Аз соли 2000 то охири соли 2017 тақрибан 496144 соҳибкорони инфиродӣ ба қайд гирифта шуда, дар ин муддат 221843 соҳибкори инфиродӣ фаъолияти худро ба сифати соҳибкори инфиродӣ барҳам додааст, ки ин тақрибан 45% аз миқдори умумии соҳибкорони инфиродии бақайдгирифташуда мебошад. 45% соҳибкоронии инфиродии фаъолияти худро барҳамдода ин миқдори зиёд аст ва аз ҳамин сабаб мебояд чораҳоро натанҳо андешид, балки амалӣ кард, то ин ки соҳаи соҳибкорӣ дар Тоҷикистон рушд ёбад, ҳар гуна монеаҳо, ки садди роҳи фаъолият мебошанд онҳоро аз байн бурд ва роияи кодексҳо ва қонунҳоро натанҳо аз халқ ва аз соҳибкорон талаб кард, балки назорат намуд, ки мақомотҳое, ки бо воситаи қонуну кодексҳо амалҳои халқро ба танзим медароранд худ онҳоро низ ба пуррагӣ риоя намуда намунаи ибрат ба халқ шаванд, аммо мутаассифона айни замон ин тавр нест ва сӯиистифода аз мансаб низ яке аз сабабҳои барҳамдиҳии фаъолияти соҳибкорӣ ё ба қайд гузошта нашудан ба сифати соҳибкори инфиродӣ мебошад.

Яке аз сабаби дигари барҳам дода шудани фаъолияти соҳибкорон ин дар талаботи нозироти андоз низ мебошад, ки соҳибкор даромад дошта бошаду набошад ӯҳдадор аст, ки андози ҳадди ақали иҷтимоиро пардохт намояд (айни замон 137 сомонӣ), бемантиқии ин талабот дар он аст, ки агар соҳибкор аз ҷиҳати иқтисодӣ худро таъмин кардан натавонад, яъне ки дар моҳи сипаришуда даромад надошта бошад пас аз куҷо маблағ барои пардохти андози иҷтимоӣ ёфта супорад?

Тарафи манфии кам шудани соҳибкорони инфиродӣ ин аввалиндараҷа таъсири худро ба буҷа мерасонад, зеро даромад аз андозҳо кам мешавад, масалан агар миқдори соҳибкорони амалкунанда 274 301 нею, балки 400 000 нафарро ташкил диҳад ва ҳар як соҳибкор ба миқдори миёна дар як моҳ 4000 сомонӣ даромад дошта бошад, он гоҳ андоз аз даромади онҳо тақрибан 66 миллион сомонӣ нею 96 миллион сомониро ташкил медод, ки ҳар моҳ ба буҷа 30 миллион сомонӣ маблағи иловагӣ даромад мешуд, дар як сол бошад 1 миллиарду 152 миллион сомониро ташкил медод, аммо мутаассифона ин тавр нест.

Маълумоти омории овардашуда аз сомонаи andoz.tj гирифта шудааст.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.