КАМБАҒАЛӢ ДИГАР ҶИНОЯТ АСТ


Суди шаҳри Хуҷанд як занро, ки се фарзанди ноболиғ дорад бо ҷурми монеъ шуданаш ба таҳсили фарзандонаш 4 ҳазор сомонӣ ҷарима кардааст. Додгоҳ Татяна Олейниковро тибқи моддаи 164 КҶ ҶТ муҷрим донистааст.

ИмрӯзNews

Дар моддаи 164, (монеъ шудан ба гирифтани таҳсилоти ҳатмии умумии асосӣ (нӯҳсола) КҶ ҶТ омада аст: «Ба ҳар тарзе монеъ шудани шахси воқеӣ ба гирифтани таҳсилоти ҳатмии умумии асосӣ (нӯҳсола),-бо ҷарима ба андозаи аз як ҳазор то ду ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё бо маҳдуд кардани озодӣ ба мӯҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад».

Додгоҳ дар ҳоле Татяна Олейниковро ба 4 ҳазор сомонӣ ҷарима карда аст, ки ба гуфтаи Татяна оилаи ӯ дар як шароити сангини иқдисодӣ қарор доштаст. Номбурда ба хабаргузориҳо гуфтаст:

«Ман се фарзанд дорам. Онҳоро аз ҳисоби пуле, ки баъзан кӯдаконро забони русӣ дарс медиҳам мехӯронам. Шавҳарам моҳи декабри соли гузшта фавтиданд ва оилаи ман дар қатори оилаҳои камбизоат ворид шудааст. Ман ҳеҷ гоҳ барои ба мактаб рафтани фарзандонам монеъ нашудам. Сабабаш дар он аст, ки ман наметавонам онҳоро бо либосу дигар лавозимоти мактабӣ таъмин кунам».

Ба гуфтаи ҳуқуқшиносон қонуни ҷиноятӣ чунин ҷазоро пешбинӣ намудааст. Модаи мазкур бояд шароити волидайнро ё шахсони ба он ивазкунандаро ба назар мегирифт. Дар ҳолати ҷойдошта, масъала сари камбизоатии модари ин кӯдак меравад, ки шавҳар надорад ва саробонии таъмини фарзандашро инчунин таъмини лавозимоти мактабии фарзандашро надорад. Ҳокимияти маҳаллӣ бояд чунин афродро кӯмак намояд ва фонди махсуси маориф ва дигар фондҳои иҷтимои ҳадди ақал бояд кӯмак менамуд, агар воқеан ин зан камбизоат бошад.

Ҳатто ҳуқушинос Шокирҷон Ҳакимов, ин амали судро ғайриодилона медонад. Ба гуфтаи номбурда:

«Пеш аз ҷарима кардан ва нисбати ин зан татбиқ намудани меъёри марбутаи қонунгузории Тоҷикистон мувофиқи мақсад мебуд додгоҳ шарту шароит ва омилу сабабҳоро пурра мавриди омузиш қарор медод. Маълум мешавад ки ин зан сатҳи зиндагии ниҳоят паст дошта, имконияти пардохти хизмати адвокатҳоро надорад. Барои ҳисобот шуда, ин зани бечора мавриди баррасӣ дар суд шудааст. Ба ҳар сурат соҳибкорони Хуҷанд ташаббуси навбатии президентро интизор нашуда, ҳамин гуна оилаҳоро бидуни миннат, каму беш дастгирӣ кунанд амали воқеан савоб мешуд. Пеш аз баровардани чунин ҳукм бо дар назардошти эродҳои дар боло ишора кардаам инчунин тартиби муқаррарнамудаи Кодекси Мурофиавӣ бо риояи одобу ахлоқи касби низ риоя мешуд. Албатта чунин ҳукмро одилона гуфтан мумкин нест».

Ба гуфтаи ҳуқуқшинос Зафар Қурбонов дар чунин ҳолат додгоҳро мебоист дар вақти таъини ҷазо ҳолатҳои сабуккунанда ва шароити маҳкумшавандаро ба назар мегирифт. Номбурда мегӯяд:

«Маълум аст, ки ҷазои пешбининамуда, дар намуди ҷарима ба маблағи 4000 сомонӣ барои ин зан вазнин бошад. Дар моддаи мазкур маҳдуд кардани озодӣ буд ва ё ин ки суд метавонист бо истифода аз ҳуқуқҳои худ талаботҳои моддаи 61 ва 63-ро дастрас намуда, дар асоси моддаи 72 Кодекси Ҷиноятӣ аз ҷавобгарии ҷиноятӣ ва ҷазо озод менамуд. Маълум аст, ки ҷинояти мазкур ба категорияҳои ҷинояти вазнин ва махсусан вазнин намедарояд, суд имконият дошт ба ин ҷинояти начандон вазнин шартан татбиқ накардани ҷазоро таъин менамуд ва чораҳои сар назадани чунин ҷиноятро татбир менамуд. Имрӯз аҳволи мардум хеле вазнин аст, ва бояд давлат ва ҳукуматҳои маҳаллӣ дастгирии чунин нафарони камбизоатро ба роҳ монанд».

Дар соли гузашта, чанд ҳолате, ки волидайн барои ба мактаб рафтани фарзандон монеа мешуданду аз ҷониби ВКД ошкор мегардид мо бо аксарияти он волидон дар тамос шудаву суҳбат мекардем. Аз чанд чунин ҳолате, ки дар соли гузашта, ба қадри имкон мо огоҳӣ доштем ҳеҷ як нафари онҳо аз оилаҳои доранда набуданд. Ҳатто сатҳи зиндагонии онҳо на миёна, балки дар як ҳолати хеле сангини иқтисодӣ буданд.

Пештар мақомот аз боз шудани парванда нисбати Боев Ҳабибулло истиқоматкунандаи ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон, ки ба фарзанди ноболиғаш барои гирифтани маълумоти хатмии умумии асосии нуҳсола монеъ шуд, маълумот дода буданд. Ҳабибулло Боев, нафаре, ки ба таъйиди мақомот монеъи ба мактаб рафтани фарзандаш шуд, зимни як суҳбати телефонӣ бо мо мегуфт, барои харидориии либоси мактабии фарзандонаш аз бонк ҳатто қарздор аст. Номбурда мегуфт:

«Ман 8 нафарро мехӯронам. Биёянд комиссия ташкил карда шароити зиндагонии маро бубинад. Рафта аз ҳамон банкҳо ва инсонҳое, ки ман қарз карда барои фарзандонам либос харидам бубинанд баъд гап зананд. То ин қадар сол аз болои сари ман об мечакид чаро мактаб як дафтар ба як кудаки ман ёрдам карда натавонист. Бародар агар ҳамин камбағал, ки боши дар ҳеҷ куҷо дар кор нестӣ».

Албата вақте волидайн фарзанди худро бе сабаб ба мактаб рафтан намемонад ҳатман бояд нисбати ӯ чораҳои махсус андешида шавад. Вақте ки сол то сол нархи сару либоси мактаб рӯ ба афзоиш дораду баъзе волидони тоҷик имкони харидани онро надорад , чӣ бояд кард???

СУДЯҲОИ ҚОНУНШИКАН


Дар даъвоҳое, ки шаҳрвандон тариқи ВАО интишор мекунанд, аз фаъолияти ғайриҳирфавӣ судяҳо ёд мешавад. Соли гузашта аз ҷониби Фонди ҷамъиятии «Нотабене», Ташкилоти ҷамъиятии «Маркази ҳуқуқи инсон», Ташкилоти ҷамъиятии «Маркази ҳуқуқи кӯдак» ва Мактаби мустақили рӯзноманигории «Тоҷикистон-асри XXI», як маниторинг нисбати «Адолати судии ҷиноятӣ дар Тоҷикистон» гузашт, ки як қатор қонуншиканиҳо аз ҷониби кормандони суд ошкор гардид.

ИмрӯзNews

Нигина Баҳриева, раҳбари Фонди ҷамъиятии «Нотабене» мегӯяд: «Чаҳор созмони алоҳида, ки дар чаҳор заминаи мухталиф таҳқиқот анҷом додаанд, баъд аз ҷамъоварӣ шудани натиҷаи таҳқиқот маълум шуд, ки ҳар яке аз онщо назарсанҷии дигареро мукаммал мекунад. Ин натиҷагирӣ ба мо, ҷомеъаи шаҳрвандӣ, имкон медиҳад, то изҳоротамонро дар бораи мушкилоти мавҷуда баён кунем».

Ҳуқуқшиносони ин созмонҳо аз он изҳори нигаронӣ мекунанд, ки бештари маврид судяҳо эҳтимолияти бегуноҳии судшавандаҳоро ба назар намегиранд. Ба гуфтаи онҳо эҳтимолияти бегуноҳӣ маънои онро дорад, ки қонун шахси ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидашударо то эътирофи айбаш аз ҷониби суд бегуноҳ меҳисобад. Эҳтимолияти бегуноҳӣ ба ҳама гуна ақидаи нодурусти (бадгумонии) суд нисбат ба гунаҳгории шахси судшаванда роҳ намедиҳад.

Натиҷаи мониторинги ин созмонҳо нишон дода аст, ки ҳолатҳои риоя нагардидани принсипи мазкур дар баъзе додгоҳҳо вуҷуд дораду судяҳо ва дигар иштирокчиёни мурофиаи судӣ ба баёни ақида ва ё амале роҳ медиҳанд, ки вайронсозии принсипи эҳтимолияти бегуноҳӣ ба шумор меравад.

Тибқи иттилои ин созмонҳо дар марҳилаи ҳисоботӣ норасоиҳои зерин ба қайд гирифта шуданд:

«Дар ҷараёни мурофиа дар суди ноҳияи Ҳисор судя нисбат ба судшаванда гуфт: «Чӣ лозим ӯро пурсиш гузаронидан, охир ӯ ба гуноҳи худ пурра иқрор шудааст?».

Дар суди шаҳри Исфара дар рафти мурофиаи судӣ ҷабрдидагон ба судшаванда фишори маънавӣ меоварданд. Ҷабрдидагон хеле зиёд ба судшаванда, ҳимоятгари ӯ ва ҳатто ба судя овоз баланд мекарданд. Судя аксаран аҳамият намедод ва то ором шудани худи ҷабрдидагон хомӯш менишаст. Дар ин ҷаласа ба судшаванда лозим омад, барои чора наандешидани судя нисбат ба ҷабрдидагон, ки ба ӯ фишор меоварданд ва таҳқир мекарданд, норизоӣ баён кунад. Чун судшаванда ба натиҷае нарасид, ба нозирон муроҷиат карда гуфт, ки ба ӯ фишор меоваранд, судя ягон чора намеандешад. Ҳатто кӯшиши пешгирии ҳолати мазкурро намекунад. Судшаванда аз нозирон хоҳиш кард, ки ин ҳамаро ба қайд гиранд.

Дар суди шаҳри Кӯлоб судя дар рафти мурофиа ба судшаванда гуфт: «Барои ман дурӯғгӯии шуморо қапидан ду карат ду аст». Дар мурофиаи дигари ҳамон суд прокурор чунин ифодаро раво дид: «Ту доимо дуздӣ мекунӣ, ин якум бор нест, хап шин».

Дар як мурофиаи суди шаҳри Қӯрғонтеппа вақте судшаванда ба гуноҳи худ иқрор шуд, прокурор бо ханда гуфт: «Ана, ҷинояткори воқеӣ дар бораи гуноҳҳои худ ба таври возеҳ нақл мекунад». Ҷабрдидагон ба суханҳои прокурор ҳамроҳ шуда, муҳокимаро идома доданд. Падари судшаванда мехост чизе гӯяд, аммо судя ба ӯ имкон надод.

Нисбати вақт ва макони ин назарсанҷиҳо Нурмаҳмад Халилов, сарвари Ташкилоти ҷамъиятии «Маркази ҳуқуқи инсон» мегӯяд: «Созмонҳо аз июни соли 2011 то марти соли 2012 дар вилояти Хатлон, шаҳри Кӯлоб ва Қӯрғонтеппа, вилояти Суғд, ноҳияи Ҷ.Расулов, шаҳрҳои Исфара, Чкалов ва Қайроққум, дар ноҳияҳои тобеи марказ рафти судро мушоҳида кардаанд. Дар маҷмӯъ, нозирони созмон дар 109 мурофиаи судӣ ширкат варзидаанд».

