Қурутоби бе қурут (рецепт)

    Чанд вақт шуд, ки дустонам аз ноҳияи Вахш, каминаро ба қурутобхурй даъват менамуданд. Онҳо ду истгоҳ дуртар истиқомат мекарданд. Аввалҳо таклифашонро чиддй қабул намекардам. Ва боре писханд задам, ки қурутобро рафта дар Вахш мехурем, дар фурудгоҳҳои Русия қурут, гушт, равган ва баъзан носро мусодира карда ба партовгоҳ мепартоянд ку, пас барои қурутобпазй, қурут аз кучо?
    Онҳо дар чавоб “ту биё меҳмонй баъд мебинй”, гуфта механдиданд. Ниҳоят боре як асбоби сохтмонй лозим шуду наздашон рафтам. Онҳо зуд дар тараддуди қурутобпазй шуданд. Аз байн панч дақиқа ҳам нагузашта таом тайёр шуд. Дар як табақи калони чубй бардошта оварданд ва панч нафар ба он ҳучум кардем.
Ростй, бисёр хушлаззат омада буд. Таркиб ва тарзи тайёр карданаш ҳам мураккаб набудааст. Хамагй як литр чургот (кефир), 200 грамм қаймоқ (сметана), 200 грамм равгани зард(сливочное масло) ва як дона пиёзу ду нончахои бозорй 5-6 нафарро сер менамояд.
    Дар зарф ё табак нонро майда карда мегузорем. Тахминан 0,5 литр оби чушро ба дег андохта аз паси он чурготро мерезем ва онро омехта менамоем. Сипас қаймоқ ва баъд намак меандозем. То ба чуш омадан дегро мекобем, то қаймоқ хуб хал шавад ва инчунин таги дег насузад. Баробари ин дар дегчаи (сковородка) дигар равгани зардро партофта, пас аз моеъ шуда таспиданаш пиёзро реза карда мепартоем. Вакте деги курутобдор ба чуш омад зуд онро ба зарфе, ки дар он нонро майда кардаем мерезем. Сипас аз болояш пиёзи дар равгани зард пухтаро мерезем. 
    Ва баъд зарфро ба дастархон гузошта «Бисмиллохи рахмону рахим» мегуему хурданро сар кард. Дар хакикат фарк кардан мушкил аст, ки ин курутоб бе курут пухта шудааст.  Баъд аз хурда шудан як дуои хайр ба мо хам шавад. ))))  

4 Comments

Напишите свой комментарий