@ = «собачка», «кучукча» ва ё «буҷулак»?

 Тоҷикистон  дар ворид  ва истифодаи технологияҳои муосири иртиботиву алоқа, интернет ва  инчунин муҷахҳаз гардондани мактабҳо бо компютерхо аз баъзе кишварҳои собиқ шӯравӣ  хеле пештар рафтааст. Таърихи вориди технологияҳои 3G, ADSL, WIMAX, SDMA гувоҳи ин гуфта  мебошанд. Масалан,замоне ки дар Душанбе пурра ба системаи телефонии рақамӣ гузашта буданд, дар шаҳри Маскав то чанд соли дигар ҳамоно аз системаи аналогӣ истифода мебурданд.

Сабаб он будааст, ки барои воридкунандагони ин технологияҳо дар Тоҷикистон гирифтани иҷозатномаҳо осонтар будааст. Бонкҳои мо ҳам беҳтар кор мекардаанд, ки баъзе аз соҳибкорони хориҷии ҳамсоякишвар интиқолу нақдагирии пули арзашонро  аз тариқи бонкҳои тоҷикӣ амалӣ мекардаанд.

Ин бояд ҳатман боиси ифтихору таваҷҷуҳ бошад, мавзӯи мо лекин ҳоли ҳозир, инҷо, хеле соддатар аст: ба назар чунин мерасад, ки вақти интихобу муқарар кардани номи тоҷикӣ барои аломати интернетии @ (ба русӣ  “собака” ва ё “собачка”) кайхо расида бошад.  Ҳама медонем, ки ин аломатро дар суроғаи И-майлҳо, байни номи истифодабаранда (мас. bobojon) ва дастгоҳи хизматрасонӣ-провайдер (мас. mail.ru, gmail.com, hotmail.com ) мегузоранд, яъне bobojon@mail.ru. Дар айни замон ҳар кадомамон ҳангоми даҳонӣ ё ба воситаи телефон  расондани суроғаи И- майламон ба шахси дигар ким чӣ хел нороҳатӣ ва норасоиеро низ ҳис мекунем (ҳамин тавр не?).

Вокеан, вақте, ки мо барои маълумот ба  интернет рӯ овардем маълум шуд, ки  тоҷикон дар қатори якчанд халқҳои дигар то ба ҳол номи миллии худро барои ин аломат муқаррар накардаанд (ниг. масалан, Wikipedia).

            Мо ҳатто намедонем ,ки дар кумитаи забон ба ин масъала таваҷуҳ фармуда бошанд ё на. Ин дар ҳолест, ки дар сайти интернетии маҷаллаи Гардиани машҳури Британиягӣ (the Guardian) баҳсу табодули афкори тулоние ташкил карда шудааст оиди номгузории ин аломат дар байни мардуми кишвархои  гуногун ва оиди аҳамияти  равшану бехато  расондани суроғаи И -майл ба шахси дуюм  (нигаред ба: http://www.guardian.co.uk/notesandqueries/query/0,5753,-1773,00.html ).

Дар бисёр забонҳо дар асоси монандии ин аломат @ ба ҳайвонҳои гуногун, ба  он  номи ин ҳайвонҳо ва ё узве аз  онҳоро гузошта будаанд (мас. дар русӣ “собака — саг” ё “собачка- сагбача”, дар ҳоландӣ “думи маймун”, дар финнӣ “думи муш”, дар итолиёвӣ “санҷобча” ва дар забонҳои дигар “кирмча”, ”даҳони хартуми фил” ва ғ.).

Дар интихоби ном гоҳо мантиқу мазмун ва гоҳи дигар шаклу сурати ин аломатро ба асос гирифтаанд.

Боз гурӯҳи дигаре аз рӯи тақлид ин аломатро ном гузори карда будааст. Масалан узбекҳо аз рӯи “собачка”-и русӣ онро “кучукча” ном мондаанд (боз ҳам ниг. мас. ба Wikipedia). Эрониҳо ва якчанд миллатҳои дигар бошад, онро бо ҳамон шакли инглисӣ, яъне “эт” талаффуз мекардаанд.

Таърихан ин аломат аввалин бор дар мошинҳои чопкунӣ солҳои 80-и асри 19 пайдо шуда, асосан, барои ҳисоб истифода мешудааст.

“ 10( дафтар)  @ 2 (сент) = 20 сент

Яъне, «10 дона дафтар бо нархи 2 сенти барои хар 1 адад = 20 сент.»

Дар суроғаи и-майл бошад аломати @ чун пешоянди англисии “at” , ба  тоҷикӣ “дар”истифода мешавад. Масалан James@hotmail.com= Ҷеймс “дар” hotmail.com).

Ин ҷо мо қарор додем ҳам дар ассоси шаклу сурат ва ҳам мазмуну вазифаи аломати @, якчанд интихоби (варианти) номи тоҷикии онро пешниҳод кунем, то ҳар кас хушкардаашро интихоб карда гирад.

Бовари дорем ки баъди чанд муддате яке аз ин номҳо аз ҷониби ағлаб истифодабарандагон пазируфта шуда, шакли истилоҳи расмиро хоҳад гирифт (аз Фарҳанги Забони Тоҷикӣ: “истилоҳ ин вожа ё иборае мебошад, ки хоси як гурӯҳи мардум (масалан аҳли як касб) аст ва ё дар байни онҳо маънои махсусе пайдо кардааст; калимае ки дар соҳаи илму фан барои ифодаи маънои махсуси ғайри аслӣ қабул шудааст, термин”)

Ва инак:

1.          Қулф” ва ё “қулфак”. Дар “Фарҳанг” ибораи “қуфли абҷад” мавчуд аст ва ин қулфе мебошад, ки аз рӯи ҳарфҳои абҷад баста ва кушода мешавад, яъне (bobojon@mail.ru- дар талаффуз — бобоҷон”қулфак” майл.ру).

Аслан “қуфл” аст, вале дар гуфтугӯ тоҷикон қариб ҳамеша “қулф” мегӯянд.

Ба ҳар қуфле, ки ангушташ расидӣ

Шудӣ он қуфлро пайдо калиде

                                             ( Сайидо)

 

2.          Асо” ё “асоча”. Агар дуруст  зеҳн монем дар @ (at) ҳамин се ҳарф (а, с, о)-ро мебинем. Асо дар забони тоҷикm такягоҳ мебошад, яъне (bobojon@mail.ru- дар талаффуз бобоҷон”асоча”майл.ру).

 

3.          Буҷул” е “буҷулак”. Баъд аз “қулфак” ин интихоби (варианти) беҳтарин менамояд. Агар ба тарафхои “асп”-у “хар”-и буҷул нигарем қариб аст, ки чизе ё ҳадди аққал хатҳои печидаеро монанд ба @ бинем (ба хусус агар тулонитар зеҳн монему онро мисли гушнае, ки ба моҳ нигоҳ карда нонро ба ёд овардааст, баҳо дихем J ). Мо ҳатто тахмин мекунем, шояд ин аломат аз монанди ба хатҳои буҷул гирифта шуда бошад, чун ки буҷул — бозии хоси халқҳои аврупо ҳам  будааст (ниг. ба суратҳо). Ғайр аз ин “буҷулак”  нуқтаи пайванд ва ҳамзамон нуқтаи ҷудошавии ҷисм низ мебошад.

             (bobojon@mail.ru — дар талаффуз бобоҷон”буҷулак” майл.ру).

 

 

 Ва дар охир: шояд дар русӣ Сидоров”собачка”майл.ру, дар узбекӣ  Илҳом”кучукча”яндекс.ру  гуфтан мавриди қабули оддӣ шуда бошад, вале чунин усул, ки дар паҳлуи номи инсон номи ҳайвонро мегузоранд ба фарҳанги мо он қадар рост намеояд ва гушхарошу дағал ҳам садо медихад (бо назардошти он ки аксаран мардум дар суроғаи И-майл исми худ ва ё исми падарашонро мегузоранд).

 

Инак, роҳи сафед:

 “қулфак”

“асоча”

“буҷулак”

 

Албатта бо мурури замон, забон худ оҳиста-оҳиста вазъеро  ба миён меоварад, ки баъзе калимаҳои “366 паҳлу дошта”  дар мавридҳои муаян фақат як мазмун ва ё функсияро ифода мекунанд.

 

Сабоҳат Қаландарова, Гимназияи “Тоҷикистон”

Ҳафиз Қаландаров, мутахассиси технологияҳои иттилоотӣ

 

19 Комментарии

  1. Ман ҳам дар радио ном бурдани «санҷобак»-ро шунида будам. Итолёвиҳо кайҳо боз онро санҷобак меноманд. Касе аз Итолёвиҳо онро гирифта ба тоҷикӣ гардонидааст. Магар хуб намешуд, ки номе монем ба ин аломат,ки танҳо дар Тоҷикистон истифода бурда шавад?

    • Албатта, хело хуб мешавад. Аллакай ба фикрам вакташ расидааст, ки мафхумхои интернетиро бо калимахои точики тарчума кунем, чунки эхтиёчот мавчуд аст, аммо дар амал хар як сохиби сомона бо фикри худ тарчума мекунад. дар натича як мафхум якчанд тарчумаи гуногун мегирад, ки на хама вакт фахмо аст. Агар ягон фарханг ё лугате бошад, ки ин тарчумахои вожахои интернетиро дошта бошаду онро дар байни хама веб-мастерхо таксим кунем, то ки хангоми сохтани сомонахои точики истифода баранд, пас Худо хохад забони ягонаи точикии точнетро хохем дошт

  2. Акаи Ҳофиз, Шумо беҳтарин масъаларо ба миён овардед. Ҳақиқатан дар вақти расонидани суроғаи интернетиамон бо телефон ё дар вақти гуфтугӯи озод мушкили мекашем:)
    Айни ҳол қариб тамоми интернетро суроғаҳояш бо ҳарфҳои лотинианд, аз он ҷумла blogiston.tj! Албатта ҳастанд доменҳо бо ҳарфҳои кирилӣ. Масалан ин ҷо акаи Рустам ва садҳо, шояд ҳазорҳо тоҷикони дигар орзуи доштани забони тоҷнетро доранд.
    Агар боз ҳарфҳои тоҷикӣ дар суроғаҳо ва фармонҳои асосии инет ҷой меёфтанд, хело хуб мешуд.
    Масалан сомона ҳаст бо ҳарфҳои кирилии русӣ вахдат.рф! Охир чаро «рф»? Чаро «тҷ» не?

    • Дар ин маврид ба як мушкилии чиддие ру ба ру мешавем — намхамаи компютеру тефонхои руи олам харфхои точики ва хатто кирилли доранд. Пас онхо имконияти ба сомонахои дорои .тч даромада наметавонанд.
      Аз ин чихат, дар сурогаи сомона истифода шудани харфхои лотини афзалияти хеле калон дорад.

  3. Шумо, акаи Рустам, ягон бор ба сомонаҳои чинӣ(хитоӣ) даромадаед? Ё ба сомонаҳои ҷопонӣ? Не ба фикрам! Агар дароед ҳам, ягон чизро нахоҳед фаҳмид:)! Ин чунин низ онҳо ба сомонаи мо ворид намешаванд.
    Агар масалан тоҷике ба Ҷопон рафт, масалан ин сафари ҳунарӣ буд. Ӯ бегоҳ хост ба сомонаи блогистон.тҷ ворид шавад, аммо мебинад, ки дар клавиатура ҳарфҳои кирилӣ нест. Дар ин ҳолат ӯ чӣ кор карда метавонад? translate.google.ru ворид мешавад ва аз онҷо аз забони ҷопонӣ ба забони тоҷикиро интихоб мекунад ва менависад домени дилхоҳро ва ба сомона ворид мешавад.
    Лекин 1 гапи дигар. Чаро то ҳол дар translate.google.ru ба забони тоҷикӣ ё аз забони тоҷики тарҷума кардан намешавад? Чаро забони тоҷикӣ дар он рӯйхати забонҳо НЕСТ?!

    • Аюбҷони гиромӣ!
      Ман низ оиди ҳамин сухан гуфтам, ки дар клавиатураҳои баъзе компютерҳои ҳатто ҳарфҳои оддии кириллӣ нест, тоҷикии кириллӣ он сӯ истад!
      Барои ҳамин айни мақсад мешуморам, ки суроғаҳои сомонаҳо бо ҳарфҳои лотинӣ БОҚӢ бимонанд!
      🙂

      • Эҳ…..Агар одам одамро мефаҳмиду бахиливу рашку ҳар гуна эмоқияҳои манфӣ аз байн мерафту 1 забон ва 1 хат барои тамоми сайёра пайдо мешуд ва тамоми мардуми сайёра ҳамчун мардуми Замин шинохта мешуданд ва ҳамчун дӯсту бародар, ҳамчун 1 оилаи бузург зиндагонӣ мекарданд, Замин ба биҳишт табдил меёфт:) Каме орзу кардем, да:)

        • Чи хеле ки барои муттахид намудани миллати алохида барои он аксаран «душмани умуми» лозим аст, барои ахолии Замин низ барои муттахидшавиаш «душмани умуми» лозим аст. Фарз кардем, ки намояндагони дигар сайёрахо — инопланетянхо ба Замин хучум мекунанд! Танхо дар ин маврид мо муттахид мешавем 🙂

          • хехе, ки медонад….Боз амрикоихо бо онхо сулх мебанданд ва боз хамаро ба манфиати худ истифода мебаранд.:)

  4. Сомона = сайт?… И-майл = e-mail?… кто такой перевод сделал? Давно такого бреда не слышал! 😮 Если даже перевели, то переводите нормально. «E-mail» например это «electronic mail», а «И-майл» что? «ilectronic mile»?
    Я просто в а*уе друзья и товарищи.

  5. Сомона = сайт?
    Охир бисёрихо ба ин калима одат кардаанд.
    И-майл — ин дар ҳаққиқат калимаи «безеб» асосан инро «почтаи электрони» мегуянд, ки хам дуруст хаст ба фикрам ва хам гушхарош нест

  6. [quote]Сомона = сайт?
    Охир бисёрихо ба ин калима одат кардаанд.[/quote]
    budu blagodaren elsi mne obyasnite otkuda eto slovo vzyalos? s 9 veka, so vremen Samanidov? ili?… Ya ne predstavlyayu kak v razgovore eto slovo upotreblyat. 🙂
    Spasibo

    • Я тоже за то, что эти слова остались международными. Слова типа sait-сайт. Ну вот «electronic mail» по моему переводить возможно…:)

    • Я вот тоже думаю, откуда вообще (да и КТО?) решили, что слово «сайт» следует перевести как «сомона»?
      Причем тут вообще «сомона». Если исходить из смысла слова «сомон», то его употребляют в значении «нечто довести до конца», «доделать».
      «Ба сомон расонидани кор» — «Довести дело до конца».
      Исходя из этого, следует, что слово «сомона» имеет значение «нечто, доведенное до конца (своего наилучшего состояния)».
      Может быть именно с таким смыслом и переводили. Однако, до сих пор никто из этих переводчиков, насколько я знаю, не удосужился объяснить почему именно «сомона».

  7. E-mail — почтаи электрони, агар хато накунам. кӯтоҳаш э-почта пазирост?:)

    • daje slovo pochta ne tajikskoe slovo 🙂 poluchaetsya slovo «electronic» eto angliyskoe + «pochta» russkoe = tajikskiy perevod «pochtai electroni» ili «e-pochta» ya vot dumayu zachem izibretat velosiped kogda uje vse pridumano? ostavili by slovo «site» 🙂 vi soglasny s moim mneniem?

      • ostavili by slovo «site» vi soglasny s moim mneniem? да, разумеется. У меня именно для того чтоб улучшить уровень знание «ИНФОРМАТИКА» есть проект в плане. Вчера у меня появился идея проекта…. чтоб не спамить этот блок, отправь мне авторизацию на «ilectronic mile» tojikitojikistoni95@mail.ru

Напишите свой комментарий