ТИФЛИ НАШЪАМАНД

ТИФЛИ НАВЗОД ХЕЧ АЗ ГИРЯ КАРДАН НАМЕМОНД. БЕИСТ АРРОС МЕЗАДУ ДИГАР МОДАРОНИ НАВЗОДАРО БЕСАРАНЧОМ МЕСОХТ. ДУХТУРИ НАВБАТДОР ЗАНХОИ ПАЛАТАРО ИЛТИМОС КАРД, КИ КУДАКИ БЕГУНОХРО , КИ БАЪДИ ТАВЛИДАШ МОДАРАШ ПИНХОНИ ПАРТОФТА ГУРЕХТА РАФТААСТ, МАКОНАНД. ВАЛЕ КАСЕ ИН ТИФЛИ БЕСОХИБРО МАКОНДАН НАМЕХОСТ. ДИЛИ ЗАНЕ СУХТУ УРО МАКОНДАНИ ШУД. АММО КУДАК СИНАИ УРО НАГИРИФТ. ДОД МЕГУФТУ ХЕЧ ОРОМ НАМЕШУД. ГУЁ АЗ БА ДУНЕИ РУШАН ОМАДАНАШ ПУШАЙМОНИАШРО НИШОН МЕДОД. ДУХТУРИ НАВБАТДОР , КИ АЛЛАКАЙ ХАНГОМИ ЧАВОНЗАНИ ЗАРДИНАИ ТАХМИНАН 28-29 СОЛАРО ДАР ХОЛАТИ БЕХУШИ ОВАРДАН ПАЙ БУРДА БУД, КИ ЗАНАК НАШЪАМАНД АСТ, ЗУД ТИФЛРО ГИРИФТА БА УТОКИ АЛОХИДА БУРД. ДИЛАШ СИП СИЁХ ШУДА ХУД ГУФТ: НАХОД КУДАК БО АЛОМАТИ НАШЪАМАНДИ ТАВЛИД ЁФТА БОШАД? ТИФЛ БЕИСТ ПОЧАК МЕЗАД. БА ЁД ОВАРД, КИ ЧИ ХЕЛ ЗАН БАЪДИ ТАВЛИДИ КУДАК ИЛТИЧОЯШ КАРД, КИ БАРОЯШ СИГОР БИЕРАД. СИГОРРО ХОЛИ КАРДУ ХАРИСОНА БА КАШИДАН ДАРОМАД. ТИФЛ НИЗ БАЪДИ СИНАИ МОДАРРО МАКИДАН ОРОМ ШУДУ БА ХОБИ ШИРИН РАФТ.
НИЗОРА ХАНГОМИ ДАР РУСИЯ БУДАНАШ БА ЧАВОНИ ОЗАРИЕ ДИЛ БАСТУ ХАМОН ВАКТ БА КАШИДАНИ БАНГУ ДИГАР МАВОДХОИ МУХАДДИР ОГОЗ КАРДА БУД. ЧАВОНИ ОЗАРИ ХУД НАШЪАЧАЛЛОБ БУДУ УРО ХАМ ФАКАТ БАРОИ ТИЧОРАТИ ИФЛОСАШ ИСТИФОДА МЕБУРД. АММО НИЗОРА ГУМОН ДОШТ, КИ ЧАВОН УРО САМИМИ ДУСТ МЕДОРАД. АЗ КУЧО МЕДОНИСТ, КИ ИН ИШК НЕ, ЯК ХАВАСУ ИСТИФОДАБАРИЕСТ. РУЗЕ ЧАВОН МИКДОРИ НАВБАТИИ БОРАШРО ГИРИФТУ НИЗОРАРО ТАЪИН КАРД, КИ БУРДА БА ЯК ШИНОСАШОН ДАР ФУРУДГОХ РАСОНАД. НИЗОРА БЕХАБАР АЗ ОН КИ КАЙХО АЗ ПАСАШОН ОДАМ ШУДААСТУ ОНХОРО НАЗОРАТ МЕБАРАНД, БА ЧОЙИ ГУФТАГИИ ДУСТДОШТААШ РАФТ. ВАЛЕ ХАНГОМИ ДОДУГИРИФТИ МАВОДИ ГЕРОИН ОНХОРО ДАСТГИР КАРДАНДУ НИЗОРАРО БА ХУД БУРДАНД. ХАФТ СОЛИ АЗОБИ МАХБАС ПЕШИ РОХИ НАШЪАМАНДИИ НИЗОРАРО ГИРИФТА НАТАВОНИСТ. БА ОЗОДИ БАРОМАДУ БА ВАТАН БАРГАШТ. ДАР ТАРАБХОНАЕ БА ХАЙСИ ПЕШХИДМАТ БА КОР ДАРОМАД. ДАР ТАРАБХОНА БО САРОШПАЗ ОШНОИ ПАЙДО КАРДУ МУНОСИБАТИ МАХРАМОНАИ ОНХО ОГОЗ ГАРДИД. ВАЛЕ ДЕРЕ НАГУЗАШТА САРОШПАЗ АЗ У МУНОСИБАТХОЯШРО БАРКАНД. НИЗОРА БОЗ РУ БА НАШЪА ОВАРД. ГАМИ ДИЛАШРО БО ИСТЕЪМОЛИ ИН МАВОДИ ЗАХРНОК МЕБАРОВАРД. ПУЛИ ЁФТАГИАШ МАСРАФИ НАШЪА МЕГАРДИД. ХИС КАРД, КИ ДАР ВУЧУДАШ ДИГАРГУНИЕ РУХ ДОДААСТ. БА БЕМОРХОНА РАФТ. ТАШХИС МУАЙЯН КАРД, КИ У ПАНЧМОХА ТИФЛ ДОРАД. ХОСТ КИ ИСКОТИ ХАМЛ НАМОЯД. ВАЛЕ ДУХТУР ГУФТ, КИ ХЕЛЕ ДЕР ШУДААСТ. ОКИБАТАШ МАРГОВАР МЕБОШАД. БАРОИ ХАМИН НИЗОРА АЗ ИСКОТИ ХАМЛ ДАСТ КАШИДУ ТАВЛИДИ ТИФЛРО ИНТИЗОР ШУД. АММО ХАНГОМИ ДАВРАИ ХОМИЛАДОРИАШ НИЗ АЗ ИСТЕЪМОЛИ МАВОДХОИ МУХАДДИР ДАСТ НАКАШИД.
-ПАС, ДАР ДАВРАИ ХОМИЛАДОРИ ИН ЗАН ПАЙ ДАР ПАЙ МАВОДИ НАШЪАДОРРО ИСТЕЪМОЛ МЕКАРДААСТ, КИ ПИСАРАКАШ НИЗ БА ХАМИН ХОЛАТ ГИРИФТОР ШУДААСТ-ХУЛОСА БАРОВАРД ДУХТУРИ ТАЧРИБАДОР САНАМ МУХТОРОВА.
ОН РУЗ БО ЯК АЗОБ БА КУДАК ШИРИ СУНЪИРО ХУРОНИДАНД. ВАЛЕ ПАГОХАШ КАРИБИХОИ БЕГОХ ТИФЛ ХАНГОМИ БА ХАМИН ХОЛАТ ГИРИФТОР ШУДАН БА ХАЛОКАТ РАСИД. ХАЙРАТОВАРАШ ОН БУД, КИ ТИФЛ СУРАТАН БЕ НУКСОН БА ОЛАМ ОМАДА БОШАД ХАМ, МУБТАЛОИ НАШЪАМАНДИ БУД. АЗ ИСТЕЪМОЛИ ЗИЁДИ ОН ХАНУЗ ДАР БАТНИ МОДАР У БА ИН МАРГИ САФЕД ОДАТ КАРДА БУДААСТ. ЧИ ДАХШАТЕ. ПАС ЧИ БОЯД КАРД , ТО ДИГАР НАВРАСЕ, ЧАВОНЕ, ЗАНЕ БА ИН ВАБОИ АСР ГИРИФТОР НАГАРДАД. ЧИ БОЯД КАРД?

Добавить комментарий

Войти с помощью соцсетей 

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *