Вохӯрии М.Кабирӣ бо фаъолони Хуҷанд

Muhiddin KabiriСанаи 21.12.2012 дар ҳоле, ки қисме аз аҳолии дунё дар интизори «қиёмат» вақти худро гузаронидаистодаанд, дар шаҳри Хуҷанд дар Қасри Маданияти №1 вохӯриии аҳолӣ бо роҳбари Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ баргузор гардид. Дар вохӯрӣ тақрибан 400 нафар донишҷӯён, намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятӣ, ҳизбҳои сиёсӣ ва дигар сохторҳо иштирок намуданд.

Баромади асосӣ оиди 279 нафари дар вилояти Суғд ба худкушӣ дастзада дар соли 2012, пешгирии ҷавонон аз аъзогӣ дар ҳаракатҳои гуногуни ифротгаро ва нақши муҳими Ислом дар ин ҷараён ҳамчун роҳи тарбиявӣ сухан рафт. Қисмӣ асосии вохӯри ва дар баробари ин пурмӯҳтавотарин ба саволу ҷавоб бо иштирокчиён амалӣ гашт.

Саволи аввалинро яке аз блоггерон ва журналистони ҷавон Зебо Қурбонова оиди 53 нафар аъзоёни ХНИТ, ки дар солҳои 2009−2012 барои аъзогӣ дар ҳаракатҳои экстремистӣ муттаҳам шудаанд дода шуд.

Аз посухи устод Кабирӣ маълум гашт, ки дар натиҷаи санҷиш танҳо 10 нафари онҳо аъзои ҲНИТ будаанд. Якчанд маротиба қайд намуданд, ки ҳатто агар ин 53 нафар аз 2009 то 2012 солҳо ҳамаашон аъзои ҲНИТ мешуданд ҳам, аммо танҳо дар 2012 сол ҷинояткорони прокуратура якчанд маротиба зиёд аст.

«Умуман ҷинояткорон ҳизбият надоранд, дин ва миллат надоранд. Барои чӣ танҳо аъзогии ҲНИТро ошкор мекунанду, масалан, Ҳизби Халқӣ−Демократии Тоҷикистон ё Коммунистӣ будани онҳоро ошкор намекунанд?!«, − инчунин таъкид намуданд устод Кабирӣ.

Зебо Қурбонова инчунин аз он савол доданд, ки мувофиқи хабарҳо Сабзалӣ Маҳмадризоев марҳум сардори бахши ҲНИТ дар ВМКБ ва Шерик Карамхудоев, ки алҳол дар маҳбас аст, дар бетартибиҳои дар Хоруғ рухдодаи ҳаминсола яроқбадаст мубориза бурдаанд.

Мувофиқи посухи М.Кабирӣ, дар сӯҳбати телефонии ӯ аз Сабзаалӣ Маҳмадризоев илтимос карда будааст, ки ба шаҳр наравад ва дар гирдиҳамоиҳо иштирок накунад, аммо ӯ ҳамчун шаҳрванд рафта, дар бораи муҳоҷират сӯҳбат кард, на ин ки оиди ҲНИТ. Оиди гирифтан ё нагирифтани яроқ ӯ ҳеҷ гуна сухан нагуфтааст.

Саволи дуюм ба хабар оиди он, ки ҲНИТ телевизион ва радиои худро ташкил намуданӣ аст ва инчунин оиди даъвои судии шаҳрдории Душанбе нисбати М.Кабирӣ буд.

Аз посух маълум гардид, ки мувофиқи Қонуни ҶТ «Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ» ҳизбҳои сиёсӣ чунин ҳуқуқ доранд, ки телевизион ва радиои худро ташкил намоянд ва дар асоси ин дархост фиристодем. Коршиносон мегӯянд, ки эҳтимоли гирифтани иҷозат кам аст, аммо роҳбарияти ҳизб боварӣ дорад, ки ин иҷозатномаро онҳо мегиранд.

Мақсади асосии ин телевизион ва радио тарғиби андешаҳои солими динӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ, ахлоқӣ будааст.

Оиди баҳси судӣ гуфта шуд, ки мехостанд, ки сулҳкорона ин масъаларо ҳал кунанд. Он 20 миллион сомонии зарари маънавиро адвокат муайян кардааст. Далелҳои шаҳрдорӣ, ки онҳо меоранд ҷой надоранд, чунки вақте ки навори баромадро бо стенограмма баррасӣ дар Маҷлиси Олӣ баррасӣ намудаанд, ба хулоса омаданд, ки ягон қонунвайронкунт нест. Аммо боз ҳам роҳбарияти ҲНИТ омодаи гузашт мебошанд ва тайёр аст, ки сулҳҷӯёна масъаларо ҳал кунем.

