Муллошо ва kinder-surprize

             Фурудгоҳи шаҳри Навасибир (Новосибирск). Мусо ва Муллошо дар ниҳояти бозгашт аз Русия ба Тоҷикистон. Ҳарду аз тафтиши сарҳадбонҳо гузашта навбат ба муоинаи боғоҷи дастӣ расид. Корманди фурудгоҳ, зани миёнасоли урус, ҳангоми азназаргузаронии борхалтаи Муллошо табассум кард. Мусо кунҷковона сабаби табассуми он занакро фаҳмиданӣ шуда гардан дароз кард, то даруни борхалтаи Муллошоро бубинад. Муллошо аз […]

Барномасозй, сиёсат ва алгоритми «error»-дода

            Британияи Кабир қарор кардааст, ки дар дабистонҳо ба кӯдакон аз панҷ сола сар карда асосҳои барномасозиро омӯзанд. (www.zdnet.com/uk/programming—set—to—be—core—of—new—computing—classes—for—english—kids-7000011053/)            Хеле иқдоми оқилона дар ин замони ҷангҳои иттилоот. Дар ин замоне, ки  интернету компютер ба мудҳиштарин яроқ табдил меёбанд.            Чӣ? Мактабҳои мо? Фикр ба саратон омад, ки ҳоло аз ҳолу аҳволи […]

Биёед дигар пора надихем

  (аз нақли як рафиқам)        Ниҳоят пас аз як соли танаффус имрӯз дар Донишгоҳ имтиҳони давлатиро супордам. Ба имтиҳон омода набудам. Нақша доштам, ки пора дода ягон сеи покаҷ мегирам. Саҳарӣ дар кисаи чапам як коғаз бо акси Исмоили Сомонӣ (яъне сад сомона) гузошта, бетайёрӣ ба имтиҳонсупорӣ рафтам. То оғоз шудани имтиҳон дақиқаҳо монда […]

Сарқонун ё китоби афсонаҳо?

           Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро варақ мезанаму хаёл мекунам он моддаҳо барои ягон давлати дигар бошанд. Нобоварона бори дигар пасу пеши китобро мехонам ва соли нашрашро меҷӯям. Ба худ меандешам, ки шояд ин моддаҳо дар гузашта буданд ва ҳоло тағиротҳо ворид гардидаанд. Роёнаро ба кор андохта ба сомонаи интернетии mfa.tj рафтам ва ба мутолиаи қонунҳо […]

Рамз ё тасодуф?

          “Ман ба ту чанд бор гуфтам?! Дигар ба ман занг назан?! Садоятро шунидан намехоҳам!”.. Мусо ба ҳамсараш, ки аз Точикистон занг зада буд,инро гуфту телефонашро хомуш кард ва аз хона баромада суи истгоҳ раҳсипор шуд.     Пагоҳирузй, соат такрибан ҳафт. Истгоҳ серодам буд. Одатан пагоҳиҳо ва бегоҳиҳо ҳаминтавр серодам мешавад. Мусофирбарҳо […]

Бархурди тамаддунҳо

         Вақте бa ҳамватанони муҳочирам менигарам, баъзан дар бораи он фикр мекунам, ки ҳамзистии намояндагони қавму миллиятҳои гуногун ба андеша ва рафтори онҳо таъсири худро мегузорад. Дар мафкураи онҳо тағйирҳое ру мезанад, ки бо таъсири муҳит пеш омадаанд. Албатта, шояд решаву бунёд бетағйир мемонад, аммо дар рафтору муносибат одамон ҳамеша аз ҳамдигар […]

Достони «лимузин»

              Дар мулки бегона, дар диёри мусофирй, дар сарзамини ғурбат, вохӯрдани ягон чеҳраи шиносу ошнои ҳаммиллат, ба кас чунон шодию фараҳу хушнудие мебахшад, ки ба гуфтани он калима намеёбӣ. Ин хурсандӣ баробари дидани симои ошно тамоми вуҷудатро фаро мегирад. Шояд барои он кас ҳам айни ҳамин гуна ҳиссиёт даст […]

Пайкараи муҳочир

  — … Чуноне мегуянд, ангушташро бибурй ҳам хун нахоҳад омад. Ин гапро дар васфи шумо гуфтаанд, акаи Муллошо, — гуфта, Мусо, ки даст ба пушт, аз ин тарафи хона ба он тарафи хона қадам зада, нигоҳаш гоҳ ба ин тирезаву, гоҳ ба он тиреза бармехурд.   — Ҳа, боз «Ҳотами той» гуфтаанд, «Муллошои той» […]