Назари Ҳалим, як сокини пойтахт, сабаби ғайриодилона ҳукм баровардани баъзе аз судяҳоро дар коррупсияи фарогир медонад. Номбурда мегӯяд: «Он чизе ки аз васоити ахбори омма мехонам, маълумам мешавад, ки баъзе судяҳои мо дар бисёр ҳолатҳо ғайриодилона рафтор мекунанд. Шаҳрвандони зиёде тариқи расонаҳо шикоят аз ҳукм ё қарору ҳалномаи додгоҳҳо мекунанд, ки ин худ гувоҳи ғайриодилона рафтор кардани додрасҳо мо мебошад.” Исбот кардани рафтори ғайриқонунии судяҳо мушкилии умда буда, қариб ки шаҳрвандон дар ин самт ба чизе нарасидаанд, андеша дорад номбурда: “Дар Тоҷикистон ба назари ман исбот кардани рафтори ғайриқонунӣ ва ё ғайрикасбии судяҳо хеле душвор аст. Як ҷиҳати дигар дар кори додгоҳҳо ин аст, ки ба назар мерасад баъзе аз онҳо фасодзада ҳастанд. Танҳо ба хотири пора паллаҳои тарозуи Фемидаро бо хости худ гарону сабук мегардонанд. Коррупсия ва номустақилии додгоҳҳо ҳоли шаҳрвандонро хеле табоҳ кардааст. Дигар баъзе додрасҳо наметавонанд мӯйро аз хамир ҷудо кунанд».

Рӯзноманигорон аз он изҳори нигаронӣ мекунанд, ки дар бештари маврид ҳангоми мурофиа барои ворид шудан ба толори додгоҳ кормандони суд монеъ мешаванд. Ба гуфтаи рӯзноманигорон чунин амалҳо бештари маврид аз ҷониби кормандони суд ё раисикунандаи мурофиаҳои ҳангоми баррасии парвандаҳои ҳангомаангез рӯй медиҳад. Вале ҳолатҳое низ буда аст, ки судяҳо рӯзноманигоронро аз толори додгоҳ берун мекунанд. Ганҷина Ганҷова, рӯзноманигори Маркази датқиқоти журналистӣ, мегӯяд: “Тобистони соли гузашта, дар Суди Иқтисодии шаҳри Душанбе иштирок кардан хостем. Гарчанде суд ба таври кушода бояд мегузашт, мо ба ин нигоҳ накарда аз масъулин иҷозат гирифтем. Онҳо ягон баҳонаи мушаххасе пеш оварда натавонистанд, ки моро иҷозати даромадан надиҳанд. Бинобар ин мо ба толори суд ворид шудем. Вале намедонем аз чи бошад, ки раисикунандаи он мурофиа «Ман ин ҷо раисам» гуфта, моро аз толори суд дағалона пеш кард. Фикр намекунам, ки чунин қонунвайронкуниҳо кам бошанд».

Ҳуқуқшиносон изҳори нигаронӣ мекунанд, ки дар бештари маврид судяҳо бесабаб ба мурофиа дер мекунанд ё баррасии парвандаҳоро ба вақти дигар мегузаронанд. Тибқи иттилои онҳо аз рӯйи натиҷаҳои мониторинги ин созмонҳо аз 286 ҷаласаи судӣ 262-тои он бо таъхири аз чанд дақиқа то чанд соат оғоз гардидаанд. Ҳолатҳое ҳам буданд, ки иштирокчиён оғози мурофиаҳои судиро қариб тамоми рӯз, яъне аз субҳ то охири рӯзи корӣ мунтазир шудаанд ва ҷаласаҳои судӣ баъд аз чунин таъхири тӯлонӣ оғоз гардидаанд. Дар 232 ҳолат нозирон натавонистанд, сабабҳои мавқуф гузоштани ҷаласаҳои судиро аниқ созанд. Зеро дар мурофиаҳое, ки таъхири баргузории ҷаласа ё тағйири рӯзи баррасӣ ба қайд гирифта шудааст, аз ҷониби судҳо сабабҳо эълон нагардидаанд ва мувофиқи талаботи меъёрҳои моддаи 286-и КМҶ ҶТ, судя дар бораи мавқуф гузоштани муҳокимаи парванда таъинот (қарор) набаровардааст. Дар баъзе ҳолатҳо амали худи судяҳо боиси ба таъхир афтодани ҷаласаҳои судӣ гаштааст, ки бо сабабҳои ба мо номаълум, чун муқаррароти суд вуҷуд надорад, ҷаласаи судиро ба вақти номуайян мавқуф гузоштаанд. Ба ин тариқ, амалияи батаъхиргузории беасоси баррасии парвандаҳои ҷиноятӣ дуруст нест ва вайронкунии ҳуқуқи шаҳрвандон ба ҳисоб меравад. Чунин амалҳо дар маҷмӯъ эътибори судро паст мекунанд, зеро вақте суд аз иштирокчиёни дигари мурофиаи судӣ эҳтиромро нисбат ба худ талаб мекунад, ҳуқуқи рафтори беэҳтиромонаро дар нисбати иштирокчиёни дигари мурофиа надорад.

«ЛАҚАЙ-ЧУПОН-ВАЗИРҲО»


Сокинони деҳаи Қалъаи-Нави ноҳияи Роғун мегӯянд, чанд рӯз пештар аз Иди Қурбони имсола як чанд рама баъди бозгаштан аз ҷарогоҳҳо дар ҳудуди ҷамоати Қади Оби ин ноҳияи дарахтони шафати роҳро хӯрда, харобиҳоеро ба бор овардаанд. Ҳамчунин ба гуфтаи шоҳидон вақте кормандони ҷамоат мехоҳанд сади роҳи онҳоро бигиранд чупонҳо ба кормандони ҷамоат дар меафтанд.

ИмрӯзNews

Як нафар ҳангоми суҳбат дар ин ноҳияи ба мо гуфт: «Вақте мол ба роҳи мошингард меояд кормандони ҷамоат сари роҳи мол ва чупонҳоро мегиранд ва ба онҳо мефаҳмонанд, ки бо роҳи мошингард, ки паҳлуи он дарахтҳои сояафкан шинонда шуда аст нараванд. Дар ҳамин вақт чупонҳо ба куҷое занг зада бо забони «қалуғӣ» чизе гуфтанд. Аз он тарфа ба онҳо чӣ гуфтанд мо намедонем вале баъди ин суҳбат онҳо ба кормандони ҷамоати Қади Об ҳамла намуда онҳоро бо чубдаст «таёқ» заданд».

