Бар садои қалби зорам ҳамнаво пайдо нашуд,
Бахти хоболудаамро ҳеч чашмаш во нашуд.

Ҳарчӣ аз андӯҳ буд қисмат ба ман бинвишту лек,
Ин хати пешониамро бахти комил ҷо нашуд.

Бин фалак бар мо ғамаш арзон ҳаме дорад мудом,
Косаи давраш, вале як лаҳзае аз мо нашуд.

Васли рӯяшро ба нархи ҷон харидорӣ кунам,
Пеши чашмаш ҷони моро қимматаш боло нашуд.

Рӯи моҳам Қайсро девона месозад, вале
Нек бингар Маҷнун имрӯз ошиқи шайдо нашуд.

Гар ғами дунё ғазалхон карда дилро, лек боз
Дар гулистони муҳаббат булбули гӯё нашуд.

Бо ҳама дарде, ки дорам, мӯҳри хомӯшӣ ба лаб
Гуфта будам, ман шикоят бас кунам, аммо нашуд!

(Первоначальный автор: Сурайё)