Забони милли — рамзи мухимтарини миллат

Инчо мо ин кадар дар бораи рамзхои давлативу милли бахс кардем, лекин ягон кас дар бораи асоси миллати точик — забони модарии мо — сухане нагуфт. Оё забони точики рамзи асосии миллатамон нест? Оё забони Рудакиву Фирдавси ва Айниву Турсунзода аз мукаддасоти мухимтарини миллатамон нест?

Точикчавони сарбаланд Некбахти Орзу дар ин блог мохи апрели соли чори фикрхои дуруст навиштааст оид ба забони модарии мо:

Рузи Шанбе санаи 31 март клуби бахсу мунозира шуда гузашт ва мавзуи он «Вайроншавии муносибати чавонон нисбат ба арзишхои милли» буд. Ман  дар ин чо мехохам танхо дар бораи як арзиши милли Забон сухан гуям. Дар хамон бахс баъзехо ибрози акида намуданд, ки барои пешрафти ИКТИСОДИ бояд аз забони миллии ачдоди даст кашид. Ман ба ин фикр рози шуда наметавонам ва махз хамин назар маро ба навиштани ин мавзуъ водор намуд. бале ман розиям, ки сол аз сол забон барои бештари чавонон арзиши худро хамчун мукаддасоти милли аз даст дода истодааст, аммо онро дар хотир набояд фаромуш кард, ки махз хамин забони пойдори точики буд ки мо тавонистем дар он тули таърихи берахм пойдор ва хамчун миллат боки монем. Ман дар он бора, ки барои пешрафти иктисодиёт ва хаёти модди месазад, ки забони модарии худро аз даст дод. чунин гуфтаниям, он миллату халкияте. ки забонашро аз даст дод хеч вакт хушбахту срабаланд буда наметавонад ва хатто агар дар сохаи иктисодиёт пешравии назаррасеро сохиб гардад, аммо бе забони модари мушкил аст. ки касе ба пешрави ноил гардад. агар мо имруз бо максади пешраии иктисодиёт ё чи тавре ки мегуянд як бурда нон забонро аз даст дихем пас фардо шояд боз гуянд, ки барои пешравии мо ДИН халал расонида истодааст ва бояд аз ИСЛОМ даст кашид пас чи мешавад, пас  миллату давлате, ки аз забону дин  даст кашидааст ба газаби худованд гирифтор мешаваду на миллат мемонаду на он «як бурда нонхурон» ва на пешравии иктисодиёт. Чавонон биёед дигар забонхоро за худ мекунем то кишвари худро ба пеш барем ва чи тавре ки мегуянд як бруда нони ххудро ёбеми бо ахли оила хурсандона зиндагиро ба пеш барем, аммо забоне, ки дар хурди аз модар ёд гирифтем хеч вакт онро аз хотир набарорем ва нагузорем касе онро таъкид кунад. зеро, ки ин забон бо шири сафеди модар омадааст ва бо он меравад, харчанд кушиши нест кардан ва аз хотирот дур кардани ин забонро кунем ва агар касе ба шири сафеди модар нохурмати намояд он шири поки модари мукаддас кураш мекунад ва агар аз забони модари даст кашад дуои модар бо забони модари куру нобинояш мекунад, ки хатто он иктисодиёти бучаи як давлати пешрафта наметавонад харчу нархи аз нав бино намудани он шахсе, ки ба забон ва модари хеш нохурмати кардаро руйпуш намод.

Ман фикрхои ин чавонмарди точикро пурра дастгири мекунам.

Шумо чи фикр доред? Оё забони модарии ми рамзи мухими миллатамон мебошад ё не?

 

2 Comments

    • Албатта хар як шахс бояд ба забони модарии худ хурмату эхтироми хоса дошта бошад ва онро доимо пос дорад. Ин карзи хар як шахрванди точик аст мемонад то абад

Напишите свой комментарий