Агар чӣ кормандони ҷамоати мазкур дар мавриди ҳодисаи лату кӯб шуданашон аз ҷониби чупонҳо худдорӣ мекунанд вале ин ҳодисаро рад ҳам намекунанд. Аммо масъулини ин ҷамоатро пеш аз ҳама заррари расонидаи рама нигарон карда аст. Як корманди ҷамоати мазкур дар суҳбат ба мо гуфт, ки дар минтақаи ҷамоати онҳо ҳудуди 400 ниҳолҳои сояафкан шинонда шуда буда аст. Ҳамсуҳбати мо гуфт: «Мо 400 ниҳолро бо нархҳои аз 10 то 14 сомонӣ аз бозори ноҳияи Рудакӣ хамридори намуда будем».

Ба гуфтаи сокинони ин деҳа гӯё нафаре, ки бо чупонҳо дар телефон суҳбат мекардааст кадом як вазир буда аст ва ин рама моли ӯ буда аст. Ҳамчунин ба гуфтаи онҳо ҳамон вазир ба роҳбарияти ҳукумати ноҳияи супориш дода аст, ки сади роҳи рамаи ӯ нашаванд. Ва чупонҳо ҳам аз сабабе, ки пушти онҳо кадом вазире меистад «шерак» шуда ба кормандони ҷамоат дар афтоданд.

Агар чӣ мардум иддао доранд, ки аз ин ҳодиса ҳукумати ноҳияи ва ШКД-и ноҳияи огоҳи доранд вале масъулини шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Роғун аз ба вуқуъпайвастани чунин ҳодиса бе иттилои мекунанд. Тағоймурод Одинаевич, сардори ШКД-и ноҳияи Роғун, мегӯяд: «Ин гуна хабарҳо то ҳол ба мо нарасида аст ва мо ин гуна ҳодисаро ба қайд нагирифтем. Агар чунин ҳодиса мешуд ба мо омада мерасид ва мо рафта чора медидем. Ягон арзу шикоят ҳам нисбати ин ҳодиса ба мо наомада аст. Агар ба мо ягон арзу шикоят шавад мо дар асоси арзу шикоятҳо чора мебинем».

Ин ҳам дар ҳолест, ки ба гуфтаи масъулини Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикситон бо роҳи мошингард овардани рама аз чарогоҳ катъиян манъ аст. Вале масъулини вазорати кишоварзӣ мегӯянд аз ноҳияи Роғун ягон масъул нисбати ин ҳодиса ба онҳо муроҷиат накарда аст. Файзулло Одинаев, сардори треси чарогоҳу мелеоративии Вазорати кишоварзии ҶТ, мегӯяд: «Хатсайрҳое, ки саршумори моли майда ва калон аз чарогоҳои зимистонаву баҳорона ба чарогоҳҳои тобистона мераванд тамоман роҳашон дигар аст. Бо роҳи мошингард рафтани онҳо қатъиян манъ аст. Танҳо дар ҳолате, ки агар борон ва дигар ҳолатҳои фавқулода шавад ва роҳҳои чорвогузар вайрон шавад пас мо иҷозат медиҳем то ба роҳҳи мошинрав гузаранд. Ин ҳам барои он ки ягон садама нашвад ва чорво талаф наёбад. Дигар дар ягон ҳолат мумкин нест, ки чорво бо роҳи мошингард равад. Дар нисбати ҳодисаи дар ноҳия Роғун ба амал омада раиси кумитаи заминсозии ноҳияи ва раиси ноҳияи Роғун нисбати зарари расонидани кадом як чорво ба мо ягон маълумот пешниҳод накарданд».

Субҳи 19-уми ноябри соли ҷорӣ Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон, ба бунёди боғи нави Наврӯзгоҳ дар пойтахти кишвар оғози расмӣ бахшид. Эмомалӣ Раҳмон Президенти кишвар дар ин чорабини эълом дошта аст, ки аз ҳамин рӯз мавсими нави ниҳолшинонӣ оғоз ёфта мудати 5 моҳи пурра идома ёбад. Бале сол то сол дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикситон садҳо ҳазор дарахтони мевадиҳандаву сояафкан шинонида мешавад ҳамчунин дар ноҳияи Роғун ҳам. Вале вақте ин дафъа ман ба деҳаи Қалъаи-Нави ноҳияи Роғун рафтам аз дарахтони арчаи шафати роҳ буда ба ҷуз як чуби қоқ чизе боқи намонда буд. Агар дар ҳақиқат он рама моли кадом вазир ё мансабдори дигар буд ӯ боре фикр накард, ки дар сабзшудани ин дарахтон инсонҳо чӣ қадар заҳмат кашида буданд.

Масъулини вазорати кишоварзӣ рух додани чунин амалро аз ҷониби чупонҳо ҷиноят унвон мекунанд. Масъулин мегӯянд дар мудати кутоҳ нисбати ин амал чора меандешанд ва он нафареро, ки ин рама моли уст ӯро маҷбур хоҳанд кард, ки зарари расонидаашро барқарор кунанд. Файзулло Одинаев, мегӯяд: «Мо мутахасисонро равон мекунем бо масъулини кумитаи заминсозии ноҳияи Роғун рафта мебинанд. Чӣ қадаре, ки агар мол дарахтони он минтақаи роҳро хӯрда бошанд ё валангор карда бошанд ман супориш медиҳам ҳамон роҳбари хоҷагие, ки мол ба ӯ таалуқ доард аз нав барқарор мекунад. Ин кор тамоман мумкин нест вақте, ки дар роҳ дарахт шинонда бошаду мол даромада хурда бошад ин ҷиноят аст. Мо дар ин масъалае, ки дар ноҳияи Роғун рухдода аст ҳисобамонро баробар мекунем».

ТОҶИК-МУҲОҶИР-ЧЕЧЕНҲО


Ҷумбиши «Муҳоҷирони кории тоҷик» дар Федератсияи Русия тасмим гирифта аст, дар моҳи сентиябри соли равон тағйири ном кунад. Мақсад аз иваз намудани номашро роҳбарияти ин ҷумбиш дар боло бурдани обу рӯйи миллати тоҷик дар Русия унвон мекунад. Каромат Шарипов раиси Ҷумбиши «Муҳоҷирони кории тоҷик», мегӯяд: «Имсол мо шиҳиди он мегардем, ки обу рӯйи миллати тоҷик дар Руссия , чанд зина боло хоҳад шуд. Ҷунбиши муҳочирон бо ёрии масъулини Федератсияи Русиия номи худро ба «Асамблеяи халқҳои Тоҷикистон» иваз хоҳад намуд. Анҷумани мо дар охири сентябр, баргузор хоҳад гашт». Мақсад аз ин тадбир аз байн бурдани ҳама бадгуихо нисбат ба миллати мо мебошад».

