Умри сагона.

Умри сагона….


 


У ба одамони аз наздаш гузашта истода бо хавас нигаристу ашк дар чашмонаш беихтиер чарх мезад. Замоне вай хам хамин хел озодаву пероста хар субх ба кор мешитофт. Хуроки лазизтаринро дар тарабхонахои бошукухи шахр истеъмол мекард. Маъшукахои зиёде дошт. Зиндагиаш ба кавле шохона мегузашт. Зану духтаронаш гули хурокро мехурданду мепушиданд. Одамони нодору камбизоатро ба хонааш рох намедод. Ду хидматдор дошту онхо тамоми корхои хонаро ба сомон мерасониданд. чунин зиндагиро атрофиен танхо орзу мекарданду халос. Абу шояд он вактхо шукр намекард, ки худованд ба чунин руз овардаш. Имруз у хамнафаси сагони дайдуи кучагиву калламушхои сарсон гардидааст. Абу як ба куртаи даридаву ифлосаш нигариста охи сарде кашид. Меъдааш аз гушнаги сузиш дошт. Боз ба кофтани кути лоямуте дар партовгох пардохт. Гайр аз пучоки пиезу картошка дигар хама махсулоти партофташударо аллакай дигар бомжхо рабуда буданд. Абу ноумед назди дари партовгох нишаст. Ана зани хильати киматбахое пушидае омада, сатили партовдорро охиста пару рехт. Нигохаш ба Абу фитоду чашмпесон кард. Абу харисона ба чустучуйи дохили партови нав овардашуда фитод. Ду тухми бутуну вайроншударо ёфта хурсанд шуд. Кош хозир аловдоне медошту ин тухмхоро бирен карда мехурд. Кош… акнун мачбур аст, ки хомохом дамашро дарун кашида ин тухмхои бадбуйро фуру барад. Пас аз фуру бурдани тухмхо якбора дилаш бехузур шуд. Пас аз каме ба худ омадан боз ба ёди лахзахои ширини гузашта рафт. Яхдони пурхасибу пургушт, тухми мохиву анвои гуногуни нушокихо пеши назараш омаду сараш чарх зад. Абу аз хамсараш хамаги ду духтар дошт. Харчанд ба фолбину духтурони зиеде даводави карда бошанд , дигар занаш фарзанд таваллуд накард. Барои писардор шудан Абу зани дуввум гирифт. Зани аввали аз зангирии шавхар дарак ёфта шуру магал бардошт. Зиндагии ширини оилавии Абу захр гашт. Чун мансаби гирифтааш аз боиси падараруси сарватмандаш буд, забони занаш дароз, хавлиро ба номи худаш кард. Ду хонаи чорхучрагии дар маркази шахр бударо низ ба номи духтаронаш кард. Духтаронаш хам мукобилаш баромаданд. Хусуру хушдоманаш мачлиси оилави гузаронида огохи доданд, ки ё чавоби зани дуюмашро дихад ё аз хона баромада равад. Албатта барои Абу мансабу боигари кимматтар буд. Бинобар ин аз бахри зани дуввум тамоман баромад. Ин дам аллакай зани дувумаш хомиладор буду рузхои бошумори таваллуд карданаш боки монда. Вакте, ки Абу калимаи талокро ба забон гирифт, зани дуюм доду вой карда рагхои хунгарди дастонашро бурид. Уро падару модараш ба беморхона бурданд, вале вай дар рох бо тифли батнаш чон дод. Хешу наздикони зан Абуро ба махкама кашиданду вай панч соли томро дар махбаси торик гузаронид. Зану духтаронаш ягон бор ба махбас наомаданд. Занаш дар ин байн бори дигар шавхар карда бо айшу ишрати худаш банд буд. Духтаронаш низ ба шавхар баромада, яке дар хоричи кишвару дигаре дар Русия зиндаги доштанд. Чун Абу худ бепадар калон шуда буду касе надошт, баъди рахои аз махбас намедонист ба кучо раваду аз ки мадад чуяд. ба назди чурахои хамкадаху сарватмандаш рафт, вале уро ба хонааш рох надода пешаш карданд. Маъшукахои собикаш хам Абуро аз дар ронданд. Сарпанохе надошт, ки шабашро руз кунад. Нахустин шаби оворагардиаш дар вокзали рохи охан огоз ёфт. Хост мардикори карда пул ёбад, вале пойхояшро дар махбас хунук зада буд. Аз дасташ кори вазнини чисмони намеомад. Ноилоч бо бомжхо ошнои пайдо кард. Хурду хурокаш аз хисоби партовгоххои пойтахт буд. охиста охиста ба партовхури одат кард. Ба замини сарду сахт омухт гардид. Зиндагии бемафхумро ихтиер намуд. Номашро хам кариб фаромуш кард. зеро атрофиен ба у доимо эй бомж гуен мурочиат мекарданд. Баъзан мегиристу аз худо илтичо мекард, ки зудтар чонашро гирад. Кариб хар руз бо бомжхои дигар барои кофтани партовгох даст ба гиребон мешуданд. Чун тудаи сагон зиндагони доштанд онхо. Аз нашустан, буйи баданашон буйи хари мурдаро ба хотир меовард. Абу ба бадани ифлосаш нигариста пушаймон мешуд, ки чаро дар вакташ андешаи ояндаи некро накард. Бахту давлаташро пеши по зад. Худо уро барои худпарастиаш чазо дода, яку якбора ба замин зад. Сазояш хамин аст. Имруз Абу ба бомж мубаддал гаштааст. Бомж оворагард, бесохиб бекас. Агар ба каси дорое лозим шавад, бомжхоро ба ивази як шиша арак бурда хуб кор мефармоянд. ё агар якеи онхо дар куча мурад хам, касе сохиби намекунад. Кадом рузу соату дакикае Абуро низ чунин марг пайгир аст. Марги бенишону бемакон. Касе оши фотихаи уро намехураду дуои неке барои руху арвохаш намехонад. Зиндаги даргузар аст, одамизод бояд маргашро хамеша андеша намояд. Он вактхо Абу ба айшу ишрат банд буду фикри мурданро асло ба хотир намеовард. Гумонаш ки давлату сарвати дуне човидонист. Агар сармаст намешуд, шояд сарнавишт ба Абу ин кадар чабр намекард. Боз ду наврасе сатилхои партовхои худро оварда Абуро масхаракунон пеши у холи карданду гуфтанд: -Хой бомжи гушна, ана ин хурокро хур. Хориаш омад аз ин таъкир. аммо чи кунад, ки хакикат талх аст. Бо дидагони ашколуд ахлоттудаи навро кофт. Чанд дона помидори пусидаву мачакро дарефта ба сумкааш андохту боз партовхоро кофтан гирифт. Калламушхои калону бадвохима низ хамрохаш ризку рузи мечустанд. Онхо назар ба Абу чолоку бокувваттар буданд. Сумкаашро ба китфаш гирифта охиста охиста Абу ба панохгохашон омад. Бомжхои дигар чамъ омада ризку рузии ёфтаашонро руйи замин пахн мекарданд. Буйи ифлосу гализи хурокхои пусида бинои нимвайронаро пахш кард. Абу хамрохашон хурок мехурду ох мекашид. Пеши чашмонаш факат дастархони пурнозу неъмати як вактхо доштааш хувайдо буд.,,,,,,,

1 Kомментарий

Напишите свой комментарий