Як гул ҳам баъзан баҳор аст!

Яке аз корхонаҳои сохтмонии шаҳри Тюмен Спетстехстрой (СТС), ки дорои нуфузи баланд дар минтақа аст огози соли равон қабули точиконро ба кор шурўъ кард.
Дар корхонаи мазкур то ин дам танҳо шаҳрвандҳои Русия кор мекарданд.
Шароити хуби онро дида бисёриҳо орзу доштанд ба кор дароянд, аммо надоштани шаҳрвандии Русия онҳоро ноумед мекард. Парвиз – як мардикори точик ахиран ба ин фирма кор медарояд ва пас аз нишон додан ва шиносонидани миллати точик ба саркору сарварони фирма, ҳамчун мардуми меҳнатдўсту дорои одоби баланд роҳи точикон сўи ин корхона кушода шуд.

Соати корй аз 8 то 17, шанбею якшанбе рўзҳои истироҳат, ҳар 15 рўз маош, хуроку чои хоб бепул ва пас аз ҳар 6 моҳи корй рухсатии музднок. Ин гуна шароитҳоро на ҳар корхона дорост.
Парвиз соли 2001 бо роҳҳои бисёр кўшиш кард, ки ин чо кор дарояд. Аммо аз коргари оддй то раиси фирма аз гайрирусҳо ҳазар мекарданд ва дарро чанд маротиба ба рўи Парвиз пушиданд. Пас аз ин нобарориҳо Парвиз назди худ мақсад гузошт, ки бо чи роҳе бошад шаҳрвандии Русияро ба даст орад. Ниҳоят тирамоҳи соли гузашта бахт ба руяш хандиду шиносномаи Русия гирифт ва ба фирмаи СТС кор даромад.
Дар рўзҳои аввали корй бисёр фишору пастзаниҳоро аз сар гузаронда ва то имкон дошт шаънимиллатро паст намезад ва нексириштию одамгарй нишон медод. Баҳсҳо ҳар вакт шаклу шеваи гуногун мегирифтанд. Гоҳе ба донишу фаҳмиши техникй марбут буданд ва гоҳе ба рафтору кирдори инсонй.
Хатто боре бо саркор баҳс шудаасту саркор точиконро одамони заиф ном бурдааст. Парвиз кўшиш намуда, баҳси чангчўёнаро ба баҳси шўхиомез мубаддал кард. Саркор мисол овард, ки шаробе ў қудрати нушидан дорад, Парвиз агар нушад мемирад. Парвиз мачбур носкадуяшро бароварда гуфт, ки ин хокро мо точикон ҳар ним соат истифода мебарем ва аз ҳисоби бокувватй нокалавида кор мекунем ва агар русҳо аз он истифода баранд афтида дигар намехезанд. Саркор нописандона носкадуро аз дасти Парвиз гирифт ва кафашро пур карду ба даҳон партофта фурў бурд. Ва 5 дақиқа нагузашта аз по афтид. Дарҳол дигар коргарон, ки ончо ҳузур доштанд ёрии тиббиро чег заданд.
Хуллас саркор пас аз 3 рўзи беморй ба кор баромад ва бо Парвиз дигар баҳс намекард. Оҳиста-оҳиста русҳо бо Парвиз унс гирифтанд. Пас аз 4 моҳи корй Парвизро тамоми коргарон ва раис ҳурмат мекарданд. Чунки ў шаробнушй намекард, аз таҳи дил ва аз рўи инсоф кор мекард. Ин хислатҳои ўро сарвари корхона дида назараш ба точикон дигар шуд ва фармон дод, ки шаҳрвандҳои Точикистонро ба кор гиранд.
Парвиз аз фурсат истифода бурда, дўсту рафиконашро даъват намуд. Ва бо ҳар яктоаш дар рўзи аввали кори шартҳо мегузорад, ки “падвадит” накунанд ва обрўи точиконро баланд бардоранду паст не.

1 Kомментарий

Напишите свой комментарий