Ба савол оиди манъи пӯшидани ҳиҷоб ва гузоштани риш дар донишгоҳҳо маслиҳати ягона сабр кардан буд, чунки дар солҳои наздик ин масъала ҳалли худро меёбад.

«Сиёсати варзишро таъриф намудед, лекин хоҳарони диндор чӣ кор кунанд?» буд саволи дигар.

«Варзишро бо сиёсат омехта накунед» – маслиҳати муфид доданд дар посух устод Кабирӣ. Оиди мисолҳои дар Швейтсария ва Олмон дидаашон оиди эҳтироми ақидаҳои гуногуни динии мардум низ ёдовар шуда, иштирокчиёнро даъват намуданд, то ки таҳаммулпазир бояд буд.

Дар вақти баромад устод Кабирӣ аз ҳодисае ёдовар шуданд, ки ҷавонеро, ки кулоҳи афғонӣ дошт танқид карданд. Гуфтанд, ки каме сабр кунед, то ки дигарон одат кунанд ба ин сару либос. Чӣ чизеро ки бисёр бинанд, ба он одат мекунанд ва он гоҳ ботаҳаммул хоҳанд шуд ва ин гуна масъалаҳои ночиз ба мисоли сару либос боиси табъиз (дискриминатсия) нахоҳад шуд.

«Агар кулоҳи ӯро бинед, нагӯед, ки афғонӣ аст, балки гӯед, ки кулоҳи Аҳмад Шоҳи Масъуд аст. Агар шиму костюмдор мардумро бинед ба ёд оред, ки Мухаммад Иқбол низ шиму костюм мепӯшид», − таҳти қарсзании тамоми толор ба анҷом расонид устод  ҷавобашро.

Умуман дар давоми вохӯрӣ се нафар худро ҳамчун аъзои ХҲДТ муаррифӣ намуданд ва хостори савол додан шуданд, аммо пас аз баромадҳои тӯлонии ба шукргузории ҳукумат даъваткунанда ягон хел савол нашуд. Афсӯс, аммо вақти мардумро гирифтанд ва онро танҳо барои тарғиби Ҳизби Халқии Демократӣ сарф намуданд.Баромади яке аз аъзоёни Ҳизби Хақии Демократии Тоҷикистон пеш аз ҳама дар фазои доимии ин ҳизб сурат гирифта, ягон саволро умуман дар надошт. Балки танқид шуд, ки ҲНИТ танҳо танқид мекунад ҳукуматро, ба ҷои он ки шукр кунад, чунки ба гуфти баромадкунанда (аъзои ХҲДТ) дар 21 соли истиқлолият Тоҷикистон ба баландиҳои зиёд ноил шудааст ва хеле тараққӣ ёфтааст. Аз ҷумла таъкид гашт, ки дар даври ҳукмронии Президент аллакай «Хатти 500», нақби Шаҳристон ва ғайраҳо ба истифода дода шуданд. «Он чавононе, ки фикру акидаи худро доранд аз сиёсати давлат розиянд ва тарафдоранд», − давом дод баромадкунанда. Дар ин маврид пас аз суханони зиёди таърифи ҳукумат ва давлат буданд шахсоне, ки дар толор дигар тоқаташон тоқ шуд ва талаби кӯтоҳтар гап зада новобаста ба савол гузаштани баромадкунандаро талаб намуданд. Дар ин ҳолат худи устод Кабирӣ аз онҳо хоҳиш намуд, ки таҳаммул намоянд ва бо ин рафторашон беҳурматӣ накунанд. Бояд баромади ҳама гӯш карда шавад. Дар натиқа пас аз баромади зиёд ягон савол дода нашуд.

Дар ин баромади якум бошад ҳатто талаб намуданд, ки ҲНИТ низ ҳукуматро бисёртар таъриф кунанду танқидро камтар кунанд!

«Албатта мо таъриф мекунем, аммо дар кучо таъриф кунам? Агар ба барномаҳое, ки дар телевизионҳои давлатии аз ҳисоби маблағҳои тамоми халқ таъминшаванда фаъолият мебаранд, баргузор менамоянд моро низ даъват кунанд ва ичозати гап задан диҳанд, пас агар як бор танқид кунам, дафъаи дигар албатта таъриф мекунам. Ҳоло бошад дар сомонаи ҲНИТ мо яке аз аввалинҳо шуда, оиди ба қатори 500 нафар бонунфузтарин мусалмонони рӯи олам дохил намудани Эмомалӣ Раҳмонро навистем, ки ин худ нишондиҳандаи он аст, ки мо на фақат танқид менамоем», − таъкид намуд М.Кабирӣ. «Вазифаи ҳизби мухолиф низ на танҳо таъриф, балки танқид ҳам ҳаст» – илова намуд роҳбари ҲНИТ.

Дар давоми вохурӣ аз ҷониби якчанд иштирокчиён саволҳои гуногуни дигар низ ба мисоли назари ҲНИТ ба сироятёфтагони ВИЧ/СПИД, ки миқдорашон дар вилоят зиёда аз 600 нафарро ташкил медиҳад, оиди дар Покистон аз сабаби кушта шудани ихтиёриён эмкуниро манъ намудаанд ва инчунин қабули қонуни нав бахшидашуда ба пешгирии зӯроварӣ дар оила пурсон шуданд.

Роҳбари ҲНИТ дар худи толор ба намояндагони ҳизби худ муроҷиат намуда, ба онҳо супориш доданд, ки дар масъалаи пешгирии ВИЧ/СПИД, дар корҳои фаҳмондадиҳӣ ба аҳолӣ дар барномаҳои гуногуни амалишаванда иштирок намоянд ва ба онҳо мусоидат ва ёрӣ намоянд, чунки ба гуфти худи устод Кабирӣ, ин мушкилоти ҷамъиятӣ аст ва бояд мубталошудагон ба ин беморӣ тавонанд барои муолиҷа муроҷиат кунанд, худро аз ҷомеа пинҳон накунад, чунки бо ин роҳ дигаронро метавонад ба ин беморӣ мубтало кунанд.

Аз аҳволи ихтиёриёне, ки бо эмкунӣ дар Покистон машғуланд ва дар вақти охир аз ҷониби гурӯҳҳои тундгаро аллакай тақрибан 8 нафари онҳо ба қатл расонида шудаанд, устод Кабирӣ изҳори нигаронӣ намуд ва таъкид намуд, ки кори ин ихтиёриён айнан мувофиқи талаботи дини мубини Ислом аст, чунки рукни таҳорат, ки дар асл покизагӣ ва гигиена буда, мақоми махсусро дар Ислом дорад, онро нишон медиҳад, ки эмкунӣ ба таври куллӣ ба фоидаи инсон ва саломатӣ аст. Аз ин ҷиҳат талаботи он гурӯҳҳое, ки шояд як ё ним фоизи аҳолии Покистонро ташкил намуда, бо роҳи зӯрӣ ва зӯроварӣ ақидаи худро оиди аз ислом набудани эмкуниро паҳн намуда, ихтиёриёнро ба қатл расонида истодаанд, ба таври куллӣ зери интиқод ҷойгир намуд.

Оиди қонуни ҷадиди ба пешгирии зӯроварӣ да оила бо Хайринисо Юсуфӣ, ки муаллифи асосии ин қонун мебошанд, назару мулоҳизаҳои худро гуфта будаанд: қонуни хуб аст, тамоми масъалаҳои зӯроварӣ дар оила инъикос шудаистодааст – на танҳо аз ҷониби мард, балки аз ҷониби зан низ, масалан, зӯроварии равонӣ (психологӣ), ки дар вақтҳои охир хеле паҳн шудаистодааст.

Ҳадафи умумии ин қонун агар нигоҳдории фазои хуби оилавӣ бошад, пас он хуб аст, аммо механизм нодуруст, чунки дар қонун роҳи додгоҳро кушода мекунад. Дар оилаҳои тоҷик ин баръакс ба вайронкунии оила меорад.

«Мутассифона нақши дин оиди нигоҳдорӣ ва ҳифзи оила дар қонун пешбинӣ нашудааст – ҳама мақомотҳо ёдовар шудаанд, аммо дин не. Ҳол он ки нақши дин хеле бузург аст«, − хулосаи худро изҳор намуд М.Кабирӣ.

Саволи дигар бахшида ба ҳаводиси Сурия бахшида шуда буд ва аз раиси ҲНИТ изҳори нигоҳи ҳизбро нисбат ба он талаб намуданд. Инчуни оиди нақшаҳои ҲНИТ дар оянда низ пурсон шуданд.

