ТЕЛЕФОНИ МОБИЛИ-ЗАРАР Ё ФОИДА?

ТЕЛЕФОНИ МОБИЛИ-ЗАРАР Ё ФОИДА?


Дар мухочират кисме аз чавонон пули мехнатии бо араки чабин ба даст омадаашонро сарфи машруботу сабуксабори ва бештар харидани телефонхои мобили мекунанд. Боре шохиди он гаштам, ки чавони мухочире аз нохияи Хисор маоши якмохаашро ки 16000 рубли русиро ташкил медод, сарфи харидани телефони мобилии гаронбахои Айфон намуд. Ба сару либоси у диккат кардам. Каси дидаги гумон мекард, ки бомжи бесарпанохест. Дар танаш як нимтанаи ифлоси чо-чо дарбех, туфлии кандаги буду дар даст телефони киммат чашмонаш барк мезаданд.


Хайрон пурсидамаш: -Додари гироми, номат чи?


-Хасанчон.


-Падару модар дори?


-Оре.


-Ба онхо кумак мекуни?


-Холо нав омадам ба Русия.


-Чаро бо ин маоши бо хуни чигар ба даст омадаат телефон хариди? Магар бехтар набуд ки аввал сару либоси оддии одамиёна хариву каме ба ватан ба модар бифристи ва дуои некашонро бигири?


-Е апа, ман кайхо боз дар орзуи чунин телефонам. Охир ман аз ки камам?


 


Тавба…сухани солим ба чунин ашхос фоидае надорад. Ана, яке аз сабабхои моро дар шахрхои Русия «чурка» гуфтан хамин тавр либоспушии ифлос мебошад. Охир тозаги як гушаи имондорист. Барои чи дар телевизионхои Русия вакте ки точики мухочиро ба навор мегиранд, хатман онеро ба навор мегузоранд, ки либосхояш мисли оворагардон аст. Хол он ки точикони бонангу баномусу шермарди миллат хеле зиёданд. Ё ин ки дар метрову чойхои чамъияти мухочиронр бо дар телефони мобили баланд-баланд гап заданашон зуд фарк кардан мумкин аст. Ончунон баъзе нафарон баланд гап мезананд,ки каси дидаги зуд пай мебарад, ки у одами мукими нест. Ё мисол, мохи гузашта шахрванди Точикистон дар шахри Питер хангоми бо телефони мобили намоишкорона аз ошёнаи шашум (дар дахани тиреза нишаста) гап задан якбора мефитаду сутунмухрааш сахт осеб мебинад. Холо ин чавони нодон дар беморхона табобат мегирад. Хангоми тарчумони суди буданам дар нохияи Приозерскийи шахри Питер шохиди чинояте шудам, ки ба телефони мобили сахт алокаманд аст. Шахрванди Точикистон , нохияи Куйбишев, Саидов Нурали, соли тавлидаш 1988, шабона баъди маошашро гирифтан ба тарабхонаи бошукухе рафта бо рафиконаш маишат мекунанд. Пули мехнатии бо араки чабин ба даст омадаро сарфи як лахзаина шаробнушиву ракс дар дискотека мекунад. Сипас масти шароб рохи хонаи ичораашро пеш мегирад. Дар рох духтараки ноболигеро мебинад, ки бо телефони мобили сухбаткунон пиёда рафта истодааст. Ногахони суйи у хучум карда бо лагад ба шиками у мезанад ва телефони мобилиашро дуздида мегурезад. Аммо баъди ду соат уро назди магозае масту аласт дармеёбанд. Исботи дуздиаш хамин телефони мобилии Надяи 16 сола буд. Дар сухбат у гирякунон гуфт, ки аз кори кардааш сахт пушаймон аст. Саидов Нурали 7 сол боз ба ватан наомада буд. Барои рабудани телефони мобилии арзишаш 100 доллари амрикои Саидов Нуралиро ба муддати 5 сол дар колонияи умуми махбас карданд. Телефони мобили -сабаби куштор Дар нохияи Вахдат соли гузашта куштори вахшатноке ба вукуъ омад. Бародаршу янгаашро сари гахвора бо корд реза-реза карда ба катл расонида буд. Сабаб: зан бо шавхараш ки дар мухочират буд, рузи дароз сухбат мекардааст. Пули фиристодаи шавхаро сарфи харидани телефони мобили карда бошад. Бародаршу гунохашро ба душ гирифта дар толори суд гуфт: ..Янгаам рузи дароз дар телефонаш наворхои беъманиро тамошо карда менишаст. Ба ягон кори хона даст намезад. Модарамро ки бемор аст, хатто як култ об намедод. Пули фиристодаи шавхар-додарам ки ягона хуранда дар оила ба хисоб мерафт, (бародаршу-маъюби дарачаи дуввум буд) сарфи пули симкартаву телефони киммат кард… Телефони мобили-сабаби хиёнат Дар хонаводаи тиллофуруши шахр гуё киемат бархест. Дар тамоми шахр гапи хонаи онхо буд. Ду келини хонавода ба шавхаронашон хиёнат карда ба замми ин дар хонаи хушдомани сарватмандашон накшаи дуздиро тархрези карда буданд. Дар толори суд хар ду келин ба гуноххояшон икрор шуда накл карданд, ки ба воситаи телефони мобили тасодуфан бо донишчуён Руслану Карим шинос шуда хамин тавр охиста-охиста бо хам наздик мешаванд. Хатто хар хафта ба назди онхо ба шахри Кургонтеппа рафта муносибатхои махрамона мекардаанд. Дар толори суд хардугирякунон аз шавхаронашон умеди бахшиш талбиданд. Аммо хардуро дар хамон чо талок карданд. Телефони мобили-сабаби чудои Имрузхо кисме аз модарон аз он шикоят доранд, ки келинхояшон ба телефони мобили овора ба кору тозагии хона ахамият намедиханд. Бешармона ба хона занг зада ба модару дигар хешовандон сири хонаи худро хабар мекашанд. Ё ба шавхар ба Русия занг зада беасос хушдоманро тухмат мекунанд. Ё дар телефон мусики гузаронида рузи дароз мусики гуш мекунанд. Табибони чахон аз зарари истифодаи телефони мобили аз чониби кудакону наврасон бонги изтироб мезананд. Ба дасти фарзандон додани телефони мобили хеле хатарнок аст барои саломатии эшон. Донишманди шведи Леннард Харделл пас аз тахкики чандинсола ба хулосае омадааст, ки агар кудакон аз 7-12 солаги ба истифодаи телефони мобили шуруъ намоянд, аллакай аз 21 солаги дар онхо нишонаи аввалини варами магзи сар мушохида мегардад. Дар баробари ин кобилияти шунавоии чунин кудакон низ кохиш меёбад.. Табибон мегуянд, ки дар истифодаи телефони мобили мухлати безарар нест, як сония хам ба андозае зарар дорад. Онхо таъкид мекунанд, ки ба хар хол мухлати умумии гуфтугуи телефони дар як руз барои хар як шахс набояд аз 15 дакика зиёд бошад. Ба наздики дар маъракаи занонае ширкат доштам .


Ногахон чашмам ба зани хеле ороста либос пушидае фитод, ки сари дастархон кудаки тахминан 4 солаашро шинонда ба шакли намоён ба дасти у телефони мобилии бадвохимаашро дода мегуфт: -Ин духтари ман аллакай телефонбоз шудааст. Кани духтарчон, музикаи Шабнама мон.. Ин манзара бароям хам хандаовар буду хам шигифтангез… Хочат ба баён набуд…


Шумо чи андеша доред?


Шахлои Начмиддин.

Оставьте первый комментарий

Напишите свой комментарий