Шеъри ман шӯре надорад беҳузури ёди ту,
Мешавад то боз гӯям ҳарфҳои шоди ту?

Ҳарф- ҳарфи вожаҳои шеър мепурсад зи ман,
Ростӣ, кай мерасад ин ишқ бар имдоди ту?

Қадди болои туро ман дӯст медорам, бидон
Гар нагуфтам ҳеч гаҳ аз rомати шамшоди ту.

Як сари мӯ гар бигӯям қиссаҳои ишқи худ,
Достоне мешавад бар наслу бар авлоди ту.

Дар сари вайронаҳои бахти худ биншаста ман,
Боз хоҳам дар дуоям хонаи ободи ту,

Ман Сурайёям ба поси ишқ, боре ҳам бигӯ,-
Нозанинам, ҷовидонӣ мешавам Фарҳоди ту!

(Первоначальный автор: Сурайё)