ТАКДИРИ «ЗАНХОИ ТАХТАБАНД»…

 

Занхои «тахтабанд» ва ё хамсарони  мухочирон дар чи холатанд?

Имрузхо мавзуъи мухочират яке аз догхои руз гардида  кариб ки кулли хонаводаи точик аз пахлухои манфиву мусбати он бохабаранд. Бахусус дар дехоти кишвар аз хар як хонавода нафаре айни замон дар мухочирати кори дар Русия аст. Мухочирати кори имруз ба се кисм чудо мешавад.

1.Мухочирати оилави

2.Мухочирати  марди хонавода

3.Мухочирати зани хонавода

Вале аз хама ташвишовараш он аст, ки занхои танхомонда аз хисоби мардхои ба мухочират рафта дар саросари чумхури хеле зиёд аст. 80 фоизи занхо имруз бо сабаби мухочирати шавхар танхоянд. Аммо танхоии   онхо хам чандин сабаб дорад.

1.Мардхое ки рафта дар мардикори зани дигар гирифтаанд ва дигар ёди зану фарзандони дар ватан бударо намекунанд.

2.Мардхое, ки бо сабабе дар мухочират якбора беному нишон гум шудаанд  ва то хол занхои онхо дар ватан мунтазири шавхар хастанд.

3.Мардхое, ки солхои сол дар Русия сохиби кору хонаводаи дигар гардида гох-гох ба хамсарони худ пул мефиристанд, аммо солхои зиёд ба назди зану фарзандони худ наомадаанд.(Хол он ки дар ислом омадааст:мард бояд аз зани худ дурудароз чудо нашавад)

Гурухи занхои ба ин хол гирифтор миёни дарё тахтабанд намедонанд, ки аробаи зиндагии душворро чи тавр чарх занонанд. Ин чо ман зиндагии як рузаи хамсари (марди мухочиреро ки имрузхо дар шахри Свердловски ФР кору зиндаги дорад) барои шумо тасвир месозам. Худ пеши назар тасаввур карда андешаатонро иброз доред.

Гулсара Х. зодаи нохияи Вахдат, дехаи Тангаи, 49 сола, сохиби 7 фарзанд. Чор духтар ва се писар. Шавхараш   Солех  муддати 9 сол аст, ки дар шахри Свердловск кор мекунад. Тули ин 9 сол хамаги ду бор пул фиристодааст ба маблаги 5000 рубли руси. Дигар на хате буду на хабаре. Гулсара 7 кудаки кучакро худ тарбия карда ба воя расонида истодааст. Гулсара дар колхоз кор мекунад, ба замми  ин дар беморхона фаррош аст. Чамъулчамъ бо маблаги 456 сомони зиндагиашро пеш бурда истодааст. Се сол пештар хабар омада буд, ки шавхарашро гуё гурухи номаълуме дошта зада маъюб кардаанд ва у аз харду пойхояш махрум гардидааст. Аммо баъдтар хешони Гулсара уро дар Русия сихату саломат дарёфта гиребон гирифтанд. Имсол бошад Солех занг зада ба Гулсара гуфт, ки холо хам он чо  бо шиносномаи давраи СССР гаштааст ва омада наметавонад ба ватан.

Соати 5.00 Гулсара аз хоб мехезаду баъди намозро ба чо овардан барои кудаконаш аз орди чугори каме  загора мепазад барои сахархурак. Баъд ба чониби беморхона медавад барои полшуйи.

Соати 11.00 ба колхоз омада то соати 18.00 замин побел мекунад.

Соати 18.00 ба хона баргашта бо кудаконаш барои хуроки бегохи ягон чиз тайёр мекунанд. Онхо харгиз хуроки нисфирузи тайёр намекунанд, чунки махсулоти зиёдати надоранд. 7 фарзандаш хама мактабхонанд. Яке пойафзоли дигареро мепушад бо навбат. Чунки се нафар сахарихонанду чор нафар нисфирузи мактаб мераванд.

Гулсара дар сухбат бо ман гуфт, ки аз чунин такдире, ки «на зани танхо асту на зани шавхардор» безор шудааст.

Дар хакикат, сафи чунин занхои ба ном шавхардор дар кишвар хеле зиёд шудааст. Агар раваду барои Гулсара баринхо хуччате даркор шавад, сарсон мегардад, охир имзои шавхар лозим меояд. Дар чунин лахзахо хамсарони шавхаронашон мухочир сарсону саргардон мешаванд.

Масалан Замира Н. мехост ки барои фарзандонаш кумаки модди аз ширкати хоричие бигирад. Вале он чо хангоми хуччатгузори талаб карданд, ки хати акди никохи расми ва имзои шавхарашро хозир созад. Шавхари Замира бошад муддати 3 сол боз беному нишон гум шуда буд ва Замира намедонист ки аз кучо чунин хуччат барои дар хакикаи гум шудани шавхараш гирад.

Ё ин ки Зухро Ф. зодаи нохияи Файзобод, мехост ки барои коркуни бо фарзандонаш ба Казокистон равад, аммо бо сабаби набудани шавхар ,ки хуччати бовариноки уро барои бурдани фарзандонаш талаб карданд, ба рафтанаш монеъа бигардид. Шавхараш бошад зани дигар гирифта дар Маскав зиндаги дорад. На чавоби занашро медихаду на ба у кумаки модди мерасонад. Панч фарзанд бо модар дар хонаи ичора сарсону парешонанд.Садбарг З. бошад  аз нохияи Вахдат, фарзанди калониро барои дарёфти шавхари дар Русия будааш фиристоду баъди як мох часади писарашро бо сабаби сардии хаво дар берун ях карда ба халокат расида буд,оварданд.Чунин  мисолхои дардовар хеле зиёд аст. Зиндагии якранги ин тоифа занхо чунин мисрахоро ба хотир меорад:

Дар миёни дарё тахтабандам кардаи……(Шахлои Начмиддин)

 

 

 

2 Комментарии

Напишите свой комментарий