Нақши зан дар ҷомеаи муосир зиёдтар буда метавонад

Занҳо метавонанд дар рушди иқтисодии кишвар нақши зиёдтар бозанд. Аллакай имрӯз миқдори зиёди хоҳарону модарон дар муҳоҷирати меҳнатӣ бо азиятҳо ва хатари зиёд ба бехатарӣ ва ҳаёти худ маблағ ба даст оварда, ба оилаҳои худ мефиристанд. Маҳз ҳамин ҳиссаи аз назари иқтисодӣ фаъоли ҷомеа метавонад иқтидори занҳо дар гузоштани саҳм дар рушди иқтисоди кишвар бошад. … Читать далее Нақши зан дар ҷомеаи муосир зиёдтар буда метавонад

Аслҳо ва наслҳо

Торномаи “Аслҳо ва наслҳо” (www.aslunasl.tj) бо мақсади нигоҳдориву рушди ояндаи расму ойин ва анъанаҳои фарҳангии наслҳои гузаштаи тоҷикони Самарқанду Бухоро, сокинони имрӯзаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе пешкаши тамошобинон мегардад.Торнома — фароғативу фарҳангӣ буда бо мақсади рушди ояндаи расму ойин ва анъанаҳои фарҳангии наслҳо, табрикоти ҳамдигар ба муносибати зодрӯз ва тӯю ҷашнҳо, маросимҳои хотирмони авлодӣ, рӯзгори шахсиятҳои … Читать далее Аслҳо ва наслҳо

Фикри шахсӣ

Чанд вақт аст, ки аллакай дар ҷумҳурии мо, ки мувофиқи сарқонун демократӣ ба ҳисоб меравад, вайронкунии ҳуқуқҳои шаҳрвандон ба назар мерасад, махсусан дар қисми шимолии он, ки ин худ вилояти Суғд ва маркази он – шаҳри Хуҷанд аст. Мубориза алайҳи пайравони дини ислом рафтаистодааст, ки аз тарафи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, оддӣ карда гӯям милисаҳо … Читать далее Фикри шахсӣ

Модели аврупоии ҳалли мушкилот

Вақте ки ягон мушкилӣ ҳаст аввал ба фикри шахс меояд, ки чӣ тавр ин мушкилиро дур кунад, бале роҳи ҳалли мушкилиро мумкин аст, ки ин шахс дарёфт кунад, аммо танҳо он вақт мушикилӣ ба пуррагӣ нест мешавад, ки шахс натанҳо худи мушкилӣ, балки сабаби пайдошавии онро ёфта онро нест кунад. Мувофиқи мушоҳидаҳои худ ба ақидае … Читать далее Модели аврупоии ҳалли мушкилот

Ҷавоби Дастгоҳи Президент ба муроҷиат

Оиди муроҷиати худ ба Президенти ҶТ нисбати талаботҳои ғайриқонунии муовини вазири маориф Ф. Раҳимов дирӯз ҷавоб гирифтам. Бо матни он мороҷиат дар ин ҷо метавонед шинос шавед. Мувофиқи ҷавоб акнун бояд дар интизори ҷавоби Вазири маориф шавам, чунки муроҷиати маро ба он кас фиристодаанд ва вазифадор намудаанд, ки ба ман ҷавоб диҳад.

Акнун интизор мешавем, ки то чӣ андоза суханони Президент ба вазорат таъсир дорад ва то чӣ андоза Вазорати маориф нисбати ин муроҷиат вокуниш нишон медиҳад. Як саволи асосӣ низ кушода аст: То чӣ андоза ҷаноби Ф.Раҳимов барои талаботҳои зиддиконститутсионии худ ҷавоб медиҳад? Ё ин шахс низ метавонад аз об хушк барояд?!

Ҷавоб аз Дастгоҳи Президент санаи 8 ноябри соли 2012 ирсол шудааст, яъне ҳамаи мӯҳлатҳои дар қонунгузорӣ оиди муроҷиати шаҳрвандон пешбинишуда риоя шудаанд. Барои ин ташаккури зиёд мегӯям. То чӣ андоза Вазорати маориф ин мӯҳлатҳоро риоя менамояд?

Дар интизори ҷавоби Н.Саидов — Вазири маорифи ҶТ мебошам.

 

Дар поён ҷавоби аз Дастгоҳи Иҷроияи Президент гирифтаамро меорам

javob

Ба ман пенсия не, роҳ даркор!

 

Мӯҳтарам Эмомалӣ Шарипович!

Ба чор тарафи Тоҷикистон роҳ кушодед, ағбаҳоро шикоф кардед, аз болои дарёҳо кӯпрукҳо созондед. Дар як баромадатон гуфтед, ки «Ба ҳар тараф роҳ мекушоям, куҷо ки рафтан хоҳад чор тарафаш қибла».

Чӣ мешуд, ки бо президенти Ӯзбекистон забон меёфтеду визаашро мегирифт, бо роҳи ҳамвори дусоатам ҳеҷ набошад тоҷикони Самарқанду Бухоро ба аёдати гузаштагонашон мерафтанд. Аз он ҷумла ман — пенсионеркаи 64 сола қабри қабри падари ветеранамро рафта зиёрат мекардам.

Ман ба мурдаи хоҳарам рафта натавонистам, ягон фарзандамро бурда наметавонам. Аз Хуҷанд виза гирам сари кас 180 сомон доданаш даркор. Виза дар давоми 10 рӯз тайёр мешавад. Охир, касе аз авлодони мо гузарад, нигоҳ дошта намешинанд ку, кай мо виза гирему равем. Тӯй бошад дарди ба хайр — як моҳ пеш хабар диҳанд мешавад.

Пенсияи ман 119 сомон. Оё ман метавонам бо ин пенсия 4-то виза гирам. Ҳол он ки ғайр аз виза боз шиносномаи хориҷӣ бо нархи 162 сомони ба ҳар кас гирифтан даркор.

Пенсияҳо ҳар сол зиёд мешаванд, лекин як моҳ пеш нарху наво баланд мешавад. Аз паси пенсияҳо нархи виза ҳам баланд мешавад. Хизматрасонии коммуналӣ сол аз сол зиёд шуда истодааст. Беҳтараш пенсияҳоро зиёд накунед. Мо чӣ хеле ки шиштем дар Тоҷикистон — ҳеҷ куҷо рафта наметавонем — ҳамон хел шиштаем. Илтимос!

Ҳозир ягона хоҳиши ман аз шумо ин аст, ки роҳро ба сӯи Ӯзбекистон кушоед.

Кушторро дар Помир қатъ намоед!

avatar

Баҳри ҷамъоварӣ намудани маълумоти бештар оиди ҳолат дар Хоруғ саҳифаи хурдакак омода намудам. Он бо суроғаи http://stopthekilling.clan.su дастрас аст.

Чӣ маълумоту саволе, ки доред оиди ҳолат ва ҳодиса дар Помир метавонед дар он ҷо сабт намоед.

Дастаҷамъона метавонем ба ҳолати ногувор хотима бахшем ва саҳми худро дар барпо намудани осоиштагӣ дар Помир ва умуман Тоҷикистони азизамон саҳмгузор бошем!

Бетараф нашавед — фикру ақидаи худро оиди ин ҳодиса баён намоед то ки бифаҳманд, ки мо низ ҳуқуқ дорем! Ҳуқуқи баёни ақида, ҳуқуқи дифоъ намудан аз бародарони хоҳаронамон дар Помир, ҳуқуқи зистан …

ВАТАН, ТУ БАРОИ ОН ЗЕБОИ, КИ ВАТАНИ МАНИ….

ВАТАН! ТУ ЗЕБОИ БА ОН ХОТИР КИ ВАТАНИ МАНИ!
ВАТАН! ТУ БУЗУРГИ , БА ОН ХОТИР КИ ВАТАНИ МОИ!
ВАТАН! БА НОМАТ КАСР БУНЁД МЕСОЗАМ ДАР ГАРИБИХО АЗ ПАЗМОНИХО!
АММО….
ИМРУЗ ДАР КУЧАХОИ ЛОЙОЛУДУ СЕРНАКЛИЁТАТ КИ ХАМЕША ИНТИЗОРИ НАКЛИЁТАМ, САРСОН МЕМОНАМ, АСАБИ МЕШАВАМ.
АММО БОЗ ДУСТАТ МЕДОРАМ ВАТАН!
ДАР ЧЕХРАИ МАРДУМАМ ЯК ПАРЕШОНИСТ АЗ ДУРИ БО ФАРЗАНДОНАШ.
ОХИР БЕХТАРИН КУВВАИ КОРИ ВА ИСТЕЪДОДХО ДАР МУХОЧИРАТАНД.
АММО МУТААСИФОНА МУХОЧИРАТ ЯК КАШИШЕ ДОРАД.
КАШИШ НОАЁН, БЕСАДО, ВА МИСЛИ ВИРУСИ КОМПЮТЕРИ МЕБОШАД.
БА ХОТИРИ ОЯНДАИ НЕК БАРОИ ФАРЗАНДОН.
ВАТАН ХЕЛЕ АЗИЗИ, ВАЛЕ БОЗ МУХОЧИР МЕОЯДУ БОЗ МЕРАВАД.
МУХОЧИРАТ ДАРДЕСТ МИСЛИ ЗАХРПЕЧАК.
МИСЛИ ОХАНРАБОСТ,
МЕКАШАД…
САВВУМУ ЧОРУМ НАСЛ БА ДУНЁ МЕОЯД БО ИН КАШИШ.
ИСТЕЪДОД ОЗОДИРО МЕХОХАД.
МЕХНАТ РОХАТАШРО.
ВА БОЗ МУХОЧИР МЕРАВАД БА СУЙИ САРДИ, МЕХНАТИ ПУРМАШАККАТ БА ХОТИРИ ПУЛ…МАОШ…
МУХОЧИРАТ ОДАТ АСТ.
ОДАТ БОШАД АЗ МУХАББАТ БАДТАР АСТ,
МУХОЧИРАТ ИНТИЗОРИСТ,
ПАЗМОНИСТ,
АММО ВАБОСТ.
ФИРОКИ ДУСТОНУ ХАМНИШИНОН,
АЗОБЕ САХТ ДУШВОР АСТУ МУШКИЛ,
МУХОЧИРАТ КАСБ АСТ.
КАСБИ НОНАВИШТА,
ЧИ ГУФТЕД?