Чанд вақт аст, ки аллакай дар ҷумҳурии мо, ки мувофиқи сарқонун демократӣ ба ҳисоб меравад, вайронкунии ҳуқуқҳои шаҳрвандон ба назар мерасад, махсусан дар қисми шимолии он, ки ин худ вилояти Суғд ва маркази он – шаҳри Хуҷанд аст. Мубориза алайҳи пайравони дини ислом рафтаистодааст, ки аз тарафи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, оддӣ карда гӯям милисаҳо амалӣ карда шудаистодааст, ки ин худ нишон медиҳад, ки то чӣ дараҷа мақомоти ҳифзи ҳуқуқ тарафи халқ аст, ки он бар муқобили халқи оддӣ мубориза мебарад. Риштарошиҳо камӣ кард, ки акнун ба ҳиҷобпӯшӣ ва ҳатто ба фурӯши либосҳои исломӣ дар бозорҳо дахлдор шудаистодаанд, ки аллакай фурӯши ҳиҷобро дар бозор манъ кардаанд ва занҳои ҳиҷобпӯшро, ки покиро пешаи худ кардаанд ва мехоҳанд аз чашми марди бегона худро пинҳон кунанд, дар натиҷаи рейдҳои милисаҳо аз ҷойҳои хониш ва ҷойҳои корӣ дур карда шудаанд. Милиса милисаю, лекин ҳамагон медонанд, ки фармон аз тарафи раиси шаҳри Хуҷанд шудааст, ки худ зодаи ҳамин минтақа аст, аммо боз мардуми ҳамшаҳри худро зиндагӣ кардан намемонад.
Чунин менамояд, ки ин ҳукумати шаҳри Хуҷанд ба тинҷию оромӣ шукр намегӯяд ва махсусан халқро азоб додаистодааст, ки халқ ба мубориза бархезад ва онҳо тамоми ин халқро несту нобуд кунанд ва боз айбро ба гардани мусулмонҳо зананд ё бо ҳамин роҳ миқдори шахсони бекормондаро кам кунанд, чунки миқдори зиёди халқ, ки дар муҳоҷирати меҳнатӣ буданд, аз сабаби душвор шудани шароитҳои корӣ дар Федератсияи Русия баргашта омаданд, Тоҷикистон дар навбати худ онҳоро бо кор таъмин кардан наметавонад ва ягона роҳи кам кардани миқдори бекорон дар он аст, ки онҳоро ба шӯриш бархезонда ба қатл расонанд.
Дар давраи ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон, мардуми шаҳри Хуҷанд ба ҷанг бархеста набуданд, ки пас аз ин ҳолат, халқи Хуҷандро “буздил” низ номида буданд, акнун боз ҳама ин амалиёту рейдҳо дар Хуҷанд гузаронида шудаистодаанд, чунки медонанд, ки халқ ҳоло ҳам ҳамон аст, ба таври оммафаҳм “дух” намекунад гап задан ба, аммо ба назар нагирифтаанд, ки тоқат тоқ шавад халқи ҷабрдидаи ташнаи хуни золимон ба чӣ тайёр аст. Монанди афсонае, ки дар синфи як дар мактаб дарс медиҳанд, бузичае, ки шиками гургро бо шохаш чок кард барои муҳофизати фарзандони худ, боварии комил дорам, ки чунин ҳодиса мешавад, агар тоқати халқ тоқ шавад.
Дар охир савол ба кормандони соҳаи ҳифзи ҳуқуқ, махсусан ташкилотҳои ҷамъиятӣ, ки бо овози баланд оиди ҳифзи ҳуқуқ гап мезананд: Чӣ чораҳо аз тарафи чунин ташкилотҳо дида шудаанд, ки ҳамин гуна ҳуқуқвайронкуниҳо аз байн бурда шавад? Ё аз сабаби он, ки ин мушкилиҳо ба сари мусулмонҳо омадааст, ин ба чунин ташкилотҳо тааллуқӣ надорад?
Ва як савол ба ҳукумати мо, ки ба қадре метавонад, мехоҳад мардумро дар зери тарс нигоҳ дорад: Ҳамаи ин муборизаҳо бо кадом мақсад гузаронида шудаистоааст?

Боварӣ дорам, ки саволҳо ҷавоби худро меёбанд.
Бо эҳтиром, пайрави Исмоили Сомонӣ, ки ӯ низ ришдор буд
Ватандӯст