ЯК РУЗИ БОМЖИ ТОЧИК

Як рузи бомжи точик….

Насим-як нафар оворагарди точик худро хамин тавр муаррифи карду гуфт, ки насабашро фаромуш кардааст. Либосхои ифлосу риши расидааш уро шабех ба бомжхо карда буд, аммо суханрониаш чунон босаводона садо медод, ки каси шунидаги дар хайрат мефитод ки чаро ин марди донишманд бомж аст. 
Насим аслан зодаи нохияи Варзоб мебошад. Донишгохи омузгориро хатм кардааст. Замоне муалими фанни забон ва адабиёт хам будааст. Баъди касодии рузгору маоши ками муаллими у ноилоч рохи Русияро пеш мегирад барои мухочирати мехнати. Дар шахри Самара ба кори сохтмони чалб мешавад. Аммо рузе хамватанеро вомехурад, ки рохи осони пулёбиро барояш нишон медихад. Ин хамватан дар Русия тули панч сол боз ба оворагарди машгул буд. Хонааш партовгоххои шахри Самара буд. Аммо либоспушиаш хеле тозаву гаронбаххо ба назар мерасид. У ба Насим накл кард, ки дар шахрххои ФР дар партофгоххо гайр аз чони одам хама намуди хурокаву пушокаро ёфтан мумкин аст. Бахусус партовгоххое, ки муталлик ба русхои нави сарватманданд. Насим аввал ибо мекард ки бо у хамрохи намояд. Аммо баъди фурухтани 12 оташдони тезпаз(микровольновка) у хам маззахурак шуда ру ба тичорати махсулоти партовгох овард. Русхои сарватманд ба партовгох либосхои навро хамин тавр мепартофтанд. Яхдону телевизорхо ку бехисоб. Насим мушохида намуд, ки кариб тамоми мухочирони точику узбек хонахои ичораашонро аз хисоби партови дар берун гузошташуда аз чумла, мизу курси, яхдон, колин, чевон, оташдони тезпазак, тафдонхои барки, пиёла пур мекунанд. Либосхояшон низ бештар аз хисоби пушокаи аз партовгох дарёфтшуда мебошад. Барои хамин Насим хам ба кавле «мусоркаковак» шуд. Муддати 5 сол рузашро аз хамин хисоб дар Русия паси сар намуд. Акнун баъди ба ватан баргаштан дигар хавсалаи кор карданаш намонда буд. Дар хамин чо хам ба чустучуйи партовхо баромад. Аммо аз мардуми камбизоати точик чи хам метавон дарёфт. Вале Насим дигар озодона зистан намехохад, худ ихтиёр кардааст чунин зиндагии «сагонаро»
Ахли оилааш аз у ру гардонидаанд. Субхи солехон бо хамрохонаш ду кудаки ноболиги бесохиб, ду зани оворагарди рус ба шикори партовгоххо мебароянд. Аммо баъзе субх дер мекунанд,чунки мошинхои партовкаш аллакай партовхоро гун дошта бурдаанд. Дар партовгоххои пойтахт Насим гуё «шеф» ба хисоб меравад. Бе ичозати у ба партовгоххои онхо бомжхои бегона намеоянд. Агар ногахони бомжи бегонае пайдо шавад, Насим уро зада-зада аз он чо берун мекунад. Имрузхо ракибони дигари бомжхо зиёд гардидаанд. Инхо сагхои дайдуву бесохибе мебошанд, ки хеле хавфноканд. Насим накл кард. ки худаш бо ду дидааш дидааст, ки чи тавр сагхо каламушхои захрдорро хурдаанд. Ва агар саг каламуш хурад, онгах девона мешавад ва агар хамон соат одамро газад, он одам баъди 3 руз ба халокат мерасад. Худи саги девона бошад баъди 12 руз худ аз худ мемирад. Насим аз он афсус мехурад, ки дар партовгоххои пойтахт бештар нонпорахо ба назар мерасанд. Хол он ки дар партовгоххои Русия хама чиз ёфт мешавад гоххо, аммо нон не. Насим бомжхои навомадаро зери мухофизати худ мегирад. Субх баъди партовгоххои мавзеъи худро аз назар гузаронидан онхо ру ба партовгоххои назди бинохои мухташами сарватмандон меоранд. Интизор мешаванд, ки кай дар ин партовгох либосе ё хурокаву махсулотеро мепартоянд. Аммо ин чо хам ракобат хеле зиёд аст. Бомжхои чандсола тачриба дошта онхоро зери мушту лагад мегиранд. Насим хамеша мачаллаву рузномахои партофташударо гирифта тоза карда мехонад бо хавас. Аз тамоми ахбороти ватаниву хоричи огах аст. Чойи хобашон гохе сохтмонхои нотамоми шахр асту гохе хавличахои богчахо . Рузона боз ба чойи дигар мераванд. Аз партовгоххо шишахои пластикиро чамъ карда тоза мешуянду бурда ба равганфурушони бозорхо бо нархи ночиз мефурушанд. Дар Русия бошад факат тафдону яхдонхоро бо нархи арзон мефурухт. Сипас ба партовгоххои навохии наздикии шахр вокеъ буда мешитобанд. Хамин тавр рузаш бегох мешаваду у бо хамрохонаш боз чойи салкинеро меёбаду дар ин тобистони гарм хоб меравад. 


b2ap3_thumbnail_DSC02985.JPGb2ap3_thumbnail_DSC02962.JPG 


 



Шахлои Начмиддин

Оставьте первый комментарий

Напишите свой комментарий