Уф магӯй! Ё ғамномаи модар.

Фарзанд аз домани модар бо сад ноз ба воя мерасад

Қуръон ва модар

Модар дар аҳодиси набавӣ

«Тасаллияти дустон дилу руҳро қувват медиҳад»

Фарзанд аз домани модар бо сад ноз ба воя мерасад

Табиист, ки инсонҳо вақто гирифтори мусибат ва озмоиш мегарданд, ҳатман дар сабади раҳоии хеш талошҳо меварзанд. Ба қавли Мавлонои бузург:

«Аласт» гуфт Ҳақу ҷонҳо бале гуфтанд,

Барои сидқ бале ҳақ раҳи бало бикушод.

Чун дар олами арвоҳ рӯҳи мову шумо даъвои камари хидмати бандагӣ бар миёни ҷон бастанро намуд, Парвардигори якто барои то чи андоза содиқ буданамон бар рӯи мо дарҳои балову озмоишро кушод.

Реҳлати азизтарин шахс модар низ аз ҷумлаи он балову мусибатҳоест, ки ҳатто аз тасаввури инсон берунаш метавон номид. Ба унвони мисол, фироқи абадии модаре, ки ба қавле худ мушти параст, аз Ӯ ба дунё меоӣ ва дар доманаш бо сад ноз ба воя мерасию аз мояи ҷонаш шири поки сафед нӯши ҷон мекунӣ ва солҳо дар канораш ба сар мебарию ҳамеша хушбахтии дунё ва охирататро бо дастони ларзон рӯи саҷодда дуогӯст, оё саҳлу содааст? Валлоҳ, ки ҳаргиз!

Ин ҷониб, ки чанде қабл шарбати талх ва ногувори ин мусибатро ночор чашидам, аввалин каломам барои раҳоӣ аз ин озмоиши сангин: «Мо дар мулки Худоем ва бозгашти мо ба сӯи Ӯст» буду мебошад. Ва ба ҳар азизе, ки ба мутолиъаи ин сатрҳо вақти азиз хеш сарф мекунад, гуфтани ҳамин каломи зикргардидаро, ки каломи Раббонист, дӯстона тавсия мекунам.

Қабл аз иншои ин матлаб табаррукан ва барои шоду нуронӣ гардонидани рӯҳи модари азиз, рафтам суроғи оёти Каломи осмонӣ, ки тиловаташ ба кас рӯҳу илҳоми тоза мебахшад ва дилҳои бишкастаро оромиш мебахшад. Ва он ҷо дар паёми осмонии Парвардигор ҷӯёи он шудам, то бидонам меҳрубонтарини меҳрубонҳо ва Холиқи модаре, ки дар васфаш забон оҷиз аст чӣ мегӯяд.

Қуръон ва модар

«Ва ба инсон ба некӣ дар ҳақи падар ва модараш васият кардем. Модараш ӯро дар шикам бардошта ва ба душворӣ ӯро ба дунё овардааст. Ва даврони бардоштан ва аз шир гирифтани ӯ сӣ моҳ аст.» (сураи Аҳқоф ояти 15)

Ояи карима ба ин ҳақиқат ишора дорад, ки ҳаққи модар бар ӯҳдаи фарзанд аз ҳаққи падар муаккадтар, яъне, таъкиди бештарро шомил аст. Зеро модар ӯро ба душворӣ бор гирифта ва ба душворӣ ниҳодааст (дар ҳангоми ҳомилагӣ ва ҳангоми ба дунё оварданаш) ва баъд аз он ҳам ӯро аз мояи вуҷуди хеш шир дода ва дар оғуши хеш парваронидааст ва дар ҳамаи ин муддат бо таҳаммулу ранҷҳо, заҳамоту сахтиҳо, бо беҳтарин ваҷҳ ба умури вай пардохтааст.

Дар ҳоле, ки падар дар чизе аз ин умур бо вай мушорикате надоштааст, ҳарчанд, ки ӯ ҳам дар роҳи касби даромад ва таъмини ҳазинаҳои зиндагӣ ранҷ кашида, аммо ин ранҷи вай бо ранҷҳои модар ҳамонанд ва баробар нест. (Тафсири Анворул Қуръон. ҷ. 5, с. 533)

«Ҳукм фармуд Парвардигори ту ба ин ки ҷуз ӯро парастиш макун ва бандагӣ нанамой ва нисбат ба падару модар иҳсон ва некӣ ба ҷой овар, чунончи яке аз эшон ё ҳар ду дар назди ту ба синни пирӣ бирасанд, «уф» бар рӯи эшон магӯ, ва дигар ин ки садо баланд макун дар назди онҳо, балки бигӯ бо онҳо сухани нарму мулоим.» (с. Исро, ояи 23)

«Уф» гуфтани фарзанд бар рӯи падару модар пасттарини амали носавобест, ки Худованди меҳрубон аз гуфтани он дар каломи покаш манъ кардааст. Пас вой бар ҳоли касоне, ки ҳамарӯза дар пайи озору азияти модаранд ва аз ин амали зишти хеш ҳеҷ боке надоранд. Чуночи дар назм омада:

Ҷавоне сар аз раъй модар битофт,

Дили дармандаш дар озар битофт.

Чу бечора шуд пешаш овард маҳд,

Ки эй суст меҳру фаромӯш аҳд.

На дар маҳд нерӯву ҳолат набуд,

Магас рондан аз худ маҷолат набуд.

Ту они, ки аз як магас ранҷаӣ,

Ки имрӯз солору сарпанҷаӣ.

Пок аст он зоте, ки чунин амреро ҷиҳати риояи эҳтироми волидайн бар мо бандагон тавсия намудааст. Дар ҳеҷ дину адёни рӯи олам ҷуз исломи азиз чунин дастур ва амри одилонаеро наметавон пайдо намуд, ки Қуръон мефармояд: «Ва дар ҳузурашон бо тавозӯъ ва аз ҷиҳати меҳрубонӣ хоксор бош ва бигӯ Парвардигорам раҳмат кун, бибахшой онҳоро чунон, ки парвариш карданд маро(с. Исро, ояи 24)

Модар дар аҳодиси набавӣ

Улгӯи олами башарият, Муҳаммад (с), ки суханони ростинаш ба олами ваҳй иртибот доранд, аз забони муборакаш дар заминаи мақом ва манзалати волидайн даҳҳо ҳадис ривоят шудааст.

Аз ҷумла, марде ба расули Худо (с) гуфт: «Модарам пиразани солхурдаест, ки бо ман зиндагӣ мекунад (ва хеле заифу нотавон аст ва ҳатто тавони роҳ рафтан ва таом хӯрдан ҳам надорад.) Ман ҳар рӯз ӯро бар пуштам мегардонам ва аз даромади худам мехӯронам ва ҳоҷаташро бо дасти худам бартараф менамоям ва дар ин ҳангом рӯямро ба хотири ҳаё ва эҳтиром аз ӯ бармегардонам. Оё муҳаббат ва хидмати ӯро ҷуброн кардам? Паёмбар (с) дар ҷавобаш фармуданд: На, чунки замоне шикамаш ҷойи ту буд ва пистонаш мояи сероб шуданат ва қадамҳояш сипари ту буд. Ҳамаи инҳоро барои ту анҷом медод, дар ҳоле, ки орзуяш зинда мондани ту буд. Аммо ту ин корҳоро анҷом медиҳӣ, дар ҳоле ки орзӯят мурдани ӯст. (Мустадраки Ҳоким ,ҷ.15, с.180)

Паёмбари Худо (с) фармуданд: Касе, ки аз мобайни ду чашми (пешонии) модараш бӯса кунад, ин бӯса барои ӯ пардаест, ки аз оташи ҷаҳаннам муҳофизаташ мекунад. (Шуаб-ул-имон, ҳ. 7861)

Паёмбари Худо (с) фармуданд: Марде аз аҳли Ансор омаду гуфт: Ё Расулаллоҳ (с) Оё баъд аз дунё рафтани падару модарам чизе аз некӣ боқӣ мондааст, то ман дар ҳақи онҳо анҷом диҳам? Паёмбар (с) фармуданд: Бале! Намоз хондан дар ҳақи онҳо, истиғфор ва талаби бахшиш барояшон, анҷом додани аҳду паймонҳояшон, эҳтиром намудани дӯстонашон ва бо хешу табори онҳо рафту омад намуданат, инҳо ҳаққест, ки бар гардани ту аст. (Муснади Аҳмад ҷ.3, ҳ. 4981)

«Тасаллияти дустон дилу руҳро қувват медиҳад»

Мегӯянд: «Одами бедӯст оинаи берӯст.» Яке аз вижагиҳои уммати Ислом ва дар умум инсоният онаст, ки ба қавли Саъдии бузург:

Бани одам аъзои якдигаранд,

Ки дар офариниш зи як гавҳаранд.

Чу узве ба дард оварад рузғор,

Дигар узвҳоро намонад қарор.

Ба муҷарради шунидани реҳлати нафаре аз пайвандон, дӯстон парвонавор даври ҳам ҷамъ мегарданд. Бо чеҳраи маҳзун ва лаҳни моломол аз ғам изҳори тасаллият менамоянд. Ҳатто зумрае таввассути телефону торнома таъзияи хеш изҳор менамояд.

Модаре, ки дар тарбияи ҷигарбандаш умри гаронмояи хеш сарф мекунад ва мӯи мушкини худ дар ин ҷода чун барф сафед мекунад. Модаре, ки сари гаҳвораи тифл шабҳои дароз ранҷу бедорхобиҳо мекашаду эҳсоси хастагиро ҳатто дар чеҳрааш ҳувайдо намекунад, модаре, ки бо шунидани сураи «Фотиҳа» бори аввал аз забони тифлонаи фарзандаш меболаду масрур мегардад, модаре, ки дасти дуъо баҳри саъодатмандии фарзандаш мебарораду аз Парвардигораш оҷизона онро таманно мекунад, бешубҳа метавон гуфт, чунин модар аҳли ҷаннат асту дар ҷивори раҳмати Парвардигор қарор дорад.Ишооллох!

 

Что вы думаете об этом?