ИмрӯзNews

Ин ҳам дар ҳолест, ки зимни суҳбати мо бо чанд нафар муҳоҷирон онҳо мегуфтанд солҳои ахир кӯшиш мекунанд дар Русия, тоҷик будани худро пинҳон намуда, симову рафтори худро ба мардуми Қафқоз монанд намоянд, то ҳуқуқҳои онҳо сари ҳар қадам поймол нагардад.

Каромат Шарипов, дар пайи ин назари муҳоҷирони тоҷик мегӯяд:

«Табибҳо аз Сино фахр мебаранд, қумандонҳо аз Суворов, ҷавонони Тоҷикистон аз Чеченҳо, тоҷикон мехоҳанд онҳоро низ ҳамчун марди зираку нотарс шиносанд. Тоҷикон то соли 2001-ум, то пайдо шудани ҷамъияти тоҷикон «Тоҷик-диаспор», ҳаракат мекарданд, ки соҳиби шаҳодатномаи ӯзбекистон шаванд. ӯзбеконро давлати худ сарпаноҳӣ менамуд.Шукронаи Худо, имрӯз чунин фикрҳо аз сари бисёриҳо берун гашт.Чунин рӯз хоҳад шуд, ки тоҷик на аз будани чечен худшуносӣ карда, фахр намояд. Ҳаракати ҳамаи мо ин аст, ки аз тоҷик будани худу фахри миллиро нишон додан аст».

Ҳангоми суҳбат, бо чанд нафар муҳоҷир дар мавриди тақлид намудани онҳо ба мардуми ғайритоҷик дар Русия онҳо назарҳо гуногун доштанд. Аксарият сабаби ин амали худро дар кам шудани монеаҳо аз ҷониби пулиси ин кишвар медонистанд.

Ёқуби Ҳалим, собиқ муҳоҷирои тоҷик, ки айни ҳол дар Тоҷикистон кору фаъолият мекунад, мегӯяд:

«Аз он сабаб, ки ҷавонони ченен нисбат ба дигар миллатҳо дар Русия ғайрати бештар аз худ нишон медиҳанд ва як каме чашми Русҳоро ҳам бо ин рафтори худ тарсондаанд, фикр мекунам аз ҳамин хотир ҷавонони тоҷик мехоҳанд ба онҳо тақлид кунанд. Аммо то куҷо дар ин тақлид муваффақ мешаванд ҳанӯз номаълум аст. Зеро бояд он ғайрати чеченҳоро ҳам дар худ таҷассум кунанд. Дар маҷмуъ фикр мекунам беҳтар аст, шеваи муҳофизат аз ҳуқуқи худро пайдо кунанд, ҷавонони тоҷик, беҳтар аст».

Муҳоҷири дигар мегуфт, ҳамаи кушишҳои муҳоҷирон, ки худро ба намояндагони мардуми қафқоз монанд кардан мехоҳад, барои ҳимояти худ аз чашми пулиси Русия аст. Заурбеки Мирзо, як муҳоҷири тоҷик, ки айни замон дар сохтумонҳои шаҳри Маскав кору зиндагӣ дорад, мегӯяд, симои «чеченӣ» доштан барои дилхоҳ муҳоҷир дар Русия онҳоро аз чанд мушкилот эмин медошта аст. Номбурда мегӯяд:

«Аввалан ҳеҷ бадие надорад, ки тоҷикбачаҳо дар Русия худро бо бачаҳои Чечен ё Доғистон монанд дидан мехоҳанд. Чунки онҳо ҳам мусалмонанд ва мусалмонҳо ҳама бародари ҳамдигаранд. Дуюм дар ҳоле, ки беқадртарин муҳоҷир дар Русия ин муҳоҷир аз Ӯзбекситон ва Тоҷикистон аст, агар муҳоҷирони ин ду кишвар худро бо чечену дорғистонӣ монанд мекунанду аз ҷафои пулиси Русия эмин мемонанд ин ба фоидаи кор аст. Дар ҳоле, ки ҳеҷ мақоми дигари Тоҷикистонӣ наметавонад пуштигирӣ муҳоҷири тоҷик бошад. Масалан ман ҳеҷ гоҳ аз он шарм намедорам, ки ба бачаҳои чечен ва доғистонӣ монанд бошам. Чун ки борҳо пулис маро ба онҳо монанд кардаст ва ҳуҷҷатҳоямро талаб накардаву маблағамро нагирифта аст».

Ба гуфтаи коршиносон дар ҳоле, ки муҳоҷирони тоҷик дар Русия нотифоқанд, ҳеҷ як симое наметавонад онҳоро наҷот бидиҳад. Зафар Қурбонов, адвакати тоҷик дар Федератсияи Русия, мегӯяд:

«Аввалан бояд қайд кунам, ки ҷавонони имрӯзаи мо воқеан камбуди доранд ин дасти нотавон ҳукумати пуштногири онҳост. Аз ин хотир мехоҳанд худро ҳамчун ҷавонони қафқози зӯру тавоно нишон диҳанд, ки ин намешавад. Зеро аввалан барои ин бояд иттиҳоди миллати тоҷикро дошта бошад. Ман худ ки дар Русия қарор дорам ва то ба имрӯз қариб ҳама ҷойи Русия будам, гаштам ва аз аҳволи тоҷикон огоҳам, ҳеҷ як тоҷике аз тоҷики дигар пуштибонӣ намекунад. Аламовараш инаст, агар иттиҳод бошад ин дасту бозу пайдо мешавад. Вале чунин симонишондиҳиҳои бемаънӣ фоида надорад. Бояд худ воқеан дар асл чунин бошад. Тақлид худ ба фикри ман як гумроҳист, иттиҳод бояд дошт. Агар тоҷике дар ягон мушкили монд, онро дастгири кард. Онгоҳ ба мисли мардуми қафкоз ҷавонмард мешавӣ, на ин ки танҳо бо шумули онҳо худро нишон додан».

Ҳамчунин Заурбеки Мирзо, яке аз сабабҳои дигари чеҳранамоии муҳоҷирони тоҷикро дар Русия ва «тарсуӣ»-и онҳоро дар нотифоқи онҳо медонад. Номбурда мегӯяд:

«Аслан муҳиҷирони тоҷикон дар Русия дар вагонҳо зиндагонӣ мекунанд. Бовар кунед вақте ба хабаргирии эшон меравию бо онҳо ҳамсуҳбат мешавед фақат дар ғайбати якдигаранд. Дар ҳамон вагоне, ки 7-8 нафар шабу рӯз якҷояанд, агар лаҳзе нафаре аз онҳо дар байнашон набошад зуд ба ғайбаташ мегузаранд. Пас, Шумо гумон мекунед, агар нафаре аз инҳо ба мушкилие мувоҷҷеҳ шавад дигарон дастгири ӯ мешаванд? Ҳеҷ гоҳ. Вале бовар кунед, дар анаи ҳамин маҳаллаҳо нафаре агар ба тарафи як намояндаи мардуми қафқоз бо чашми «каҷ» назар кунад, бо гузаштани соате пайдо мешаванд 20-30 нафараш барои ҳимояи як тан аз ҳаммиллати худ».

