ТЕЛЕФОНХАРИИ МУХОЧИР

 

ОБИЛАИ ДАСТ-САРФИ ТЕЛЕФОН ВА ФАХШ

 

Ба ахволи он мард бояд гирист,

Ки сарфаш бувад нуздаху харч бист.

 

Хасанбой маоши мохонаашро, ки 15000 рубли Руссияро ташкил медихад, дар Маскав барои харчи телефонии мобили гаронбахо   масраф намуд, вале ба гуфти хамкоронаш дар муддати 6 мох ба волидайнаш боре хам маблаге нафиристодааст, Нафари дигаре, ки аз овардани номаш худдори менамоем, дар шахри Санкт Питербург савори мошини сабукрав мегардаду волидайнаш аз хисоби нафака карзи барои рохкиро гирифтаи уро пардохт менамоянд….

Рости, имруз рафтори бархе аз мухочирини хамватанро дида, кас ангушти хайрат мегазад.  Пушида нест, ки шароити пасти зиндаги ва вазъи  иктисоди бисёр чавонони  моро водор намуда, ки барои дарёфти кути лоямут ба мухочирати мехнати раванд, то он чо маблаге дарёфт намоянд. Дар чи холатхое ба даст оварда мешавад, ин маоши ночиз аксаран манзараи хузнангез ва сузи сина аст барои шахсе, ки онро аз наздик мебинад. Охир дар ин муддате ки ман дар Русия хастам, ин хама сузу созу нешу нушро бо чашмони худ дидаам.

Аммо мушкилии асосии масъала дар он аст, ки аксари чавонон, ин маблагхоро бехудаву бахуда истифода бурда, ба кадри обилаву мехнати худ намерасанд, хол он ки дар ватан волидайн ва наздикон ба камтарин маблаги фиристодаи онхо эхтиёчи бештаре доранд. Тибки омор аз 4 нафар мухочир 1 тоаш аз мухочирати мехнати бо дасти холи ва маблаги камтарин (гохо карздор шуда) бармегардад.Хамаруза барои истифодаи телефонхои мобили ба хисоби миёна як мухочир 56 рубли руссияро бехуда масраф менамояд, ки ин нишондод барои як мох 1680 рубли руси ё зиёда аз 50 доллари амрикои (бештар аз хадди акал дар Точикистон) мебошад.

Хамчунин, бисёр чавонони мухочири ватани ба хавову хавас дода шуда, либосхои гаронбахои гайримавсими ва ба иборае муд, мепушанд, ки онхо чавогуи таомули шарки набуда, боиси гайримаксаднок истифода бурдани маблагхои дар шароити сангин ба дастовардашуда мегардад. Аламовараш он аст, ки нишондоди камтарини мухочирони мехнатии ватани ба харидан ва мутолиаи матбуоти давраги ва китобхои бадеию публисисти ва амсоли он машгуланд. Мушохидахо нишон медиханд, ки баъзе чавонони мухочир ба чойи хайре, дастгирии падару модар ру ба фахшу фохишахонаи дар мавзеъи Русия чой дошта  меоранд. Ва маблаги халоли худро барои як лахзаина маишати беъмани сарф менамоянд. Чанде пештар чавоне бо номи Р. вакти барои ичозати кор хуччат супоридан хун месупораду хунаш вайрон яъне мубталои бемории СПИД мебарояд. Ин хама натичаи бепарвои нисбати пули халоли мехнатии хеш мебошад.Хар субх хангоми ба кор рафтан дар нохияи Адмиралтейский мушохида менамоям, ки чавонони мухочир дар ин кадар субхи солехон ба чойи тоату ибодат дар даст пиво лаби канали Фонтанка ба кавле «истирохат» менамоянд.

Муттаассифона, нишондоди ошноии мухочирони мехнати бо компутеру шабакаи байналмиллалии Интернет  ва технологияи муосир дар сатхи пасттарин карор дорад. Бо назардошти такозои замона хамкадам гаштани чавонони мо бо хаёти муосир ва сарфакоронаву максаднок истифода бурдани маошхои бо мехнати сангин ва дар пасттарин шароитхо ба дастовардашуда мувофики максад мебуд, ё Шумо андешаи дигаре доред, хонандагони азиз!

Шахлои Начмиддин,журналисти мустакил.

Санкт-Питербург- Маскав-Санкт- Питербург

 

1 Kомментарий

Напишите свой комментарий