Амрикои ҷанубӣ худ вақте ки сухан дар бораи ин минтақа меравад ҳамагон якбора фикри футболро менамояд. Худ шӯҳрати асосии ин минтақа аз ситораҳои дурахшони футбол ба монанди Пеле, Марадонна ва хуллас ситораи муосир Месси гирифтааст. Чи тавре ки мардуми Бразиялия қайд менамоянд: “Зиндагии моро бе футбол ва карнавал тасаввур кардан ғайриинкомпазираст!!”.

Субҳи имрӯз, 13 окт. Бозтҳо байни 6 дастаҳои ин минтақа шуда гузашт. Ҳамаи ин бозиҳо хеле ҷолиб буд. Аз ҳама ҷолибтаринаш, ки байни дастаи Аргентина бо яке аз бозингари беҳтарини ҷаҳон  Леонел Месси ва чемпиони ин қитъа Уругвай ва бо ҳамлагари шӯҳратёфтаистодаи он Фалкао буд.

Аргентина Уругвай

Ин ду даста бозии хеле хуб нишон доданд, локин мухлисони Уругвай ба бозии Фалкао қонеъ нашуданд, зеро ӯ малакае ки дорад дар ин рақобат бар зидди Месси нишон дода натавонист. Месси бошад баракс хеле моҳирона бози дошта дар охир ҳамчун бозингари беҳтарини рӯз қабул гардид. Ӯ дар ин бози 2 гол ба дарвозаи рақиб зад ва сеюм голе, ки аз тарафи бозингари Манчестер Сити Агуэро зада шуд,албатта бе ёрии Месси набуд.

Голҳо: 1:0 – 66 Месси, 2:0 – 75 Агуэро, 3:0 – 80 Месси

Бозиҳои дигар:

Колумбия 2 0 Парагвай

Эквадор 3 – 1 Чили

Дар ҷадвали мусобиқот ҷои аввалро Аргентина бо 17 хол, ҷои дуюм Колумбия 16 хол ва ҷамъбаст менамояд сегонаро Эквадор бо 16 хол. Ин ҷоигиршавиҳо муваққати буда ҳоло боз 8 давраи дигар дар ин мусобиқот боқӣ мемонад.