Ҳамчунин Ғаффор як муҳоҷири тоҷик ҳангоми суҳбат мегуфт, ӯ боре ҳатто дар Русия муяшро ранг намуда аст, то мушкилияш «осон» шавад. Вале кормандони пулис, чун ҳуҷҷати ӯро диданд, ки муйи сараш мувофиқат намекарда аст ӯро як ҳақорат «обдор» намуда, ҷаримааш карданд.

ҚАБРҲОИ «ПУЛАКӣ»-И МУҲОҶИРОНИ КУШТАШУДА


Дар шаби иди масеҳиён Пасха ё эҳёи Исои Масеҳ, ки дар поёни давраи рӯзадории онҳо дар ҳузури ҷамъ бо кулчаҳои идона ва тухмҳои рангшуда, таҷлил мешаваду масеҳиён дар ин рӯз бо нидоҳои «Исо зинда шуд!» ҳамдигарро шодбош мегӯянд, як шаҳрванди Тоҷикистон кушта шудааст.

ИмрӯзNews

Дар ин бора сомонаи Ҷумбиши умумиирусии «Муҳоҷирони кории тоҷик» хабар додааст. Бинобар иттилоъи ин сомона, 15-уми апрели соли ҷорӣ ба телефони боварии онҳо Ҷаҳоннамо Набиева, як зани 33- сола, ки истиқоматкунандаи шаҳри Ваҳдат будааст занг зада, ҳодисаи шаби Пасха ба сарашон омадаро мерасонад. Ба гуфтаи Ҷаҳонамо Набиева: «Шаби 14-уми апрел дар хонаи истиқоматиашон барқ хомӯш шудааст, Фирӯз Бӯриеви 24- сола ба даҳлез барои тафтиши хатти интиқоли барқ мебарояд. Дар даҳлез ӯ аз зарбаи сахт ба сараш меафтаду се мард бо нидои «Политсия!» ворид хона мешаванд. Онҳо ба таппонча, шаҳодатномаҳои сурх нишон дода, таҳдид мекунанд, ки ҳама дар ҷойҳояшон шинанд. Баъди лаҳзае, яке нафар аз ҳамалгарон, ки дар даст корд доштааст ба ҳуҷраи дигар мегузарад. Дар ҳуҷраи дигар Қудратулло Пираҳмонов, шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, сокини ноҳияи Рудакӣ нишаста буда аст. Ҳамлагаре, ки дар дасташ корд дошт, ба сӯйи ӯ ҳуҷум карда, дар тарафи дилаш корд мезанад. Қудратулло меафтад ва ҳар се ҳамлагар аз хона мегурезанд. Ҷаҳоннамо Буриева аз пушти онҳо давида, ба берун барои кӯмак мебарояд ва мебинад, ки ҳамлагарон ба автомошинаи тамғаи «Лексус» шишта, аз ҷойи ҳодиса ғайб мезананд. Бинобар гуфтаи шоҳидони ҳодиса аз ҳамлагарон ду нафараш чеҳраи славянӣ дошта, сеюмӣ ба мардуми қафқоз монанд будааст».

Ба гуфтаи шоҳидон, чанд дақиқа баъд аз ҳодиса кормандони политсия омада, хонаро тафтиш менамоянд ва ҳамаи шоҳидонро барои пурсупос ба идораи политсия мебаранд. Гуфта мешавад, мақомот шоҳидонро то ҳол дар идораи пулис нигоҳдорӣ мекунанд. Аз онҳо танҳо ду нафар зани муҳоҷирро ҷавоб додаанду халос.

Қудратулло Пираҳмонов бошад, бо ҷароҳатҳои гуногун ба беморхонаи шаҳри Звенигород мебаранд. Ҷабрдида дар беморхона аз сабаби ҷароҳатҳои бардоштааш ба ҳалокат мерасад. Пулиси Русия аз рӯйи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз кардааст.

Дар ҳоле, ки хабаргузориҳои Русия ҳамеша аз ҷиноят содир кардани шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия хабар медиҳанд дар пайи ин ҳодиса рӯзи гузашта хомуш буданд. Маълум аст, ки ҷиноят дар ин ҳодиса аз ҷониби на тоҷик балки шояд шаҳрванди Русия содир шуда бошад. Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русия ҳам то ҳол нафареро бо гумони даст доштан дар ин ҷиноят дастгир накарданд. Ба гуфтаи нафарони огоҳ мақомти ҳифзи ҳуқуқи Русия дар пушти ин ҷиноят дасти тоҷикиро мекобад.

Дар пайи ин ҳодиса ва боз шудани парванда мо ба Каромат Шарипов раиси Ҷумбиши умумирусиягии «Муҳоҷирони кории тоҷик», ки хабар ҳам дар сомонаи онҳо ба нашр расидааст муроҷиат кардем. Номбурда мегӯяд: «Кормандони Кумитаи тафтишотӣ бовар надорад, ки ин ҷинояти одамкушӣ аз тарафи дигар миллатҳо содир шудаст. Онҳо фикр мекунанд, ки ин шаҳрванди Тоҷикистонро худи тоҷикон куштаанд».

Дар пайи қатлу ҳалокати муҳоҷирони тоҷик дар Русия масъулини намояндагони Тоҷикистон дар Русия аз он изҳорӣ нигаронӣ мекунанд, ки дар баъзе ҳолатҳо хешовандони нафарони ҳалокшуда аз онҳо даст мекашанд.

Сомонаи Ҷумбиши умумиирусии «Муҳоҷирони кории тоҷик», дар мавриди аз гирифтани ҷасади як муҳоҷири тоҷик даст кашидани хешовандон навишта аст: «Шаҳрванди Тоҷикистон, аз маҳаллаи «Аэрапорти куҳна» Маҳмадбабаев Олим Убайдуллоевич, соли тавваллудаш 6.01.1958 дар шаҳри Санкт-Петербург бо сабаби сактаи қалб ба ҳалокат расид. Вақте масъулин ба хешовандонаш занг зада хоҳиш кард, ки ҷасади ин бародарашонро бигиранд. Онҳо аз гирифтани ҷасади Олим даст кашиданд. Ноилоҷ масъулин ва чанд нафар муҳоҷирони дигар ҷасади ин ҳамватанро кафан карда, ҷаноза хонда дар қабристони мусулмонон гурониданд».

Масъулини иттиҳодияҳои тоҷикистонӣ дар Русия, ки бо муҳоҷирон сару кор доранд мегӯянд, бештари вақт дар Русия чунин ҳодисаҳое рух медиҳанд, ки соҳибони ҷасад аз мурдаҳои худ даст мекашанд. Сабаби якум шояд ҳамон маблағ бошад, зеро мо мурдаҳои худамонро аз сардхонаҳои Русия бо пул харидори мекунем ва ба ин маблағ на ҳама дастрасӣ доранд, мегӯянд намояндагони муҳоҷирон.

Иззат Амон, раиси созмони Иттиҳоди ҷавонони тоҷик дар Русия, ки чанд соли охир бо муҳоҷирон дар Русия сару кор дорад, ба ИмрӯзNews гуфт: «Шумори зиёди мурдаҳои тоҷиконро мо дар қабристони вилояти Твери Федератсияи Русия дар қабирстони тоҷикон мегӯронем. Барои то инҷо бурдани ҷасад низ маблағи зиёд лозим аст. Ва яке аз проблемаҳои асосиҳам ин набуди маблағ мебошад. Вале хешовандоне ҳастанд, ки беаҳамиятӣ меккунанд ва думболи ҷасади хеши худашон намераванду намегиранд. Сабабҳои рад кардани хешовандон аз ҷасадҳои наздикони худ дар ин кишвар зиёданд».

Ҳамчунин Иззат Амон аз як ҳодисаи марги муҳоҷир ёдовар шуда мегӯяд, «соле пештар вақте барои гирифтани як ноболиғи 17-сола ба сардхонаи Измайловскийи шаҳри Маскав даромадаму мурдаи ҷавонро берун овардам, модари он ҷавон ҷасади фарзандашро диду дилаш зада ҳалок шуд. Мо дигар намедонистем, ки хешу табори инҳо киҳоянд ва аз куҷо пайдо мекунем. Вале касеро аз хешовандони онҳо пайдо накардем ҷасадҳоро дар қабрстони вилояти Твер бурда гӯр кардем».

Ҳамчунин ҳамсуҳбати мо аз он изҳори нигаронӣ мекунад, ки ҷасади муҳоҷирони тоҷикро наметвонанд вақтҳои ахир дар гӯристони мусалмонон ба хок супоранд. Чун ки масъулни қабристони мусалмонон аз онҳо маблағҳои ҳангуфт талаб мекардаанд.

Иззат Амон мегӯяд: «Тақрибан як моҳ пештар, як ҷавони 22 сола, ки дар морги Митинои ноҳияи Маскав хобида буд, аз морг ба ман занг зада гуфтан, ки агар нагиред месӯзонем «кремироват» мекунем. Мо рафта мурдаро гирифтему бурда, дар қабристони русҳо гӯронидем. Зеро қабристони мусалмонҳо аз мо 150 000 рубл, ки баробар ба 6000 долар мебошад пурсиданд. Аз сабабе, ки қабристони русҳо аз мо пул нахост ҷасадро ҳамонҷо гӯронидем. Қабристони мусалмонон ба муфтиёти Русияи тааллуқ дорад, ки дар он қабристон танҳо тоторҳо иҷозаи гӯр кардан доранд».

АБДУРАСУЛ МИРЗОЕВ ДАР МАҲБАС ИМОМАТӣ МЕКУНА

Абдурасул Мирзоев, бародари Ғаффор Мирзоев, собиқи фармондеҳи Горди миллии Тоҷикистон, дар як мулоқоти кутоҳаш бо хабарнигорон, ки дар муассисаи ислоҳии Ят 9/7 баргузор шуд, хоҳиш намуд, ки масъулин ё рӯзноманигорон аз ҳар шумораи рӯзномаҳояшон ё шумораҳои гузашта, ба маҳбусон ҳамчун хайрия фиристанд.

ИмрӯзNews

Ин вохӯриро дирӯз, 17 апрел, Изатулло Шарипов, сардори Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Тоҷикистон ташкил кард. Субҳи барвақт рӯзноманигорон ба муассисаи Ят 9/7- и Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии вазорати адлияи Тоҷикистон, ки дар шаҳри Қӯрғонтеппа воқеъст, роҳ гиирфтанд.

Изатулло Шарипов ҳадафи аслии ин тасмимро огоҳии бештари хабарнигорон аз вазъи маҳбусон номид, ки гӯё бештар аз ҳолати бад будани онҳо дар берун сухан гуфта мешавад. Ба қавли сардори Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятӣ, дар бештар маврид хабарҳои нашршуда дар бораи вазъи бади санитарӣ, хурду хӯрок ва шиканҷа дар маҳбасхонаҳо асли воқеӣ надоранд. Аз ин хотир, Изатулло Шарипов аз рӯзноманигорон даъват намуд, то ҳамаро ба чашми худ бубинанд.

Нахуст хабарнигорон аз шароити қисми хоҷагидории ин муассиса дидан карда, бо ошхона ва ҷойи хоби маҳбусон шинос шуданд.

Бино ба гуфтаи масъулини ин муассиса, дар қисми хоҷагидорӣ 12 нафаре, ки бори нахуст ҷиноят содир намудаанд, адои ҷазо мекунанд. Ҳангоми дидан кардан аз ҷойи хоби онҳо дар рӯйи катҳо, ки ин нафарон хоб мерафтаанд, расм ва ҷиноятҳои содир намудани онҳо нишон дода мешуд.

Аксарияти ин 12 нафар бо моддаи 138 (таҷовуз ба номус)-и КҶ ҶТ гунаҳкор дониста мешаванд. Дар ин қисм асосан маҳкумшудагон ба корҳои истеҳсоли «семенблок» ва пухтани хӯрок барои тамоми маҳбусони муассиса машғуланд.

