ЗИЁИ АЗ БОМЖ ЧИ ФАРКЕ ДОРАД?

Зиёи аз Бомж чи фарк дорад?

Дар боби нархи хонахои марказ хочати гап нест. Чунин кимматшави ба нарх ичорахои хонахо низ бетаъсир намондааст. Акнун донишчуёну оилахои нав бунёд гашта дар як мох барои хонаи бешароиту бетаъмир аз 200 сомони зиёд ичорапули месупоранд. Дигар мутахасссисони сохаи илму фархангу маориф низ дар пойтахт дар ду бистсолаи охир хона харида наметавонанд. Магар бо мохонаи то 200-250 сомони зиндагии солим бурда мешавад. Албатта не. Агар муддати 10 сол зану шавхар якчоя кор кунанду аз ин хисоб хар мох 200 сомони пасандоз намоянд хам, ин маблаг чамъулчамъ дар 10 сол ба 25000 сомони мерасад.
Акнун хулоса мебарорем ки оё бо ин пули пасандози дар 10 сол чамъкардаамон хавличаи назарногиреро харида метавонем ё не?
Боз не…
Дар оилае ки зан хонанишин бошаду танхо мард кор кунад, пас хеч гох пул пасандоз карда намешавад.Айни замон одамони ба кавли мардум пулдор хавлихои ба азнавсозии шахр дохилшударо бо нархи арзонтар харида барои ояндаи худ хона захира мекунанд. Чунки аз руйи конун ба ивази ин хавлихо хатман хонахои нави замонави медиханд.
Хуллас гап хамин ки нарх ба осмони хафтум расидааст ва акнун шахсони эчодиву фарханги хонаро факат дар хобашон мебинанд.
Рузе як хамкасбам оворагардеро диду бо таасуф гуфт:
-Мо шахсони эчоди аз хамин бомжхои бехона танхо бо сару либоси тозаву озодаамон фарк мекунему халос. Агар киссаамонро кобанд гайр аз ручкаву блокнот чизе намёбанд.
Хакикат талх аст.
Чунки оянда низ мутахассисони чавону солим бештар ру ба хичрат меоранду сафи оворагардону бекорон хохад афзуд.


Что вы думаете об этом?