Зеботарин қиссаи Ишқу Аҳду Вафо

 

Синни Абдуллоҳ ба издивоҷ кайхо расида буд, вале ба ӯ муяссар нашуд, ки ҳамон 10 тангаи тиллоро ки баҳои арус буд ҷамъ намояд. Ӯ ҳамагӣ 9 танга захира карда буду халос.

Мардум ҳама, ҳамсоя ва дӯстон ба ӯ суоломез менигаристанд, гоҳҳо ҳатто ошкоро байни ҷамъият мепурсиданд –«Кай зан мегирӣ, Абдуллоҳ?». Абдуллоҳ хеле хиҷолат мекашид, вале илоҷе надошту хомӯш мемонд.

Ниҳоят ба ӯ гуфтанд, ки дар дараи Ниҳон арус зиёд ва хеле арзон аст. Абдуллоҳ бо ҳазор умед ба роҳ баромад, аммо вақте ба онҷо расид фаҳмид, ки иштибоҳ кардааст — онҷо ҳам қиммати арус 10 тангаи тилло будааст. Пешниҳоди 9 тангаро падару модари арус ҳеҷ намепазируфтаанд — магар духтари мо аз дигарон камтар аст, ки бо қиммати камтар ба ту бидиҳем? Мардум инро чӣ хел мефаҳманд ва ба мо чӣ мегуянд?

Абдуллоҳ бо дилу умедҳои шикаста ба хона бармегашт, ки дар роҳ бо пирамарде вохӯрда шинос шуд. Ҳангоми сӯхбат пирамард аз мақсади сафари ӯ пурсон шуд (дар куҳистон ҳама дил дар кафи даст, ошкоро мепурсанд ва ошкоро ҷавоб медиҳанд). Вақте аз мушкилии Абдуллоҳ хабардор шуд пирамард ба ӯ маслиҳат дод ба як деҳаи сари роҳаш, деҳаи Хубон дарояд.

Дар он деҳа ҳам, албатта, қиммати арус 10 танга мебошад, вале дар онҷо духтари хеле зебое ҳаст, танхо бо як ноқизи- ӯ нобиност, чашмонаш намебинанд ва шояд падару модари ӯ ба ивази 9 танга ӯро ба ҳамсарӣ ба ту бидиханд.

Дар деҳаи Хубон падари духтар Абдуллоҳро хеле хуб пазироӣ намуд ва бо фаҳмидани мақсади ӯ гуфт: «Абдуллоҳ, синни духтари ман ҳам аз синни издивоҷ мегузараду ман нисбати тақдири ояндаи ӯ дар ташвишу назди қавмам ҳичолатам. Агар ту розӣ бошӣ , ки Мадинаро бо ин нуқсон ба зани бигирӣ, ба ман ягон маблағе лозим нест, бахти духтарам бароям бузургтарин давлате хоҳад буд!»

Абдуллоҳ ба ҳар ҳол ба падари Мадинаи зебо 6 тангаи тилло дода ӯро ба никоҳи худ даровард ва бо он тангаҳои боқимонда табиберо ҳам пайдо кард, ки чашмони занашро табобат кунад! Акнун Абдуллоҳ ва Мадина, зеботарин ҷуфти диёр ва хушбахтарин ҷуфти дунё, ҳаёти хушбахтонае доштанду шабу рӯз бо ҳам харф мезаданд, аз сидқу вафо ва ишқу сафо.

Вале чанде нагузашта бо амри тақдир ва ҳукми қазо, мисли оне ки Мадина табобат ёфта бино шуда буд, ин дафъа, рӯзе, худ аз худ, Абдуллоҳ нобино шуд. Акнун ӯ мисли «мурғи дар қафас» худро ба чор тараф мезаду бо аламу ноумедӣ ва қаҳру ғазаб бо дунё «даст ба гиребон» мешуд.

Бештар аз хама ба ҳамсараш Мадина дармеафтод ва ӯро бо ҳар баҳона таҳқиру азият медод. Ҳамсари вафодору зебояш аз аҳду вафо ва сипосу сафо сухан карда, мехост ӯро таскину навозиш кунад, вале баръакс алам ва рашки ӯро бештар аланга медод. Абдуллоҳ ҳеҷ бовар намекард, ки чунин як ҷавонзани зебову боақл мисли Мадина бо ӯ, як марди ноқизи нобино, вафодорона зиндагӣ кунад.

Гуфтаанд подшоҳе мефармояд мардеро, ки роҳи худ мерафт, дупора кунанд.

Вақте, ки мардро дупора мекунанд мебинанд аз даруни ӯ берун мебарояд мору каждум ва кирму канаи зиёде. Аз подшоҳ сирри кор мепурсанд ва ӯ мегуяд, ки ин мард шахсе буд огаҳ аз бевафоии зани худ ва ҳама пур аз рашк!

Абдуллоҳ бо латту куб ва таҳқири занаш ҳаёти худ ва ӯро ба дузах табдил дода буд ва ҳамоно бо ин ҳама қаноат намекард. Ва рӯзе фурсат, ки қуллай афтод ӯ шуруъ намуд бо хиёнат ба зани хеш ва алоқаҳои маҳрамона бо як бевазани ҳамсоя. Ҳар вақте, ки хиёнат мекард, гуё дилаш каме таскин меёфт.

Аммо як рӯз, боз ҳам, албатта, бо ҳамон амри тақдир ва ҳамон ҳукми қазо мисли оне ки Абдуллоҳ ба якборагӣ нобино шуда буд, биноии ӯ низ худ ба худ боз бартараф шуду ӯ дунёро медидагӣ шуд. Акнун ӯ метавонист бо чашми хеш бубинад ва бисанҷад вафодориву садоқати Мадинаро!

Абдуллоҳ худро ҳамоно нобино вонамуд карда ба завҷааш дарафтоду ӯро лату куб ҳам кард. «Ҳоло акнун, бо ин ҳама таҳқиру лату куб ӯ ҳатман меравад назди дӯстдораш, барои арзу шикоят аз зиндагӣ ва таскини дил».

Мадина воқеан баъди узру ашки зиёд аз рафтори Абдуллоҳ, рафта дасту руй шусту хонаи дарун даромада пероҳани тоза пушид ва худро ҳинову хуппа карда аз дар берун шуд. Вале ҳанӯз Абдуллоҳ аз пасаш набаромада дид, ки ӯ боз ба хона баргашт. Вале ӯ ин дафъа акнун бо ҳамон садову гуфтор ва нозу адои «бевазани ҳамсоя», ки маъшуқагии Абдуллоҳро мекард, ба хона ворид шуд


Ҳафиз Қаландаров.

P.S. Ин қиссаи зеборо як чанд сол пеш шунида будам ва ҳоло онро ба бонувони покдоману бохирад ва зебои точик мебахшам.

Tagged , , , , .

Напишите свой комментарий