Точикистонй = точик

   Дар мавриди «миллат» чандин донишмандон рисолаҳо навиштанд, нависандаҳо макола, таърихчиён пажуҳиш, фейсбукчиён баҳсҳои тулонй, аммо ҳануз ба як фикру хулоса нарасидаем..  
  Камина хостам назари худро ба навиштори ахири бародари гиромй Замониддин Насриддинов, ки зери номи «Метаморфизми миллати точик» дар Блогистон ва Озодй нашр шуд нависам ва дар натича ин назар ба дарозо кашид, ки лозим донистам онро ҳамчун пост инчо нашр намоям.
    
   Дар навбати аввал дар бобати «метис». 
    Огоз менамоям бо овардани як мисол.
  Холо дар Русия руси тоза ёфтан мушкил аст. Хамааш бо ҳархел миллатҳо омехта шудаанд, аммо худро бо сари баланд РУС меноманд. 
 Оё нафаре бо боварии комил гуфта метавонад, ки дар Точикистон точикони тоза бисёранд? Хатто дар деҳаҳои дурдасти куҳй нафароне мегуфтанд, ки бобокалонашон аз Багдод омадааст. Фикр намекунед, ки баръакс ин омилҳо миллатро тоза менамоянд?
   Агар доир ба тозаву зебошавии миллати Туркия пажуҳиши хурдакаке барои худ анчом диҳед, хоҳед дарёфт, ки маҳз «метис»-шавй онҳоро наву зебо кард. Чехраи бонуи турки Туркия дигар чашмхои борику танг нест.
    Ва боз бармегардем ба Русия. Имрузҳо бештар муҳочирони шарксурати зебо бо бонувони рус оила барпо менамоянд. Хам аз Точикистони мо ва ҳам аз давлатҳои Кавкоз. Боварй дорам, як-ду даҳсола пас рамзи миллати рус, ки сафеду зардинамуй аст дигар хоҳад шуд. 
   Мухим он аст, ки масалан фарзанд дар фазои дорои ҳисси баланди миллидошта тарбия ёбад ва руҳияи баланди ватанпарастй дошта бошад. Масалан набераву абераҳои ҳамон араби багдодие, ки дар боло гуфтам имруз худро точики тоза меҳисобанд. 
   ҳар фарди точикистонй ҳак дорад худро точик шуморад. 
   Ва вожаи «точик»-ро, тавре бояд маънй дод, ки он шаҳрванди Точикистон буданро фаҳмонад, на як кавми алоҳида. Ин тарзи бархурд дар Амрико ва Русия бо муваффакият ноил шудааст. Имруз вожаҳои «Росиянин» ва «рус» кариб ҳаммаъно шудаанд.
  Дар Амрико бошад намояндаи ҳамаи миллатҳо худро бо фахр амрикои меҳисобад.
   Аммо таърихчиёни мо точикбудан ва  точикшуданро ба ҳоле расонданд, ки майдамиллатхои дохиликишвар чорае чуз аз худогоҳии миллии худ надоранд. Номи ин хидматро «хирсона» гуфтан мумкин аст. 
    Дар бобати миллати мусалмон будан бояд гуфт, ки вожаи «миллат»-ро ҳам ба маънои дин ва ҳам ба маънои халкият фаҳмидан мумкин аст.
  Империяву хилофатҳое, ки барояшон миллати мусалмон вучуд дошт, пош хурданд. Давлатчаҳои хурду калон ба вучуд омаданд. Ва имруз ҳар яки ин давлатҳо аз халкияту кабилае миллаташро ном ниҳод ва албатта бо он мекушанд, ки дар чомеа ҳисси худшиносии миллиашон пойбарчо бошад.  Бинобар ин мо набояд миллатро бо дин даромехта ба мавчудияти  Давлат хатар ворид намоем.
Точик ин ҳамон точикистонист, сарфи назар аз дину оину мазхабу нажодаш.
  Ин андешаи каминаи андакхонда буд ва ҳак доред онро напазиред.

3 Комментарии

  1. Коваи азиз, фикратон ва чавобатон хее чолиб аст!
    Метисшавии миллати рус окибат варо нест мекунад, дигар кардан он тараф истад.
    Аз таърих метавонед огох шавед, ки туркхо хама занхо зебои аврупо ва хусусан Арманистонро бо худ бурда дар Ватани худ худро «обновить» карданд, на инки ба мухочират рафтанд тухми худро кориданду бо сабабхое он фарзандон дар чомеаи дигар ба воя расиданду дигар шуданд.
    Кова Шумо дуруст гуфтед мухим он аст. ки дар мухити фарогири механпарастиву неку ба воя расанд, аммо то дарачае холи чунин мухитхо тамоман дигар аст.
    Бале як гурух ба ном таърихчиён моро хуб муаррифи кардан натавониста истодаанд.
    Дар хусуси арабхои Багдод хурдро точик гуфтанашон — Шумо гуфтахои Замониддинро гуфтаед факат дар мисоли метаморфизми арабй — ё не? Чунки арабхо низ куч бастан два точик шуданд — араб намонданд! Агар точикон низ ба дигарчо барои хамешаги такрор мекунам чуноне, ки дар он макола кайд шудааст — барои хамешаги тарки Точикистон кунед, пас нест хохед шуд, яъне амрикоиву русу ягон миллати дигар хохед шуд. Ва он метисхои арабу точик хама точик шудаанд — на араб мондаанд!!!
    Аммо чангхои иттиллотй, низ ки хар руз мераванд, дида истодаед ба мо чи гуна таъсир расонида истодаанд.
    Дар мавриди дини ислом — ин дини бузург ба хеч вачхе ягон миллатро эътироф намекунад, харчанд ривоятхо хастанд, ки паёмбари Бузургамон ба миллати форс паёми хуше додаанд ва номан фарзандони Форс гуфтаанд(агар нодруст бошад ин ривоят Худо маро бахшад)

  2. Кова ба Шумо ихлос дорам!
    Сипос, ки вакти худро дарег надошта, ба мавзуъ фикри худро навиштаед.
    Дигар чизро иловатан мерасонам, масъалаи «метис» ё хушру кардану тоза кардани миллати точик ба дигар рох осонтар ба даст меояд. Ин рох чунин аст: Бигузор дар Точикистон чанубихо ба шимолихо, ва амсоли он гарбихо ба шаркиён ва омехтатар шарку шимол чанубу гарб доду гирифти духтару писарро кунанд — мебинед Точикон хамаашон тозаву зебову мутаххиду хешу табор шудаанд. Ин расм дар Точикистон ба 0,01% баробар аст. Медонам, ки хатто мисол ба кишлоки дигар точикон духтар додан намехоханд, пас чигуна мо нав мешавем.
    Агар аз ин тарик мо тозаву навшавиро огоз кунем, аз тарафи дигар фарзандон дар мухити точики ва Точикистон ба воя расида, онро барои хамешаги хифзшуда нигох медоранд.
    Дар хусуси мухит накши бузург мебозад боз худи мухит — мухит бояд фарохам бошад ва хоси миллат бошад, дар дигар холатхо дар кадом мухите ба воя расед он мухит ба шумо таъсир мерасонад — хох хубаст хох бад.
    Бале хеле хуб мешуд, хама Точикистонихо аз точику Точикистони будан ор накунанд, мутаасифона пас хамлахои иттиллотй, хато то дарачае точикон аз точик буданашон пушаймон шудаанд, боз дигар кавму миллатхо як тараф истанд.
    Умуман дар Точикистон ба андешаи банда бархурд бо дигар миллатон хубаст ва онхо беасос худро норохат хис мекунанд.
    Дар бисёр мавридхо Шумо дуруст фикрони кардаед.
    Хам бародари болои чизи хубе навиштааст бароятон, яъне Шумо метаморфизми арабиро шарх додаед, фикран ман точикиро навиштаам, ки бо гузашти солхо фарзандони мо низ мегуянд — мо аз Точикистон омадаем, вале мо худро рус/англис…-и тоза хисоб мекунем. Ба монанди ин арабхо, ки худро точик хисоб мекунанд.

  3. Саломат бошед Нигох ва Замониддин.
    Замониддин, камии додугирифти шарку гарб ва шимолу чанубро мисол овардед. Акнун якбор андешед, ки сабаби он чист.
    Магар яке аз сабабҳояш маҳз тарси «метаморфизм» нашудани махал нест? Дар инчо низ кушиши гуё тоза нигох доштани насл сабаб аст. Фахри мазхаби байни гарбу шарк ва фахри аз андоза беруни миллй байни шимолу чануб омехташавиро кам ва кариб катъ кардааст.
    Сарчашмаи хамааш камдонишй ва бесаводии чомеа аст.
    Дар масъалаи он ки точике ба Русия рафту рус шуд, ё дар Англия англис — хуш ба холи идеологияи миллии он давлат, ки тавонист.
    Фикр мекунед, ки масалан зидди миллатшавии русхо ё англисхо чангхои иттилоотй вучуд надошт ё надорад? Вучуд дошт ва дорад, аммо аклу заковати давлатдоронашон дурбин ва чораандешанд.
    Дар расонахо гила мекунанд, ки мардумро мачбур карданд то паёми президент бубинанд. Харчанд ин шояд ба максади интихобот буд, вале сахми худро дар баланд бардоштани хисси миллй гузошт.
    20 сол аст, ки тв-хои давлатй даххо раисро иваз мекунанду аммо наметавонанд тамошобинро чалб намоянд. Хол он ки аз нисф зиёди ахолй аз интернет дуранду манбаи иттилооти онхо махз ТВ аст. Бо истифода аз он хукумат метавонист ва метавонад миллати моро созад. Аммо афсус шахсони тасодуфй дар шабакахо пайдо шуда, хосту хохиши давлат ва президентро дар мавриди худогохии миллй ичро карда наметавонанд.
    Инчо метавон доири миллати арман низ мисол овард..
    Хулоса, миллат ин шаробу май нест, ки ҳар кадар куҳна шавад кавй гардад, балки оби равонест, ки ба ҳар сангу харсанг зада аз он минералхои шифобахшро мегирад ва «оби равон пас аз ҳафт гел» поку тоза аст.
    Тавони фаҳмиши камина дар ин мавзуъ ба ҳаминак андоза аст.

Напишите свой комментарий