Домой Теги ҳуқуқ

Тег: ҳуқуқ

Ҳуқуқи ташкили оила-бастани ақди никоҳи қонунӣ ва шартҳои он мувофиқи тартиби муқарраркардаи қонунгузории Ҷумҳурии...

Ҳуқуқи ташкили оила яке аз ҳуқуқҳои муҳимтарини иҷтимоии инсон ва шаҳрванд ба ҳисоб меравад, зеро ҷамъияти инсонӣ бе мавҷудияти оила вуҷуд дошта наметавонад ва аз сатҳи некӯаҳволии оила вобаста аст, ки ин ё он...

Чӣ тавр худро аз хизматрасониҳои пастсифат эмин дошт

Дар он ҷое, ки бозор ҳаст доду гирифт ҳаст, ки бар ивази маблағ мо ягон мол харидорӣ менамоем ё хизматрасониро фармоиш медиҳем. Мутаассифона на ҳама хизматрасониҳо босифат расонида мешавад, зеро иҷрокунандаҳои хизматрасониҳо дар аввал...

Ҳуқуқ ва моҳияти он

  Инсон дар муносибат бо ҷамъият умр ба сар мебарад. Мо дар фаъолияти ҳаррӯзаи худ бо калимаи ҳуқуқ зуд зуд дучор мешавем, ки ин бесабаб нест. Ҷомеа ва мардум ҳамеша кӯшиш менамоянд, ки ҳуқуқро бо...

Ҷавоби Дастгоҳи Президент ба муроҷиат

Оиди муроҷиати худ ба Президенти ҶТ нисбати талаботҳои ғайриқонунии муовини вазири маориф Ф. Раҳимов дирӯз ҷавоб гирифтам. Бо матни он мороҷиат дар ин ҷо метавонед шинос шавед. Мувофиқи ҷавоб акнун бояд дар интизори ҷавоби Вазири маориф шавам, чунки муроҷиати маро ба он кас фиристодаанд ва вазифадор намудаанд, ки ба ман ҷавоб диҳад.

Акнун интизор мешавем, ки то чӣ андоза суханони Президент ба вазорат таъсир дорад ва то чӣ андоза Вазорати маориф нисбати ин муроҷиат вокуниш нишон медиҳад. Як саволи асосӣ низ кушода аст: То чӣ андоза ҷаноби Ф.Раҳимов барои талаботҳои зиддиконститутсионии худ ҷавоб медиҳад? Ё ин шахс низ метавонад аз об хушк барояд?!

Ҷавоб аз Дастгоҳи Президент санаи 8 ноябри соли 2012 ирсол шудааст, яъне ҳамаи мӯҳлатҳои дар қонунгузорӣ оиди муроҷиати шаҳрвандон пешбинишуда риоя шудаанд. Барои ин ташаккури зиёд мегӯям. То чӣ андоза Вазорати маориф ин мӯҳлатҳоро риоя менамояд?

Дар интизори ҷавоби Н.Саидов - Вазири маорифи ҶТ мебошам.

 

Дар поён ҷавоби аз Дастгоҳи Иҷроияи Президент гирифтаамро меорам

javob

Шикоят ба Президент аз болои Вазорати маориф

 

Ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Эмомалӣ Раҳмон

 

Рӯзҳои наздик номаи вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ректорҳои донишгоҳҳо аз санаи 08.10.2012 с. таҳти №05/2-414 бо матни зерин ирсол гардидааст:

"Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маълумоти Шумо мерасонад, ки гузаронидани ҳама гуна конференсия, семинар ва ҳамоишҳо бо донишҷӯён аз ҷониби ташкилотҳо ва созмонҳои байналмилалӣ хилофи қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Аз ин рӯ ба Шумо дастур дода мешавад, ки масъалаи мазкурро ҷиддӣ назорат намуда, барои иштирок нанамудани донишҷӯён дар чунин чорабиниҳо тадбирҳои мушаххас андешед."

Номаи мазкур таҳти имзои Муовини аввали Вазир Ф. Раҳимов ирсол гаштааст.

Дар ҳолати он, ки низоми маорифи Ҷумҳурӣ сар то по ба фасод задааст; дар ҳоле, ик сифати маълумоте, ки дар муассисаҳои таълимӣ медиҳанд, ба дараҷааш паст шуда истодааст; дар ҳоле, ки тақрибан ҳамаи ҷавонони фаъоле, ки дар ҳаёти ҷамъиятии кишвар иштирок меварзанд, бо ин ё он васила донишу малакаҳои ҷамъиятии худро дар ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва курҳои гуногуни ташкилотҳои байналхалқӣ мегиранд; дар ҳоле, ки ташкилотҳои ҷамъятӣ қисми зиёди маъракаҳои ҷамъиятии худро дар соҳаи кор бо ҷавонон маҳз ба донишҷӯён равона месозанд; дар ҳоле, ки қисми зиёд ва асосии иштироккунандагони ҷавони семинару тренингҳо ва маъракаҳои дигари таълимии ташкилотҳои гуногуни ҷамъиятӣ ва байналмиллалии дар Ҷумҳурии Тоҷикистон амалкунанда донишҷӯён мебошанд, ин гуна талаботҳои Вазорати маориф умуман ғайриқонунӣ ва зиддиконститутсионӣ мебошанд.

Пеш аз ҳама тасдиқоти Муовини вазири маориф, ки дар ҷумлаи якумаш омадааст, яъне "Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маълумоти Шумо мерасонад, ки гузаронидани ҳама гуна конференсия, семинар ва ҳамоишҳо бо донишҷӯён аз ҷониби ташкилотҳо ва созмонҳои байналмилалӣ хилофи қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад" бо кадом мақсад омадааст?

Аз он маълум мешавад, ки ҷаноби Раҳимов Ф. якбора бо ин як ҷумлаи худ ду институти калонро гунаҳкор меҳисобад:

Аз як тараф ҷаноби Раҳимов Ф. фаъолити ҳамаи ташкилоту созмонҳои байналмилалиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон "хилофи қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва онҳоро бо ин роҳ ба фаъолияти берун аз қонун гунаҳкор меҳисобад, ҳарчанд барои исботи ин суханони худ ягон моддаи ягон қонунро пеш намеорад.

Аз тарафи дигар ҷаноби Раҳимов Ф. бо ин суханони худ фаъолияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро низ эътироф намекунад ва иҷозатеро, ки ин Ҳукумат ба ташкилотҳои амалкунанда барои фаъолият додааст, умуман ба назар намегирад.

Аз ҷумла ҷоизи қайд аст, ки чунин талаботҳо, ки Вазорати маориф ба ректорони донишгоҳҳо фиристонидааст ва аз онҳо талаб намуда истодааст, ки ба иштироки донишҷӯён дар семинару конфронсҳои ташкилотҳо монеа шаванд, умуман зидди Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, мухолифи моддаҳои 28 ва 29-и он мебошанд, чунки ҳуқуқи донишҷӯёнро ба муттаҳидшавӣ ва иштирок дар ҳаёти ҷамъиятӣ нақз менамоянд.

Ан ин рӯ, бо дастрасии моддаи 31 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Шумо муроҷиат намуда, хоҳиш менамоем, ки нисбати чунин талаботҳои ғайриқонунии Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҳои зарурӣ андешида, барои шахсони ба ин талаботи ғайриқонунӣ дахлдоштаро ба ҷавобгарӣ кашидан мусоидат намоед.

Бо эҳтиром, шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулов Рустам!


letter