Доир ба масъалаи бақайдгирии фаъолияти соҳибкорӣ дар манзили истиқоматӣ чанде пеш оиди ҳолати рухдода ҳангоми супоридани ҳуҷҷатҳо барои бақайдгирии фаъолияти соҳибкорӣ дар нозироти андоз навишта будам, дирӯз дар раёсати андози вилоятӣ бо сардори шӯъбаи бақайдгирии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ во хӯрдем ва дар масъалаи бе шартнома истифода бурдани манзили истиқоматӣ бо мақсади соҳибкорӣ чунин вариантҳоро пешниҳод карданд: 
1) соҳибмулк будан, яъне хона ба номи шумо шуданаш даркор;
2) рафта дар нотариус аз соҳибмулк иҷозатнома гирифтан, ки дар манзили истиқоматӣ фаъолияти соҳибкорӣ бурда мешавад;
3) аз кумитаи маҳалла маълумотнома гирифтан, ки дар суроғаи зист фаъолияти соҳибкорӣ бурда мешавад.
 
Ин хел иҷозатномаҳо аз 5 майи соли 2016 пас аз дохил шудани тағйироту иловаҳо ба Қонуни ҶТ «Дар бораи бақайдгирии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ» сар карда талаб шудаистодаанд, ки дар пункти 5-и моддаи 22 матни зерин илова шудааст: «нусхаи ҳуҷҷати тасдиқкунандаи маҳалли ҷойгиршавии (суроғаи) фаъолияти соҳибкории шахси воқеӣ бошад». Аниқ кадом ҳуҷҷат лекин дар қонун гуфта шудагӣ нест. Сардори шӯъбаи бақайдгирӣ инро фаҳмонданд, ки дар асоси тафсири қонуни бақайдгирӣ кадом ҳуҷҷатҳо шудан метавонанд оварда шудааст. Лекин боз дигар тарафи ин ҳолат ҳаст, ки ба фикрам гуфтан зарур аст, агар агар шартнома ё вариантҳои 2 ё 3 амалӣ шаванд, андоз аз молу мулки ғайриманқул то 2 маротиба зиёдтар супоридан лозим меояд. Дар охир сардори шуъбаи бакайдгирии вилоятӣ хоҳиш карданд, ки пости санаи 13-ум мондагиямро удалить кунам, барои ҳамин удалить кардам, зеро дар ҳақиқат чанд шахсони дигаре, ки умуман ба ман зарар нарасондаанд зарар дидан метавонанд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.