Ҳуқуқ ва моҳияти он

 

Инсон дар муносибат бо ҷамъият умр ба сар мебарад. Мо дар фаъолияти ҳаррӯзаи худ бо калимаи ҳуқуқ зуд зуд дучор мешавем, ки ин бесабаб нест. Ҷомеа ва мардум ҳамеша кӯшиш менамоянд, ки ҳуқуқро бо мафҳумҳои ҳақиқату инсоф алоқаманд, кунад. Моҳияти ҳуқуқ низ дар ҳамин ифода меёбад. Ҳуқуқ моҳияти умумииҷтимоӣ дошта беистисно ба манфиати ҳамаи одамон хизмат мекунад. Инсон дар доираи ҳуқуқҳои худ озодона амал мекунад ва қонун озодии инсонҳоро аз ҳамагуна сӯиқасд ҳифз менамоянд. Ҳуқуқ дар давлати ҳуқуқбунёд ҷавҳари ҳама гуна муносибатҳои ҷамъиятӣ ва мазмуни ҳамаи қонунҳоро ташкил медиҳад. Ҳуқуқ дар ҷомеа ба таври воқеӣ вуҷуд дорад ва вазифаи давлат аз он иборат аст, ки ҷиҳатҳои гуногуни онро муайян муайян карда ба шакли қонунӣ расмӣ  гардонад.

Вазифаи асосии ҳуқуқ танзими рафтори одамон ташкилотҳо ва муносибатҳои байни онҳо мебошад. Яъне ҳуқуқ низоми қоидаҳои ба ҳама ҳатмии рафтор буда, аз тарафи давлат қабул муҷаррар ва тасдиқ карда мешавад ва муносибати муҳими ҷамъиятиро ба танзим медарорад.

Ҳуқуқ бо як қатор нишонаву аломатҳояш аз дигар қоидаҳои рафтор фарқ мекунад.

1.     Ҳуқуқ маҷмӯи қоидаҳои ҳатмии рафтори одамон мебошад. Вай аз меъёрҳои одоб ва ахлоқ, ки ихтиёран иҷро карда мешаванд, фарқ дорад.

2.     Ҳуқуқ низоми меъёрҳои ба ҳамаи шаҳрвандон сарфи назар аз миллату нажод, синну сол, мансабу вазифа баробар тааллуқ дорад. Ҳамаи онҳо ӯҳдадоранд, ки талаботи меъёрҳои ҳуқуқиро иҷро намояд.

Меъёри ҳуқуқ нишондоди ҳуқуқӣ мебошад, ки қоидаи рафтор, шартҳои иҷрои онро муқаррар мекунад.

 

Хонандаи синфи 8 Ҳасанзода Раҳимахон

Автор Школа № 24 (Б. Гафуров) 8 Articles
Официальный блог школы №24 Б. Гафуровского района

3 Комментарии

    • Хуб мешуд, агар онҳо фикри шахсии худро менавистанд. Ба хонанда на матни китоб, балки фикру ақидаи худи блоггер зарур аст!!!

      Агар имконият бошад, Ин Шаа Аллоҳ рафта, як семинарча оид ба блоггинг мегузаронем 🙂

Напишите свой комментарий