«Барнома ва ҳадафҳои ҳизб дар оинномаи мо аст, ки он дар Вазорати адлияи ҶТ аз қайди давлатӣ гузаштааст. Ягон нақшаҳо аз чорчӯбаи манфиатҳои давлат ва миллат набояд берун равад. Дар масъалахои куллӣ ва стратегӣ мо қариб ҳама ҳизбҳо яксонем. Аммо фарқ дар масъалахои ҷузъӣ аст. Ҳизби аграрӣ бисёртар дар соҳаи аграрӣ мутахассис аст. Мо масъалаҳои тарбия ва ҳуввияти диниро мебардорем. Масъалаҳои иқтисодиро бигузор Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон бардорад. Агар ҳар як ҳизб масъалаҳои ба ӯ хосро гӯяд, пас ҳама тараққӣ мекунад.

Шояд ки шумо дар назар дошта бошед, агар ҲНИТ сари ҳокимият ояд, пас дар оянда давлатро исломӣ мекунад ё не?! Аммо ман онро гуфтаниам, ки мо дар доираи конститутсия амал мекунем!

Оиди Сурия ман аллакай бисёр саволҳо гирифтаам. Мардум фикр мекунанд, агар дар Покистон ихтиёриёнро кушанду дар Сурия ҷанг шавад, пас албатта оиди ин аз раиси Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон пурсидан даркор аст, чунки ҳизби ӯ ҳиби динӣ аст ва он корҳоро мусалмонон мекунанд. Аммо барои чӣ бошад, ки ҳангоме ки дар Амрико дар макотиб даромада кӯдаконро мепарронанд оиди ин ягон савол ба ягон сиёсатмадори дигар дода намешавад! Ин боз як бори дигар нишон медиҳад, ки рисолати ҲНИТ вазнин аст ва аз мо пурсиш зиёд мешавад.

Боиси Сурия боз як бори дигар таъкид мекунам, ки ҷиноят, ҷанг ба дин тааллуқ надорад! Ҷанги 1-ум ва 2-юми Ҷаҳонӣ дар давлатҳои христианӣ сар шуд, аммо он ба дин тааллуқ надорад ва маънои онро надорад, ки ин талаботи дини онҳост.

Солхои 40-ум аврупоиҳо аз ин марҳила гузаштанд, шояд ки олами Ислом низ марҳилаи гузаришро аз сар гузаронда истодааст.

Дар Сурия ва умуман дар куҷо ки бошад, танҳо кӯчактарин гурӯҳ хостори ҷангу ҷанҷол аст, чунки мақсадҳои ғаразноки худро доранд! 99,9% аҳолӣ сулҳро мехоҳад.

Дар Миср, Ливия ва дигар давлатҳои араб, ки инқилобро аз сар гузаронданд, як нафар 40 сол буд, ки дар сари ҳокимият меистод – бе интихоботи озод, бе озодӣ – ҳамагон хаста шуданд. Коррупсия, хешутаборӣ зиёд шуд. Мардум хостори ислоҳот шуд, аммо давлат надод. Дар натича инқилоб намуданд.

Ман якчанд дар кишвари Мағриб сафар доштам. Он ҷо бошад пас аз шоҳигарии тӯлонӣ шоҳ фаҳмид, ки ҷавонон дигар шудаанд, пас ӯ ислоҳот кард ва дар вазифаи сарвазир мухолифро монд. Дар натиҷа бе ҷангу ҷанчол марҳилаи гузаришро паси сар намуданд.

Дар Осиёи Марказӣ зарурати инқилоб намебинам– мо зарурати ислоҳот дорем!«, − буд ҷавоби раиси ҲНИТ.

Пас аз ин боз як борамади тӯлонии аъзои ҲХДТ оиди шукргузорӣ ба давлат, ҳукумат ва президент, дастовардҳои солҳои истиқлолият ва ғайраҳо садо дод. Ниҳоятан бо саволе анҷом ёфт, ки дар зери ҷумлаи «Пурсиш аз ҳизби мо зиёд аст» чиро дар назар доштанд ва шахсан шумо чӣ кор кардед барои пешрафти ин ҷомеа?

