Як шоми хастагй

     Пас аз кор базўр қувват кардем бо пойҳои кашол-кашол, то хона расем. Имрўз, рўзи вазнину серкор буд. Пас аз тайёрии чоррўза 48 метри мукаъаб, яъне шаш мошин бетонро ҳафт нафар қабул кардем. Коргарони рус ва саркорон қоил шуданд ва мегуфтанд, ки офарин, имруз шумоён 96 ҳазор пул кор кардед. Эх, шумо надонед, ки нисфи пул ба кисаи як миёнрав меравад. Хайр донед ҳам чи коре аз дастатон меояд. Ва инчунин се-чор рузи омодасозии девортахтаҳоро ҳам бояд ба инобат гирифт…

Бо ин андешаҳои нохуш танҳои хастаи худро ба манзил расондему афтодем…

Хама дар ҳар кунчи хона мурда барин хоб будем. Хеч кас намехоҳад хуроки шом пазад. Аввал ба акои Муллошо часпидем. Мисле, ки дар афсонаи «Рўбоҳ ва зоғ», рўбоҳ ба хотири ба даст овардани панир сурудхонии зоғро таъриф мекунад, мо хўрокпазии Муллошоро таъриф мекардем. Лекин кор надод.

Акои Муллошо баҳона ёфтанд, ки либос шустанашон лозим.

Баъдан аз  «Беспакоится» хоҳиш кардем, то ягон «фачу лач» пазад. «Беспакоится» — лақаби тозагузошта ба Султон ҳаст. Чунки ў ҳар боре ба маъшуқаи русаш занг занад, «Алло, привет Света, эта Султан беспакоитсa» мегуфт. ))) Харчанд ислоҳаш мекардем, ки «Султан беспакоитсa» не, балки «Султан беспакоит тебя» гўй , вале боз фаромўш мекард.

Ниҳоят Султон хурокпазиро ба зимма гирифт ва ҳама ба корҳои худ банд шуданд. Мусо, боз ғарқи ноутбукаш шуд. Хама бо боз шудани ноутбук медонистем, ки чанги Мусо бо миллатгароёни рус огоз ёфт. Муддате аз сари ноутбук хеста ба машки чисмонй медаромад. Харчанд қадаш на онқадар баланд аст, аммо китфу бозўи калону тавоно дошт, ки пас аз машқхои вазнину тулонй ба даст меояд.

Паффу пуфф карда дар ҳаво мушт мезад ва ба фикрам, шояд алами шикаст дар чанги интернетиро аз тан мебаровард.

Яке аз орзўҳои Мусо он буд, ки боре бо тоссарҳо рўбарў шаваду «рекорди» як ҳамватани мо, ки соли гузашта дар Маскав се миллатгаройро кушта буд ба даст гирад. Воқеан вақте ки дар ин бора дар интернет хонда будем, ҳама аҳсан мегуфтем. У як қаҳрамон аст барои мо.

Мусоро низ дар форуми интернетй интизор буданд. На танҳо фашистҳо, инчунин дўстони ҳамдилу ҳамфикри чечению доғистонию ингушетй низ. Кариб ҳар шаб дар интиҳо Мусоро модераторони форум беадолатона аз баҳс хорич мекарданд. Мусо низ  ба эҳсосот дода шуда, ба қабеҳтарин лафз аз ҳафт пушту хоҳару модари скинхедҳо ёд мекард…

    Садои акои Муллошо диккати ҳамаро чалб кард, ки либос навшустаашро ба тор овехта мегуфт, «Ээ, садкаи зани точик шавам, ки рўзи дароз аз хамиру гову гусола оғоз карда, ба либосшўи тамом мекарду боз шаб ҳам аз бехобй роҳат надошт… Барои як курта шустанам дастонам қариб аз кор бароянд.»…

3 Комментарии

Напишите свой комментарий