СУДЯҲОИ ҚОНУНШИКАН


Дар даъвоҳое, ки шаҳрвандон тариқи ВАО интишор мекунанд, аз фаъолияти ғайриҳирфавӣ судяҳо ёд мешавад. Соли гузашта аз ҷониби Фонди ҷамъиятии «Нотабене», Ташкилоти ҷамъиятии «Маркази ҳуқуқи инсон», Ташкилоти ҷамъиятии «Маркази ҳуқуқи кӯдак» ва Мактаби мустақили рӯзноманигории «Тоҷикистон-асри XXI», як маниторинг нисбати «Адолати судии ҷиноятӣ дар Тоҷикистон» гузашт, ки як қатор қонуншиканиҳо аз ҷониби кормандони суд ошкор гардид.

ИмрӯзNews

Нигина Баҳриева, раҳбари Фонди ҷамъиятии «Нотабене» мегӯяд: «Чаҳор созмони алоҳида, ки дар чаҳор заминаи мухталиф таҳқиқот анҷом додаанд, баъд аз ҷамъоварӣ шудани натиҷаи таҳқиқот маълум шуд, ки ҳар яке аз онщо назарсанҷии дигареро мукаммал мекунад. Ин натиҷагирӣ ба мо, ҷомеъаи шаҳрвандӣ, имкон медиҳад, то изҳоротамонро дар бораи мушкилоти мавҷуда баён кунем».

Ҳуқуқшиносони ин созмонҳо аз он изҳори нигаронӣ мекунанд, ки бештари маврид судяҳо эҳтимолияти бегуноҳии судшавандаҳоро ба назар намегиранд. Ба гуфтаи онҳо эҳтимолияти бегуноҳӣ маънои онро дорад, ки қонун шахси ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидашударо то эътирофи айбаш аз ҷониби суд бегуноҳ меҳисобад. Эҳтимолияти бегуноҳӣ ба ҳама гуна ақидаи нодурусти (бадгумонии) суд нисбат ба гунаҳгории шахси судшаванда роҳ намедиҳад.

Натиҷаи мониторинги ин созмонҳо нишон дода аст, ки ҳолатҳои риоя нагардидани принсипи мазкур дар баъзе додгоҳҳо вуҷуд дораду судяҳо ва дигар иштирокчиёни мурофиаи судӣ ба баёни ақида ва ё амале роҳ медиҳанд, ки вайронсозии принсипи эҳтимолияти бегуноҳӣ ба шумор меравад.

Тибқи иттилои ин созмонҳо дар марҳилаи ҳисоботӣ норасоиҳои зерин ба қайд гирифта шуданд:

«Дар ҷараёни мурофиа дар суди ноҳияи Ҳисор судя нисбат ба судшаванда гуфт: «Чӣ лозим ӯро пурсиш гузаронидан, охир ӯ ба гуноҳи худ пурра иқрор шудааст?».

Дар суди шаҳри Исфара дар рафти мурофиаи судӣ ҷабрдидагон ба судшаванда фишори маънавӣ меоварданд. Ҷабрдидагон хеле зиёд ба судшаванда, ҳимоятгари ӯ ва ҳатто ба судя овоз баланд мекарданд. Судя аксаран аҳамият намедод ва то ором шудани худи ҷабрдидагон хомӯш менишаст. Дар ин ҷаласа ба судшаванда лозим омад, барои чора наандешидани судя нисбат ба ҷабрдидагон, ки ба ӯ фишор меоварданд ва таҳқир мекарданд, норизоӣ баён кунад. Чун судшаванда ба натиҷае нарасид, ба нозирон муроҷиат карда гуфт, ки ба ӯ фишор меоваранд, судя ягон чора намеандешад. Ҳатто кӯшиши пешгирии ҳолати мазкурро намекунад. Судшаванда аз нозирон хоҳиш кард, ки ин ҳамаро ба қайд гиранд.

Дар суди шаҳри Кӯлоб судя дар рафти мурофиа ба судшаванда гуфт: «Барои ман дурӯғгӯии шуморо қапидан ду карат ду аст». Дар мурофиаи дигари ҳамон суд прокурор чунин ифодаро раво дид: «Ту доимо дуздӣ мекунӣ, ин якум бор нест, хап шин».

Дар як мурофиаи суди шаҳри Қӯрғонтеппа вақте судшаванда ба гуноҳи худ иқрор шуд, прокурор бо ханда гуфт: «Ана, ҷинояткори воқеӣ дар бораи гуноҳҳои худ ба таври возеҳ нақл мекунад». Ҷабрдидагон ба суханҳои прокурор ҳамроҳ шуда, муҳокимаро идома доданд. Падари судшаванда мехост чизе гӯяд, аммо судя ба ӯ имкон надод.

Нисбати вақт ва макони ин назарсанҷиҳо Нурмаҳмад Халилов, сарвари Ташкилоти ҷамъиятии «Маркази ҳуқуқи инсон» мегӯяд: «Созмонҳо аз июни соли 2011 то марти соли 2012 дар вилояти Хатлон, шаҳри Кӯлоб ва Қӯрғонтеппа, вилояти Суғд, ноҳияи Ҷ.Расулов, шаҳрҳои Исфара, Чкалов ва Қайроққум, дар ноҳияҳои тобеи марказ рафти судро мушоҳида кардаанд. Дар маҷмӯъ, нозирони созмон дар 109 мурофиаи судӣ ширкат варзидаанд».

