Ҷавоби Дастгоҳи Президент ба муроҷиат

Оиди муроҷиати худ ба Президенти ҶТ нисбати талаботҳои ғайриқонунии муовини вазири маориф Ф. Раҳимов дирӯз ҷавоб гирифтам. Бо матни он мороҷиат дар ин ҷо метавонед шинос шавед. Мувофиқи ҷавоб акнун бояд дар интизори ҷавоби Вазири маориф шавам, чунки муроҷиати маро ба он кас фиристодаанд ва вазифадор намудаанд, ки ба ман ҷавоб диҳад.

Акнун интизор мешавем, ки то чӣ андоза суханони Президент ба вазорат таъсир дорад ва то чӣ андоза Вазорати маориф нисбати ин муроҷиат вокуниш нишон медиҳад. Як саволи асосӣ низ кушода аст: То чӣ андоза ҷаноби Ф.Раҳимов барои талаботҳои зиддиконститутсионии худ ҷавоб медиҳад? Ё ин шахс низ метавонад аз об хушк барояд?!

Ҷавоб аз Дастгоҳи Президент санаи 8 ноябри соли 2012 ирсол шудааст, яъне ҳамаи мӯҳлатҳои дар қонунгузорӣ оиди муроҷиати шаҳрвандон пешбинишуда риоя шудаанд. Барои ин ташаккури зиёд мегӯям. То чӣ андоза Вазорати маориф ин мӯҳлатҳоро риоя менамояд?

Дар интизори ҷавоби Н.Саидов — Вазири маорифи ҶТ мебошам.

 

Дар поён ҷавоби аз Дастгоҳи Иҷроияи Президент гирифтаамро меорам

javob

Шикоят ба Президент аз болои Вазорати маориф

 

Ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Эмомалӣ Раҳмон

 

Рӯзҳои наздик номаи вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ректорҳои донишгоҳҳо аз санаи 08.10.2012 с. таҳти №05/2-414 бо матни зерин ирсол гардидааст:

«Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маълумоти Шумо мерасонад, ки гузаронидани ҳама гуна конференсия, семинар ва ҳамоишҳо бо донишҷӯён аз ҷониби ташкилотҳо ва созмонҳои байналмилалӣ хилофи қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Аз ин рӯ ба Шумо дастур дода мешавад, ки масъалаи мазкурро ҷиддӣ назорат намуда, барои иштирок нанамудани донишҷӯён дар чунин чорабиниҳо тадбирҳои мушаххас андешед.»

Номаи мазкур таҳти имзои Муовини аввали Вазир Ф. Раҳимов ирсол гаштааст.

Дар ҳолати он, ки низоми маорифи Ҷумҳурӣ сар то по ба фасод задааст; дар ҳоле, ик сифати маълумоте, ки дар муассисаҳои таълимӣ медиҳанд, ба дараҷааш паст шуда истодааст; дар ҳоле, ки тақрибан ҳамаи ҷавонони фаъоле, ки дар ҳаёти ҷамъиятии кишвар иштирок меварзанд, бо ин ё он васила донишу малакаҳои ҷамъиятии худро дар ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва курҳои гуногуни ташкилотҳои байналхалқӣ мегиранд; дар ҳоле, ки ташкилотҳои ҷамъятӣ қисми зиёди маъракаҳои ҷамъиятии худро дар соҳаи кор бо ҷавонон маҳз ба донишҷӯён равона месозанд; дар ҳоле, ки қисми зиёд ва асосии иштироккунандагони ҷавони семинару тренингҳо ва маъракаҳои дигари таълимии ташкилотҳои гуногуни ҷамъиятӣ ва байналмиллалии дар Ҷумҳурии Тоҷикистон амалкунанда донишҷӯён мебошанд, ин гуна талаботҳои Вазорати маориф умуман ғайриқонунӣ ва зиддиконститутсионӣ мебошанд.

Пеш аз ҳама тасдиқоти Муовини вазири маориф, ки дар ҷумлаи якумаш омадааст, яъне «Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маълумоти Шумо мерасонад, ки гузаронидани ҳама гуна конференсия, семинар ва ҳамоишҳо бо донишҷӯён аз ҷониби ташкилотҳо ва созмонҳои байналмилалӣ хилофи қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад» бо кадом мақсад омадааст?

