Аҳмад Бобоқулов (17 январи 1931 — 18 майи 1990) — сарояндаи тоҷик (овозаш тенори лирикӣ ва драмавӣ). Устоди «Шашмақом», Ҳунарпешаи халқии ҶШС Тоҷикистон (1971). Ҳунарпешаи халқии СССР (1971), профессор (1977), дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ (1966)  

1 Зиндагинома

Аҳмад Бобоқулов 17 январи 1931 дар Душанбе дар оилаи Ҳофизи халқии Тоҷикистон Бобоқул Файзуллоев ба дунё омадааст. Аҳмад Бобоқулов баъди хатми мактаби миёна соли 1949 ба Консерваторияи Москва дохил шуда, шуъбаи вокал (1954) ва соли 1962 аспирантураи назди Консерваторияи Москваро (назди дотсент В. Карин) хатм кардааст. Солҳои 1954—1956 ва 1966 солисти Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ, 1956—1966 солисти Филармонияи давлатии Тоҷикистон. Аз соли 1967 дотсент ва мудири кафедраи вокали факултаи санъати Институти педагогии Душанбе (аз 1973 — Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода). Аз соли 1976 профессори факултаи вокал ва театри операвии Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода. Ӯ соли 1990 дар Душанбе вафот кардааст.

2 Эҷодиёт

Ария ва романсу сурудҳоро самимӣ ва бо ҳиссиёти баланд иҷро мекард. Аҳмад Бобоқулов дар операҳои композиторони тоҷик, классикони рус, хориҷӣ ва шуравӣ партияҳои гуногунро иҷро намуда, барои равнақи санъати операвии тоҷик хизмати босазое гузоштааст.

3 «Республикаи ман»

Яке аз беҳтарин сурудҳои Аҳмад Бобоқулов «Республикаи ман» мебошад. Муаллифи суруд Шарофиддин Сайфиддинов дар бораи маҳорати овозхонии Аҳмад Бобоқулов чунин гуфтааст:

Оҳанги сурудро (муаллифони шеър Боқи Раҳимзода ва Муҳиддин Фарҳат) ман навиштам ва онро Аҳмад Бобоқулов иҷро намуд. Суруд барои ӯ навишта шуда буд ва ман ба овози ӯ такӣя карда оҳангашро эҷод намудам. Ман бо муаллифон сурудро 5-6 маротиба азнав кор карда бароварда будем. Сурудро А. Бобоқулов бо маҳорати баланд сароидааст ва касе аз овозхонон, ҳоло ингуна бомаҳорати баланд сурудхонӣ накардааст

4 Нақшҳои саҳнавӣ

  • Каварадосси («Тоска»-и Ҷ. Пуччини, 1970),
  • Канио («Масхарабозҳо»-и Р. Леонкавалло, 1967),
  • Синодал («Азозил»-и А. Т. Рубинштейн, 1967),
  • Содиқ («Бозгашт»-и Ёқуб Сабзанов, 1967),
  • Замон («Домоди номдор»-и С. Урбах, 1969),
  • Хуршед, Мадан («Духтаре аз Душанбе», 1968 ва «Комде ва Мадан»-и Зиёдулло Шаҳидӣ, 1966),
  • Рӯдакӣ, («Рӯдакӣ»-и Шарофиддин Сайфиддинов, 1976),
  • Водемон («Иоланта»-и П. Чайковский , 1976) ва ғ.

Дар санъати операи миллӣ ва ҷаҳонӣ Аҳмад Бобоқулов партияҳои мураккабӯ муассирро аз операҳои С.Баласанян «Бахтиёр ва Ниссо» (1954, Бахтиёр), А.Рубинштейн «Иблис» (1955, Синодал), Ш.Сайфиддинов «Пӯлод ва Гулрӯ» (1957, Пӯлод), Я.Сабзанов «Бозгашт» (1967, Содиқ), З.Шаҳидӣ «Духтаре аз Душанбе» (1967, Хуршед), Р.Леонковало (1967, «Ширинкорон» Канио), С.Урбах «Домоди сохта» (1968, Замон), З.Шаҳидӣ «Комде ва Мадан»(1964, Мадан), Ҷ.Пуччини «Тоска» (1970, Каварадоси), Ш.Сайфиддинов «Рӯдакӣ» (1976, Рӯдакӣ), «Айнӣ» (1983, Айнӣ) ва ғ. иҷро карда, дар вусъати ҳунари иҷроии ин со-лҳо як таҳввулоти муассире ворид кардааст.

Маҳорати иҷроии Аҳмад Бобоқулов дар талқини мероси мусиқии мардумӣ, классикии тоҷик «Шашма-қом» падидаи нотакрор буда, сирру ниҳодҳои иҷроии овозхонии суннатиро аз падараш, донан-даи бузург Ф. Шаҳобов омӯхта, дар фаъолияти овозхониаш бо тозаҳунарӣ истифодаю такмил додааст. Б. А. дар ҷараёни кор ва иҷрогариаш дар дастаи ансамбли мақомхонии Кумитаи радио ва телевизион бо сарояндагон имконот, таҷриба, маҳорати муассири иҷроию эҷодиашро омӯзонида, шохаҳои муҳими созию овозии «Шашмақом»- ро барои хазинаи тиллоии тоҷик сабт намуда, инчунин сулолаи нави хонандагони мусиқии касбӣ ва касбии суннатиро тарбия кардааст. Овозхонони хушмизроби тоҷик Б.Муҳаммадкулов, Ш.Матмуродов, А. Атоуллоев ва дигарон аз Б. А. ҳунари асили овозхониро омӯхтаанд. Ӯ инчунин мусаннифи чанд дастури омӯзишӣ барои овозхонони ҷавон, дарёфти нозукиҳои сирҳои хоси санъати овозхонии устодона («Асарҳои вокалии жанрҳои гуногун барои овози тенор», баргузида, Душ., 1976) аст. Фаъолияти иҷроии Аҳмад Бобоқулов хеле рангин буда, ӯ бо барномаҳои консертӣ ба шаҳру вилоёти Иттифоқи советӣ, мамолики Шарқу Ғарб — Эрон, Афғонистон, Канада, Австрия, Олмон, Покистон, Ҳиндустон, Индонезия ва ғ. сафарҳои ҳунарӣ намуда, дастоварду рангомезиҳои хоси мусиқии тоҷиконро муаррафӣ кардааст. Барои хидматҳои шоистааш дар рушди санъати иҷроии тоҷик Б. А. бо Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Рӯдакӣ (1966), Борбад (1990), Орденҳои Ленин, Байрақи Сурхи Меҳнат, вакили анҷуманҳои 16, 17, 18 — ПК Тоҷикистон, узви комиссияи тафтишотии КМ ПК Тоҷикистон (1966-85), иш-тирокдори се симпозиуми байналмилалии мусиқишиносӣ (Самарқанд, 1978, 1983,1987), фестивал ва симпозиуми ҷаҳонии мусиқӣ ба ифтиҳори 1400-мини зодрӯзи Борбад, даҳҳо рӯзҳои адабиёт, ҳунар, фарҳанги тоҷик дар Ҷумҳуриҳои собиқ шуравӣ, мамолики хориҷист.[2] Ӯ ҳамчун иҷрокунандаи асарҳои вокалии композиторони тоҷику рус ва халқҳои ҷумҳуриҳои Иттиҳоди Шуравӣ, сурудҳои халқии тоҷикӣ низ машҳур буд. Аҳмад Бобоқулов чун сарояндаи «Шашмақом» қобилияти баланд дошт, овозаш баланду беғубор ва форам садо медод. Махсусан сурудҳои «Ушшоқи Самарқанд», «Дугоҳ», «Қашқарчаи Муғулчаи Дугоҳ», «Ироқ», суруди халқии «Ғарибӣ» ва ғ.-ро самимона месароид. Бобоқулов роҳбари бадеии Ансамбли мақомхонони Комитети давлатии Совети Вазирони ҶШС Тоҷикистон оид ба телевизион ва радиошунавонӣ буд. Вай ба ҳофизони ансамбли мақомхонон қисматҳои алоҳидаи мақомҳоро омӯзонида, анъанаҳои устодони «Шашмақом» Бобоқул Файзуллоев, Шоҳназар Соҳибов ва Фазлиддин Шаҳобовро давом дода, сурудҳои классикиро бо маҳорати бениҳоят баланд иҷро мекард.

Аҳмад Бобоқулов муаллифи китоби «Асарҳои вокалии жанрҳои гуногун барои овози тенор. Хрестоматия», — Душанбе, 1976 мебошад. Фитаҳо ва наврҳои гуногун бо садои овози Аҳмад Бобоқулов дар бойгонии Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва киностудияи «Тоҷикфилм» нигоҳ дошта шудаанд.

5 Мукофоту ҷоиза

  • ордени Ленин,
  • ордени Байрақи Сурхи Меҳнат
  • ва медалҳо мукофотонида шудааст.
  • Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ (1966).[3]

6 Эзоҳ

  1. Jump up История одной песни
  2. Jump up Донишномаи Шашмақом./Зери таҳрири Олимов К., Абдувалиев А., Азизӣ Ф., Раҷабов А., Ҳакимов Н. — Душанбе, 2009. — с. 43-44 ISBN 978-99947-49-13-3
  3. Jump up Энциклопедияи советии тоҷик. Ҷилди I. — Душанбе, 1978. — С. 467.

7 Адабиёт

  • Народные артисты СССР. В 2-х тт. / Авторы-составители М. В. Музалевский и В. Л. Иванов. — М.: РИЦ «Кавалер», 2007.
  • Энциклопедияи советии тоҷик. Ҷилди I. — Душанбе, 1978. — С. 46
Предыдущая статья«Модный таджик»
Следующая статьяДиско шоу на колесах
Доцент Российско-Таджикского (славянского) университета В прошлом: работал в Таджикском национальном университете, Институте предпринимательства и сервиса, в ТГМУ, ТАУ и ТГИИ в г. Душанбе (Таджикистан). Профессия - историк,

Что вы думаете об этом?