ТАШНАИ ХАФТАНОМАИ ТОЧИКИ

Дардрезахои шахри хичрат….

Алишер имруз субх барвакт аз хоб бедор шуда кимчи хел афсурдагиеро дар вучуди худ эхсос намуд. Ба хамрохони дигараш нигох карду зери лаб гуфт:
-Дилам накашида истодааст. Ким чи хел сарам дард карда истодааст. Аз ун хафта боз ба худ намеоям. Хамон часади дар чангал ёфташудаи Собирро хеч аз хотирам бароварда наметавонам. (ду хафта пештар яке аз чурахояш дар бинои баландошёна хангоми кори сохтмони ногахон аз баланди сарозер мефитаду хамон замон ба халокат мерасад) Алишер баъди дидани часади сип-сиёх гаштаи дусташ хеч ба худ омада наметавонист. Имруз бошад худаш ким чи хел фусурдаву ранчур буд. Ба кор рафтан намехост. Аммо мачбур буд ки бехолу бемадор рохи сохтмонро пеш бигирад. Чунки пасфардо сохиби корхона гирифтани маошхояшонро ваъда кард. Алишер ба сохтмон омаду аз паси сварка шуд. Соате пас нокилхои баркгузар як бора равшан шуданду кувваи ноаёне Алишерро ба худ кашид. Марг хатто напурсид ки Алишери гурамарг чи орзуе чи сухани вопасине дорад. Якбора тани гармаш аз рух чудо шуд. 
  Рафтанд хубони чахон бо нола аз дасти ачал,
  Барнову пиру нотавон бо нола аз дасти ачал
  Рафтанд аз боги чахон Искандару шоханшахон
  Чамшеду Доро ногахон , бо нола аз дасти ачал.
   
 

ТАШНАИ ХАФТАНОМАИ ТОЧИКИ

Гулсара мевачоти овардаи сохиби ошхонаро бодиккат аз назар гузаронида чобачо намуд. Богоче ки дарунаш бихи чинда шуда буд, когази китоб партофта шуда ба назар бараъло менамуд. Мевачоти аз дигар мамлакатхо омада покизаву зебо бо когази махсус чинда шуда буд. Вале мевачоти аз Точикистон омада бо когази китоб ороста шуда буд. Гулсара хам шуду когазхоро гирифт. Хати точикии хоно чашмони пазмонии ватанашро рабуд. Гиря гулугираш намуд. 10 сол аст ки дар шахри Питер сарсону саргардон гохе дар ошхона гохе дар бозор ба савдо машгул шуда пули хона чамъ карда истодааст. 
…Ох хати точики… китоби геометрия будааст ку…ачиб дилам якбора барои хоки ватан гум зад. Аккалан ягон хафтаномаи точикие нест ки мо мардуми мухочир онро хонда лаззат бубарем. Афсус……………Ин диаспораву ширкатхои мухочират заррае рахму инсоф надоранд. У когазхои китоби дарсиро чамъ карду ба сумкааш андохт.

  Самолоёти хавои очачонама биёри
Фариза худ зодаи шахри Вахдат асту тули 8 сол боз дар шахри Питер ба кор банд шуда мондааст. Кораш аз аввал омад карду дар заводе ба хайси бригадир ба фаъолият шуруъ намуд. То имруз у бо маоши ночиз хам бошад хаминчо кор мекунад. Аз маош ба хонаи ичора, хурду хурокаш ва барои фиристодан эхтиёт карда сарф месозад. Пули хона чамъ дорад. Аз таънаи наздикон ба хотири 4 фарзандони партофта омадааш пули хона гун дорад. Холо боз 3 соли дигар хамин тавр сангин кор кунад шояд ,ана баъд рафта аз Душанбе хона харад. 
Пазмони кудакони дуструяш шудааст. Ох дарди мухочират…агар солхои пешин мардхо ба мардикори раванд, имруз занхои точик сарсону саргардонанд. Имруз кудакони точик агар хавопаймоеро бубинанд, бо пазмони месароянд:
Самолёти хавои, очачонма биери……….
ШАХЛОИ НАЧМИДДИН
   

Добавить комментарий

Войти с помощью соцсетей 

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *