Ту биё, ба ҷашни Наврӯз!

Зи ғамат дубора имшаб ба ғазал паноҳ бурдам,
Ту бубин, ки ин шикоят ба суроғи моҳ бурдам.

Чу ғамат ба хонаи дил ба зиёди танг омад,
Мани беҳунар ту бингар ба ҳиҷои оҳ бурдам.

Ман аз ин ситоразорон, ки ба шаб ҳамекунад ноз,
Ба якин расидам охир, ки маҳам ба чоҳ бурдам.

Ба ҳамон нигоҳи аввал, ки ба шаҳри ишк мебурд,
Ки ба умри хеш онро чу дуои роҳ бурдам.

Ту бигӯ зи хилвати мо, ки садои тик-тикашро,
Ба садои ҳик-ҳики худ ба чӣ иштибоҳ бурдам.

Ту гарам ба ишкбозӣ дили худ баранда донӣ,
Магарам хабар надорӣ ки гаҳеву гоҳ бурдам?

Ту биё ба ҷашни Наврӯз, зи ғурури хеш бигзар,
Ва бигӯ, ки аклу ҳушро ба ҳамин нигоҳ бурдам.

(Первоначальный автор: Сурайё)

Оставьте первый комментарий

Напишите свой комментарий