«Хар касс шукри мардум накунад, шукри Худо накардааст» – аз ҳадиси Ҳазрати Муҳаммад (с) оғоз намуданд ҷавобашонро устод Кабирӣ. «Агар дар тамоми Ҷумҳурӣ ҳамчун дар ҳамин толор сӯҳбати ошкору кушод бошад, пас, масалан, роҳбари ҲХДТ ва дигар ҳизбҳо низ омада чунин вохӯрии кушод омода намоянд хеле хуб мешуд. Пурсиш аз мо зиёд аст, чунки ҳангоме ки дар бораи ҳизбияти ҷинояткорон сухан меронанд, пас дар ҳама ҷо фақат ҳизбияти ҷинояткоронро нисбати ҲНИТ ишора мекунанд. Мусалмон масъулият дорад, агар зоҳиран мусалмон бошад (риш, ҳичоб дар назар аст). Аз ин ҷиҳат кӯчактарин хатогии шахсе, ки зоҳиран мусалмон аст бештар ба назар мерасад, назар ба оне, ки намуди зоҳириаш ба мусалмон будани ӯ ишора намекунад. Ин мисоле он аст, ки«, − давом дод суханашро устод Кабирӣ, − «дар ду стакон об гирем – дар яке оби софу пок ва дар дигар оби лойолуд. Агар оби ғализро гирифта, ба ин стаконҳо як қатрагӣ партоем, пас дар стаконе, ки оби пок дошт ин як қатра якбора намудор мешавад ва дар он стаконе, ки бе ҳамин ҳам худ лойолуд буд, ин қатраи оби ғализ умуман намудор намешавад«, − ба анҷом расид қисми аввали ҷавоб ва толор аз қарсакҳои тамоми иштирокчиён аз ин суханон қариб ба ларзиш меомад.

«Намедонам, ки барои пешрафти ҷомеа чӣ хубӣ кардам«, – идома доданд устод Кабирӣ, − «ба ҳар ҳол зараре нарасондаам!«, − ин дафъа низ тамоми толор аз қарсакҳои иштирокчиён ба ваҷд омад.

Дар баромади худ иштирокчии дигар низ ба шукргузории ҳукумат ва давлат даъват намуда, қайд намуд, ки хуб аст, ки чунин баромадҳои ошкоро зиёд шавад. Ба гурӯҳҳо ҷудо нашавад мардум, бояд ҳама якҷоя бошанд. «Асосаш ин, ки тоҷик ҳастему якҷоя ба хотири ободии Тоҷикистон хизмат кунем», − ба анҷом расонид ӯ суханашро.

«Аъзо будан дар ҲНИТ маънои онро надорад, ки имони комилтар дорад назар бо дигарон. Ҳамчунин аъзои ҳизбҳои демократӣ будан низ маънои демократитар буданро надорад.

ҲНИТ – ин ҳизби сиёсӣ аст. Баъзе фатво аст, ки аъзогӣ дар ҳизби динӣ ин ҳамчун ибодати нафл аст – фарз нест- нафл аст. Инро бояд дар хотир дошт«.

Ва ниҳоят дар охир саволе дода шуд, ки барои чӣ бар хилофи моддаи 8 Конститутсияи ҶТ, ки динро аз давлат ҷудо ва давлатро аз дин ҷудо гуфтааст, минбари масҷидҳо ба минбари сиёсат табдил ёфтааст?

«Воқеан дар Тоҷикистон тибқи Конститутсия ташкилотҳои динӣ аз давлат ҷудо аст. Аммо дин ҷудо нест – танҳо ташкилотҳои динӣ аз давлатӣ. Байни онҳо қонун аст, агар ягон тараф қонунро вайрон кард пас онҳо ҳуқуқи ба суд муроҷиат намуданро доранд.

Оиди минбари сиёсат шуданашон далел нест.

Беҳтар мешавад, ки имом-хатибон оиди масъалаҳои сиёсие, ки сӯҳбат мекунанд аз он пеш бояд масъаларо омӯзанд ва пас аз он сухан гӯянд», − ҷавоб гуфта шуд.

Пас аз суханҳои интиҳоӣ, вохӯрӣ ба итмом расид.

Ба ҳар ҳол, зиёда аз ду соат давом ёфтани ин вохӯрӣ дар қалби тамоми иштирокчиён боз як бори дигар ҳиссиёти ҳурмату эҳтиромро нисбати Раиси ҲНИТ мӯҳтарам Муҳиддин Кабирӣ боқи монд. Ҳарчанд аз сабаби бисёрии иштирокчиён ва хеле ҳам маҳдуд будани вақт бисёри саволҳо боқӣ монданд, аммо рӯҳияи умумии вохӯрӣ бо фазои мусбӣ иҳота гашта, аксариятро бо хоҳиши баргузории боз ҳам зиёдтари чунин вохӯриҳо вусъат дод.

Rustam Gulov
Автор Rustam Gulov 539 Articles
Блоггер, гражданский активист, медиа-тренер и консультант, основатель портала "Блогистон"

3 Комментарии

  1. Наворбардорони чанд телевизион омада буданд, масъулини вохурй пурсиданд,ки оё шумо хади акал лахзаеро аз вохурй дар канали тв-атон намоиш хохед дод? Чун онхо чавоби рад доданд, онхоро ба толор бо камера рох надоданд, вале бидуни дастгохи наворбардорй даромад озод буд.

Напишите свой комментарий