Назари Ҳалим, як сокини пойтахт, сабаби ғайриодилона ҳукм баровардани баъзе аз судяҳоро дар коррупсияи фарогир медонад. Номбурда мегӯяд: «Он чизе ки аз васоити ахбори омма мехонам, маълумам мешавад, ки баъзе судяҳои мо дар бисёр ҳолатҳо ғайриодилона рафтор мекунанд. Шаҳрвандони зиёде тариқи расонаҳо шикоят аз ҳукм ё қарору ҳалномаи додгоҳҳо мекунанд, ки ин худ гувоҳи ғайриодилона рафтор кардани додрасҳо мо мебошад.” Исбот кардани рафтори ғайриқонунии судяҳо мушкилии умда буда, қариб ки шаҳрвандон дар ин самт ба чизе нарасидаанд, андеша дорад номбурда: “Дар Тоҷикистон ба назари ман исбот кардани рафтори ғайриқонунӣ ва ё ғайрикасбии судяҳо хеле душвор аст. Як ҷиҳати дигар дар кори додгоҳҳо ин аст, ки ба назар мерасад баъзе аз онҳо фасодзада ҳастанд. Танҳо ба хотири пора паллаҳои тарозуи Фемидаро бо хости худ гарону сабук мегардонанд. Коррупсия ва номустақилии додгоҳҳо ҳоли шаҳрвандонро хеле табоҳ кардааст. Дигар баъзе додрасҳо наметавонанд мӯйро аз хамир ҷудо кунанд».

Рӯзноманигорон аз он изҳори нигаронӣ мекунанд, ки дар бештари маврид ҳангоми мурофиа барои ворид шудан ба толори додгоҳ кормандони суд монеъ мешаванд. Ба гуфтаи рӯзноманигорон чунин амалҳо бештари маврид аз ҷониби кормандони суд ё раисикунандаи мурофиаҳои ҳангоми баррасии парвандаҳои ҳангомаангез рӯй медиҳад. Вале ҳолатҳое низ буда аст, ки судяҳо рӯзноманигоронро аз толори додгоҳ берун мекунанд. Ганҷина Ганҷова, рӯзноманигори Маркази датқиқоти журналистӣ, мегӯяд: “Тобистони соли гузашта, дар Суди Иқтисодии шаҳри Душанбе иштирок кардан хостем. Гарчанде суд ба таври кушода бояд мегузашт, мо ба ин нигоҳ накарда аз масъулин иҷозат гирифтем. Онҳо ягон баҳонаи мушаххасе пеш оварда натавонистанд, ки моро иҷозати даромадан надиҳанд. Бинобар ин мо ба толори суд ворид шудем. Вале намедонем аз чи бошад, ки раисикунандаи он мурофиа «Ман ин ҷо раисам» гуфта, моро аз толори суд дағалона пеш кард. Фикр намекунам, ки чунин қонунвайронкуниҳо кам бошанд».

Ҳуқуқшиносон изҳори нигаронӣ мекунанд, ки дар бештари маврид судяҳо бесабаб ба мурофиа дер мекунанд ё баррасии парвандаҳоро ба вақти дигар мегузаронанд. Тибқи иттилои онҳо аз рӯйи натиҷаҳои мониторинги ин созмонҳо аз 286 ҷаласаи судӣ 262-тои он бо таъхири аз чанд дақиқа то чанд соат оғоз гардидаанд. Ҳолатҳое ҳам буданд, ки иштирокчиён оғози мурофиаҳои судиро қариб тамоми рӯз, яъне аз субҳ то охири рӯзи корӣ мунтазир шудаанд ва ҷаласаҳои судӣ баъд аз чунин таъхири тӯлонӣ оғоз гардидаанд. Дар 232 ҳолат нозирон натавонистанд, сабабҳои мавқуф гузоштани ҷаласаҳои судиро аниқ созанд. Зеро дар мурофиаҳое, ки таъхири баргузории ҷаласа ё тағйири рӯзи баррасӣ ба қайд гирифта шудааст, аз ҷониби судҳо сабабҳо эълон нагардидаанд ва мувофиқи талаботи меъёрҳои моддаи 286-и КМҶ ҶТ, судя дар бораи мавқуф гузоштани муҳокимаи парванда таъинот (қарор) набаровардааст. Дар баъзе ҳолатҳо амали худи судяҳо боиси ба таъхир афтодани ҷаласаҳои судӣ гаштааст, ки бо сабабҳои ба мо номаълум, чун муқаррароти суд вуҷуд надорад, ҷаласаи судиро ба вақти номуайян мавқуф гузоштаанд. Ба ин тариқ, амалияи батаъхиргузории беасоси баррасии парвандаҳои ҷиноятӣ дуруст нест ва вайронкунии ҳуқуқи шаҳрвандон ба ҳисоб меравад. Чунин амалҳо дар маҷмӯъ эътибори судро паст мекунанд, зеро вақте суд аз иштирокчиёни дигари мурофиаи судӣ эҳтиромро нисбат ба худ талаб мекунад, ҳуқуқи рафтори беэҳтиромонаро дар нисбати иштирокчиёни дигари мурофиа надорад.

Оставьте первый комментарий

Напишите свой комментарий