Баъдан гурӯҳи журналистон аз боздоштгоҳи муваққати ин муассиса дидан намуданд. Дар ин муасиса ба рӯзноманигорон иҷоза дода шуд, ки ба дилхоҳ ҳӯҷра дароянд. Рӯзноманигорон ба яке аз ҳуҷраҳо, ки онҷо се нафар гумонбаршудаҳо қарор доштанд, ворид гаштанд. Ҳангоми суолу ҷавоб бо рӯзноманигорон онҳо аз ҳама ҳолатҳои муасисаи мазкур изҳори ризоият намуданд. Рӯзноманигорон аз маркази тиббии ин муасиса низ дидан намуданд.

Ҳамчунин рӯзноманигоронро ба муасисаи дигар бурданд, ки онҷо низ чанд нафар маҳбус ба сохтани гаҳвора ва сандуқҳо машғул буданд.

Ҳангоми дидан намудан аз ин муасиса, Изатулло Шарипов аз байни маҳбусон ду нафарро ба наздаш хонда, бо рӯзноманигорон шинос намуд. Онҳоро Аскаров Саидаброр ва Давлатов Назар муарифӣ намуд. Изатулло Шарипов, гуфт:

«Ин ду нафар дар куштори собиқ муовини вазири корҳои дохилӣ Ҳабиб Сангинов дар соли 2001-юм даст доранд. Онҳо 5 нафар буданд. Ман шахсан, ки он замон сардори Раёсати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе будам, онҳоро дастгир кардам».

Аскаров Саидаброр гуфт:

«Соли таваллудам 28-уми декабри 1968-ум аст. Аввлан ман ҳукми қатл гирифтам, баъдан ҳукмамро ба 25 сол иваз намуданд».

Аскаров Саидаброр ва Давлатов Назар аз Изатулло Шарипов хоҳиш намуданд, ки онҳоро барои як суҳбат қабул намояд ва баъди лаҳзае онҳо дар саҳни ҳавлии муасисаи бо Изатулло Шарипов суҳбат мекарданд.

Баъдан рӯзноманигоронро ба бинои маҳбас бурданд, ки онҷо нафарони ретседивист қарор доранд. Пеш аз рафтан ба ин муасиса, чун рӯзноманигорон огоҳ шуданд, ки дар он ҷо Абдурасул Мирзоев, бародари Ғаффор Мирзоев, адои ҷазо мекунад, аз Изатулло Шарипов хоҳиш намуданд, ки барои як суҳбат бо вай имкон диҳад.

Изатулло Шарипов, бе ягон дудилагӣ рӯзноманигоронро ба пушти дари ҳуҷрае (камера) бурд, ки он ҷо Абдурасул Мирзоев маҳбасӣ аст. Баъди дидани рӯзноманигорон аз шароити ҳуҷраи Абдурасул Мирзоев барои як суҳбат супориш доданд, то ӯ аз ҳуҷрааш барояд.

Абдурасул Мирзоев, аз шумори 25 маҳбусест, ки шаби 22 ба 23 августи соли 2010 аз боздоштгоҳи Кумитаи амнияти миллӣ фирор карда, баъд аз ду ҳафта, дар таърихи 7-уми сентябри соли 2010 дар ноҳияи Файзобод дастгир шуд. Баъд аз дастгир шуданаш, чун расмашро аз ВКД ба мо фиристода буданд, хеле нороҳат ва хаста менамуд. Ин ҷо бошад, вақте Абдурасул Мирзоев аз ҳуҷра (камера)-аш бурун шуд, хеле бардам менамуд. Дар ин муддат миёни рӯзноманигон ва Абдурасул Мирзоев суҳбати кутоҳе доир гардид.

Рӯзноманигорон: -Шароити Шумо дар ин муасиса чӣ гуна аст?

Абдурасул Мирзоев: -Худо баракаташон диҳад, шароит хеле хуб аст. Агар аз чунин шароит норизо бошем, дар пеши Худованд ҳам ҷавобгар мешавем.

Рӯзноманигорон: -Хешовандон Шуморо хабар мегиранд?

Абдурасул Мирзоев: -Бале ба қарибӣ хоҳарбузургам ва фарзандон хабарам гирифта буданд.

Рӯзноманигорон: -Намозатонро мехонед? Монеае дар ин самт ҳаст?

Абдурасул Мирзоев: -Худоро шукр, 5 вақт намозамонро мехонем ва ҳеҷ монеа дар мавриди намозхонии мо вуҷуд надорад. Дар ҳуҷраи мо се нафар аст. Ман имоматӣ мекунам.

Рӯзноманигорон: -Азонро баланд мегӯед?

Абдурасул Мирзоев: -Пайғамбари Худо (с) мегӯяд, «Шумо азонро дар ҳолатҳои зурурӣ баланд ва дар ҳолатҳои дигар паст хонед».

Рӯзноманигорон: -Дар намозҳоятон чӣ дуо мекунед?

Абдурасул Мирзоев: -Тинҷиву амониро.

Рӯзноманигорон: -Агар айни замон Шуморо Изатулло Шарипов қабул кунад, чӣ мушкилиро барояш мегӯед?

Абдурасул Мирзоев: -Барои муроҷиат кардан ба генерал (Изатулло Шарипов) ҳеҷ мушкилӣ надорам.

Рӯзноманигорон: -Шумо рӯзнома мехонед, агар ҳа, охирин матлаби хондаатон кай буд?

Абдурасул Мирзоев: -Бале, ҳамаашро ба қадри имкон мехонам. Охирин матлаби мутолиакардаам дар мавриди Низомхон Ҷӯраев буд.

Чун дигар суолҳо аз ҳар ҷониб дода мешуд, аз ӯ пурсида шуд, чӣ суол ё чӣ гуфтание дорад, ки мо рӯзноманигорон аз ӯ напурсидем.

Абдурасул Мирзоев гуфт:

«Мо ба қадри имкон, ба мутолиаи рӯзномаҳои даврӣ машғулем. Агар имкон бошад, аз нусхаи рӯзномаҳоятон барои мо фиристед».

Муассисаи ислоҳии Ят 9/7-и шаҳри Қӯрғонтеппа соли 1939 сохта шуда, дар зиёда аз 70 соли фаъолияташ аввалин маротиба журналистон ба ин муассиса роҳ ёфтанд ва аз шароити будубоши маҳкумшудагон воқиф гаштанд.

Масъулини Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Тоҷикистон гуфтанд, аз сабабе, ки нисбат ба солҳои қаблӣ вазъи иҷтимовиву санитарии маҳбасхонаҳо хуб шудааст, дар ҳама ҳолат рӯзноманигорон метавонанд ба роҳбарияти ин ниҳод муроҷиат кунанд ва дилхоҳ муассисаро рафта, бо чашми худ бубинанд.