Аз он маълум мешавад, ки ҷаноби Раҳимов Ф. якбора бо ин як ҷумлаи худ ду институти калонро гунаҳкор меҳисобад:

Аз як тараф ҷаноби Раҳимов Ф. фаъолити ҳамаи ташкилоту созмонҳои байналмилалиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон «хилофи қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва онҳоро бо ин роҳ ба фаъолияти берун аз қонун гунаҳкор меҳисобад, ҳарчанд барои исботи ин суханони худ ягон моддаи ягон қонунро пеш намеорад.

Аз тарафи дигар ҷаноби Раҳимов Ф. бо ин суханони худ фаъолияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро низ эътироф намекунад ва иҷозатеро, ки ин Ҳукумат ба ташкилотҳои амалкунанда барои фаъолият додааст, умуман ба назар намегирад.

Аз ҷумла ҷоизи қайд аст, ки чунин талаботҳо, ки Вазорати маориф ба ректорони донишгоҳҳо фиристонидааст ва аз онҳо талаб намуда истодааст, ки ба иштироки донишҷӯён дар семинару конфронсҳои ташкилотҳо монеа шаванд, умуман зидди Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, мухолифи моддаҳои 28 ва 29-и он мебошанд, чунки ҳуқуқи донишҷӯёнро ба муттаҳидшавӣ ва иштирок дар ҳаёти ҷамъиятӣ нақз менамоянд.

Ан ин рӯ, бо дастрасии моддаи 31 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Шумо муроҷиат намуда, хоҳиш менамоем, ки нисбати чунин талаботҳои ғайриқонунии Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҳои зарурӣ андешида, барои шахсони ба ин талаботи ғайриқонунӣ дахлдоштаро ба ҷавобгарӣ кашидан мусоидат намоед.

Бо эҳтиром, шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулов Рустам!


letter

Ба ман пенсия не, роҳ даркор!

 

Мӯҳтарам Эмомалӣ Шарипович!

Ба чор тарафи Тоҷикистон роҳ кушодед, ағбаҳоро шикоф кардед, аз болои дарёҳо кӯпрукҳо созондед. Дар як баромадатон гуфтед, ки «Ба ҳар тараф роҳ мекушоям, куҷо ки рафтан хоҳад чор тарафаш қибла».

Чӣ мешуд, ки бо президенти Ӯзбекистон забон меёфтеду визаашро мегирифт, бо роҳи ҳамвори дусоатам ҳеҷ набошад тоҷикони Самарқанду Бухоро ба аёдати гузаштагонашон мерафтанд. Аз он ҷумла ман — пенсионеркаи 64 сола қабри қабри падари ветеранамро рафта зиёрат мекардам.

Ман ба мурдаи хоҳарам рафта натавонистам, ягон фарзандамро бурда наметавонам. Аз Хуҷанд виза гирам сари кас 180 сомон доданаш даркор. Виза дар давоми 10 рӯз тайёр мешавад. Охир, касе аз авлодони мо гузарад, нигоҳ дошта намешинанд ку, кай мо виза гирему равем. Тӯй бошад дарди ба хайр — як моҳ пеш хабар диҳанд мешавад.

Пенсияи ман 119 сомон. Оё ман метавонам бо ин пенсия 4-то виза гирам. Ҳол он ки ғайр аз виза боз шиносномаи хориҷӣ бо нархи 162 сомони ба ҳар кас гирифтан даркор.

Пенсияҳо ҳар сол зиёд мешаванд, лекин як моҳ пеш нарху наво баланд мешавад. Аз паси пенсияҳо нархи виза ҳам баланд мешавад. Хизматрасонии коммуналӣ сол аз сол зиёд шуда истодааст. Беҳтараш пенсияҳоро зиёд накунед. Мо чӣ хеле ки шиштем дар Тоҷикистон — ҳеҷ куҷо рафта наметавонем — ҳамон хел шиштаем. Илтимос!

Ҳозир ягона хоҳиши ман аз шумо ин аст, ки роҳро ба сӯи Ӯзбекистон кушоед.