Ташкилоти ҷамъиятии “Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ”

 

Ташкилоти ҷамъиятии “Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ” дорои мақоми ҷумҳуриявӣ буда соли 2013 дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз қайди давлатӣ гузаштааст. Ташкилот яке аз пешқадамтарин ташкилотҳои ҷамъиятии ҷумҳуриявиест, ки дар самти ҳифзи ҳуқуқ фаъолият мебарад ва ягона ташкилоти ҷамъиятиест, ки дар миқёси Осиёи Марказӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқи даъватшавандагон ва хизматчиёни ҳарбӣ машғул аст. Дар муддати наонқадар тӯлонии фаъолияташ ба ташкилот муяссар гашт, ки ба як қатор муваффақиятҳо ноил гардад. Сабаби пешрафти ташкилот аз он иборат мебошад, ки дар он мутахассисони кордони соҳа ҷамъ омадаанд. Баъди чанд муддат аъзоёни ташкилот зарур донистанд, ки ташкилот бояд филиалҳои худро дошта бошад ва ин сабаб гашт, ки дар шимоли кишварамон таърихи 16 июни соли 2016 Филиали ТҶ «Дафтари озодиҳои  шаҳрвандӣ» дар вилояти Суғд дар шаҳри Хуҷанд ба қайди давлатӣ гирифта шуда, ба фаъолият шуруъ намуд.

Ташкилот дар доираи фаъолияти худ ба даъватшавандагон ва хизматчиёни ҳарбӣ машваратҳои ҳуқуқии ройгон пешниҳод намуда, дар суд ва дигар мақомоти давлатӣ ҳуқуқ ва манфиатҳои онҳоро намояндагӣ мекунад, ки он аз тарафи ҳуқуқшиносон ва ҳимоятгарони баландихтисос таъмин карда мешавад. Ҳамзамон машваратҳои ҳуқуқӣ тариқи телефонҳои боварӣ барои даъватшавандагон, хизматчиёни ҳарбӣ ва аҳли оилаи онҳо пешниҳод карда мешаванд.

Ташкилот баҳри пешрафти ҷомеа ва расидан ба мақсадҳои оинномавии худ бо Вазорати адлия, Вазорати мудофиа, Прокуратура, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ва дигар мақомоту ташкилотҳо ҳамкории зич дорад.

Коршиносони ташкилот боварии комил доранд, ки Артиш бояд институте бошад, ки ҳуқуқи инсонро эҳтиром ва ҳифз намуда, баҳри амалишавии он мубориза барад. Хизматчии ҳарбие, ки ҳуқуқу озодиҳои худи ӯ риоя намешаванд, наметавонад ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандони дигарро эҳтиром ва ҳимоя намояд.

Добавить комментарий

Войти с помощью соцсетей 

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *