Чӣ тавр худро аз хизматрасониҳои пастсифат эмин дошт

Дар он ҷое, ки бозор ҳаст доду гирифт ҳаст, ки бар ивази маблағ мо ягон мол харидорӣ менамоем ё хизматрасониро фармоиш медиҳем. Мутаассифона на ҳама хизматрасониҳо босифат расонида мешавад, зеро иҷрокунандаҳои хизматрасониҳо дар аввал дигар ваъдаҳо медиҳанд, аммо баъдан шоҳиди он мешавем, ки ваъдаҳои худро иҷро намекунанд ё  қисман иҷро …

Ҳуқуқ ва моҳияти он

  Инсон дар муносибат бо ҷамъият умр ба сар мебарад. Мо дар фаъолияти ҳаррӯзаи худ бо калимаи ҳуқуқ зуд зуд дучор мешавем, ки ин бесабаб нест. Ҷомеа ва мардум ҳамеша кӯшиш менамоянд, ки ҳуқуқро бо мафҳумҳои ҳақиқату инсоф алоқаманд, кунад. Моҳияти ҳуқуқ низ дар ҳамин ифода меёбад. Ҳуқуқ моҳияти умумииҷтимоӣ …

Шикоят ба Президент аз болои Вазорати маориф

 

Ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Эмомалӣ Раҳмон

 

Рӯзҳои наздик номаи вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ректорҳои донишгоҳҳо аз санаи 08.10.2012 с. таҳти №05/2-414 бо матни зерин ирсол гардидааст:

«Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маълумоти Шумо мерасонад, ки гузаронидани ҳама гуна конференсия, семинар ва ҳамоишҳо бо донишҷӯён аз ҷониби ташкилотҳо ва созмонҳои байналмилалӣ хилофи қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Аз ин рӯ ба Шумо дастур дода мешавад, ки масъалаи мазкурро ҷиддӣ назорат намуда, барои иштирок нанамудани донишҷӯён дар чунин чорабиниҳо тадбирҳои мушаххас андешед.»

Номаи мазкур таҳти имзои Муовини аввали Вазир Ф. Раҳимов ирсол гаштааст.

Дар ҳолати он, ки низоми маорифи Ҷумҳурӣ сар то по ба фасод задааст; дар ҳоле, ик сифати маълумоте, ки дар муассисаҳои таълимӣ медиҳанд, ба дараҷааш паст шуда истодааст; дар ҳоле, ки тақрибан ҳамаи ҷавонони фаъоле, ки дар ҳаёти ҷамъиятии кишвар иштирок меварзанд, бо ин ё он васила донишу малакаҳои ҷамъиятии худро дар ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва курҳои гуногуни ташкилотҳои байналхалқӣ мегиранд; дар ҳоле, ки ташкилотҳои ҷамъятӣ қисми зиёди маъракаҳои ҷамъиятии худро дар соҳаи кор бо ҷавонон маҳз ба донишҷӯён равона месозанд; дар ҳоле, ки қисми зиёд ва асосии иштироккунандагони ҷавони семинару тренингҳо ва маъракаҳои дигари таълимии ташкилотҳои гуногуни ҷамъиятӣ ва байналмиллалии дар Ҷумҳурии Тоҷикистон амалкунанда донишҷӯён мебошанд, ин гуна талаботҳои Вазорати маориф умуман ғайриқонунӣ ва зиддиконститутсионӣ мебошанд.

Пеш аз ҳама тасдиқоти Муовини вазири маориф, ки дар ҷумлаи якумаш омадааст, яъне «Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маълумоти Шумо мерасонад, ки гузаронидани ҳама гуна конференсия, семинар ва ҳамоишҳо бо донишҷӯён аз ҷониби ташкилотҳо ва созмонҳои байналмилалӣ хилофи қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад» бо кадом мақсад омадааст?

Аз он маълум мешавад, ки ҷаноби Раҳимов Ф. якбора бо ин як ҷумлаи худ ду институти калонро гунаҳкор меҳисобад:

Аз як тараф ҷаноби Раҳимов Ф. фаъолити ҳамаи ташкилоту созмонҳои байналмилалиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон «хилофи қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва онҳоро бо ин роҳ ба фаъолияти берун аз қонун гунаҳкор меҳисобад, ҳарчанд барои исботи ин суханони худ ягон моддаи ягон қонунро пеш намеорад.

Аз тарафи дигар ҷаноби Раҳимов Ф. бо ин суханони худ фаъолияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро низ эътироф намекунад ва иҷозатеро, ки ин Ҳукумат ба ташкилотҳои амалкунанда барои фаъолият додааст, умуман ба назар намегирад.

Аз ҷумла ҷоизи қайд аст, ки чунин талаботҳо, ки Вазорати маориф ба ректорони донишгоҳҳо фиристонидааст ва аз онҳо талаб намуда истодааст, ки ба иштироки донишҷӯён дар семинару конфронсҳои ташкилотҳо монеа шаванд, умуман зидди Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, мухолифи моддаҳои 28 ва 29-и он мебошанд, чунки ҳуқуқи донишҷӯёнро ба муттаҳидшавӣ ва иштирок дар ҳаёти ҷамъиятӣ нақз менамоянд.

Ан ин рӯ, бо дастрасии моддаи 31 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Шумо муроҷиат намуда, хоҳиш менамоем, ки нисбати чунин талаботҳои ғайриқонунии Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҳои зарурӣ андешида, барои шахсони ба ин талаботи ғайриқонунӣ дахлдоштаро ба ҷавобгарӣ кашидан мусоидат намоед.

Бо эҳтиром, шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулов Рустам!


letter