согласно Закону Республики Таджикистан «О защите прав ребёнка» ребенок — сирота — ребенок, у которого умерли родители, или единственный родитель. Ребенок, оставшийся без попечения родителей — ребенок, который остался без попечения родителей или единственного родителя, в связи с ограничением или лишением их родительских прав, признанием родителей безвестно пропавшими, объявлением родителей умершими, признанием недееспособными (ограниченно дееспособными), … Читать далее Право детей-сирот и детей, оставшихся без попечения родителей на образование

Право детей-сирот и детей, оставшихся без попечения родителей на охрану здоровья

На основании статьи 38 Конституции Республики Таджикистан «Каждый имеет право на охрану здоровья. Каждый, в рамках, определенных законом, пользуется бесплатной медицинской помощью в государственных учреждениях здравоохранения. Государство принимает меры по оздоровлению окружающей среды, развитию массового спорта, физической культуры и туризма. Другие формы оказания медицинской помощи определяются законом». Из содержания данной статьи Конституции Республики Таджикистан исходит, … Читать далее Право детей-сирот и детей, оставшихся без попечения родителей на охрану здоровья

Ҳуқуқи кӯдакони ятим ва бепарастор ба ҳифзи саломатӣ

Дар асоси моддаи 38 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон «Ҳар шахс ҳуқуқи ҳифзи саломатӣ дорад. Шахс дар доираи муқаррарнамудаи қонун аз ёрии тиббии ройгон дар муассисаҳои тандурустии давлатӣ истифода менамояд. Давлат барои солимгардонии муҳити зист, инкишофи оммавии варзиш, тарбияи ҷисмонӣ ва туризм тадбирҳо меандешад. Шаклҳои дигари ёрии тиббиро қонун муайян мекунад”.  Аз мазмуни моддаи мазкури Конститутсияи Ҷумҳурии … Читать далее Ҳуқуқи кӯдакони ятим ва бепарастор ба ҳифзи саломатӣ

ФОСТЕР ОИЛА-ЕТИМ ВА RАРОВЧИСИЗ БОЛАЛАРНИ ТАРБИЯГА ОЛИШНИНГ БИР КEРИНИШИ

Фостер оила ёки eринни босувчи оила нима? Фостер оила ёки оила eрнини босувчи оила-бу касбий оила бeлиб, унинг фаолияти шартнома асосида маълум муддатга етим ва қаровчисиз болаларни тарбиялашга қаратилган. Фостер оила фарзандликка олиш, васийлик ва омийлик қилиш тушунчаларига кирмайди, яъни бу болаларни тарбиялаш ва жойлаштириш шакллари бир-биридан фарқ қилади. Фостер оила тушунчасига болаларни махсус шартнома … Читать далее ФОСТЕР ОИЛА-ЕТИМ ВА RАРОВЧИСИЗ БОЛАЛАРНИ ТАРБИЯГА ОЛИШНИНГ БИР КEРИНИШИ

Салоҳиятҳои калидӣ барои соли 2020

Вақтҳои охир мавзӯи салоҳиятҳои асри 21 хело ва хело таваҷҷуҳи маро ба худ ҷалб намуда истодааст. Ман тасмим гирифтам, ки дар бораи 10 салоҳиятҳое, ки дар соли 2020 аз ҳама талабгортар мешаванд, нависам. Таҳлилгарони World Economic Forum пешгӯи намуданд, ки дар соли 2020 кадом салоҳиятҳо аз ҳама бештар серталаб мешаванд.
Аз диди таҳлилгарони байналхалқӣ назар ба соли 2015 дар соли 2020 зиёда аз 35% салоҳиятҳои калидии серталаб тағйир меёбанд. Дар мақолаи мазкур ин тағйиротҳо дида баромада мешаванд.
Соли 2020 ба мисли соли 2015 ҷои аввалро вобаста ба сатҳи талабот салоҳияти “маҳорати ҳалли вазифаҳои мушкил” (Complex Problem Solving) ишғол менамояд. Аммо аллакай дар соли 2020 талабот ба дорандагони чунин салоҳият ба 52% афзоиш меёбад.
Дар ҷои дуюм соли 2020 салоҳияти “мулоҳизаронии интиқодӣ” ҷойгир карда шудааст, ки он дар соли 2015 вобаста ба сатҳи муҳимият дар ҷои чорум қарор дошт. Салоҳияти мазкур ҳатто дар пешгӯиҳои 10-15 сола ҳам ба шумори салоҳиятҳои калидӣ дохил мешавад. Ин салоҳият бинобар мавҷуд будани маълумоти хело зиёд дар шабакаи интернетӣ хело муҳим мебошад, зеро маҳорати интихоби маълумоти дуруст ва лозима ва ба таври даркори мулоҳизарони намудан ба ҳар як инсони комил лозим меояд. Боиси афсус, ки мактабҳо дар масъалаи мазкур ба инсон ҳеҷ кӯмаке карда наметавонанд ва ё натавониста истодаанд. Бинобар ин инкишофи чунин салоҳият дар аввал ба зиммаи волидайн ва баъдан ба зиммаи корфармо гузошта мешавад. Аз ҷумла чунин салоҳият барои омӯхтани ҳуқуқи инсон ва паҳн намудани маълумотҳои зарурӣ дар ин соҳа хело ва хело лозим мебошад.
Вобаста ба аҳамият дар соли 2020 ҷои сеюмро салоҳияти “эҷодкорӣ” мегирад. Дар соли 2015 он мақоми 10-умро ишғол мекард, ки аҳамияти он 7 банд боло меравад. Афсус ин салоҳиятро низ дар муассисаҳои таълимӣ ба таври зарури намеомӯзонанд. Дар мактабҳои муосир мунтазам дар бораи чизҳои нолозим меомӯзонанд, ки онҳо дар давоми зиндагӣ ба дарди мо намехӯранд, ба сифати мисол дарси ҷуғрофияро гирифта метавонем, ки дар онҷо дар бораи давлатҳо ва пойтахти онҳо маълумот медиҳанд. Аммо агар он дар зиндагии мо лозим ояд мо метавонем аз шабакаи интернет, алалхусус аз Wikipedia ва Google барои худ дар як муддати кӯтоҳ маълумоти лозимаро оиди ин ё он давлат ба даст орем ва ба фикри ман барои ин як дарси ҷуғрофияро сарф намудан лозим нест. Барои ҳамин ҳам ба мактабҳо зарур аст, ки ба ҷои дарсҳои нолозимаи ба ҳаёти мо ягон фоида надошта, салоҳиятҳои эҷодкориро омӯзонанд.
Дар соли 2020 салоҳияти “идоракунии одамон” мақоми чорумро ишғол менамояд ва он назар ба соли 2015 як мавқеъро аз даст медиҳад. Ин маънои онро надорад, ки ин салоҳият мавқеи худро гум мекунад, балки талабот ба се салоҳияти дар боло оварда шуда зиёд мегардад. Ҳамчунин яке аз сабабҳо оиди паст шудани мавқеи ин салоҳият дар он мебошад, ки бештари ширкатҳои бузург аз кормандони маъмулӣ, яъне одамон ба кормандони типи нав, яъне роботҳо мегузаранд. Аммо бо вуҷуди роботонӣ шудани истеҳсолот ва ё фаъолияти ширкатҳои бузург салоҳияти идоракунии одамон яке аз талабгортарин салоҳиятҳои асри 21 боқӣ мемонад.
Салоҳияти панҷум “маҳорати ҳамоҳангсозӣ, ҳамкорӣ” дар соли 2020 мегардад. Ин салоҳият назар ба соли 2015 ба се банд поён меравад, яъне он дар соли 2015 мавқеи 8-умро ишғол мекард.
Соли 2020 салоҳияти “эҳсосоти зеҳнӣ” мақоми шашумро ишғол хоҳад кард. Бояд қайд намуд, ки салоҳияти мазкур дар рӯйхати салоҳиятҳои соли 2015 набуд.
Салоҳияти ҳафтум ин “Мулоҳиза ва қабули қарор” мебошад, ки назар ба соли 2015 як банд боло меравад. Дар замони паҳншавии технологияи инноватсионӣ ва мушкилшавии раванди зиндагӣ ба таври зуд қабул намудани қарор яке аз талаботҳои бисёр ҳам муҳим мебошад. Дар оянда на танҳо сифат балки суръати қабули қарор низ муҳим мегардад.
Ҳаштумин салоҳияти соли 2020 ин салоҳияти “муштаримадорӣ” (ба муштари эътибор додан) мебошад. Дар рӯйхати салоҳиятҳои соли 2015 он мавқеи 7-умро ишғол мекард. Дар раванди инкишофёбии босуръати истеҳсолот ва намудҳои гуногуни хизматрасонӣ салоҳияти мазкур хело зарурӣ ва муҳим мебошад.
Салоҳияти нуҳум “маҳорати пешбурди музокирот” мебошад, ки назар ба соли 2015 чор зина поён рафтааст. Шояд ин ҳолат маҳз бо сабаби афзоиши талабот ба салоҳиятҳои нав руй дода бошад. Аммо ман фикр мекунам, ки чунин салоҳият барои амалишавии равандҳои демократӣ, ҳимояи ҳуқуқи инсон ва рушди иқтисодиёт хело зарур ва муҳим мебошад.
Ниҳоят, салоҳияти даҳум ин “инъитофи шинохтӣ” (cognitive flexibility) мебошад, ки чунин салоҳият дар номгӯи салоҳиятҳои соли 2015 набуд. Ин салоҳият ба мо чунин малака қобилияти зеҳнии аз як фикр ба дигар фикр гузаштан ва дар як вақт оиди якчанд чиз фикр намуданро медиҳад.
Бояд ёдовар шуд, ки дар соли 2020 чунин салоҳиятҳо, ба монанди “гушдиҳии фаъол” ва “назорати сифат”, ки дар соли 2015 дар рӯйхати даҳгона мавҷуд буданд, мавқеи худро аз даст додаанд.
Дар охир метавон зикр намуд, ки омӯзонидани салоҳиятҳои номбурда дар муассисаҳои таълимӣ аз аҳамият холӣ нест. Махсусан, ҳамчун ҳуқуқшинос гуфта метавонам, ки дар дарсҳои ҳуқуқи инсон ва дигар фанҳои таълимӣ агар баъзе аз салоҳиятҳои калидии мазкурро омӯзонанд, пас толибилмон дар оянда метавонанд на танҳо соҳиби дониши ҳуқуқӣ бошанд, балки маҳорати ба таври лозими ҳимоя намудани ҳуқуқҳои худ ва дигаронро пайдо кунанд.

Шакл ва роҳҳои ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунадагон

Ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ин маҷмӯи чораҳо ва амалҳои давлатӣ ва ҷамъиятие мебошад, ки барои ба танзим даровардани муносибатҳои байни истеъмолкунандагон ва истеҳсолкунандагон, иҷрокунандагон, фурӯшандагонро ҳангоми фурӯши мол ба танзим дароварда, ба ҳимоя намудани ҳуқуқи истеъмолкунандаи алоҳида ва ё гуруҳи номуайяни истеъмолкунандагон равона карда шудааст. Пеш аз он, ки дар бораи ҳуқуқи истеъмолкунандагон сухан ронем, ба … Читать далее Шакл ва роҳҳои ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунадагон

Ҳуқуқи дастрасӣ ба оби тозаи нӯшокӣ ва бехатар

Бе об ҳаёти инсонро тасаввур кардан ғайриимкон мебошад. Об сарчашмаи ҳаёт мебошад. Об барои нигоҳдошти саломатӣ ва пешбурди зиндагӣ, омода намудани хӯрокворӣ ва фаъолияти иқтисодии ҳар як инсон лозим аст. Дар ҷаҳони муосир зиёда аз 1 млрд. одамон аз дастрасӣ ба ҳаҷми лозимаи оби тозаи нӯшокӣ маҳрум мебошанд. Ҷомеаи ҷаҳонӣ ва баъзе давлатҳо бар он … Читать далее Ҳуқуқи дастрасӣ ба оби тозаи нӯшокӣ ва бехатар

Тартиби бақайдгирии ташкилотҳои ҷамъиятӣ мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон

Инсони комил на танҳо барои талаботҳои иқтисодии худро қонеъ намудан зиндагӣ мекунад ва умр ба сар мебарад. Бинобар ин дар думболи давуғеҷи зиндагии ҳар рӯза ва махсусан барои ба даст овардани қути лоямути хеш, дар баъзе ҳолатҳо инсони комилро хоҳиши дар муҳити атрофи хеш тағйиротҳои мусбиро ба миён овардан фаро мегирад. Яке аз роҳҳои муваффақи … Читать далее Тартиби бақайдгирии ташкилотҳои ҷамъиятӣ мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон