СМС-МАРГ

 

Дардрезахои шахри гурбат…

 

СМС-МАРГ

 

Гулнора худ зодаи шахри Хучанд аст. Муддати 7 сол аст ки дар шахри Санкт-Петербург  ба фурушандаги машгул шуда аз ин хисоб зиндагии оилавиашонро ба пеш мебарад. Гулнора сохиби ду духтарча буда аз шавхари  нашъамандаш кайхо чудо шудааст. Аввал дар шахри Самара ба тичорат машгул шуда кам кам ба духтаронаш пул мефиристод. Аммо баъди нобарор шудани корхояш ру ба шахри Питер овард. Дар инчо хамин тавр насиба будааст ки мукими шуд. Се сол пештар ба ватан сафар карда буду хамин тавр дигар натавонист ки наздиконашро хабар гирад. Дар ватан як модари мехрубону ду хохар дошт. Фарзандонашро модараш нигохубин мекард. 

Шаби 25уми август. Барои Гулнора шаби шумтарин аст. У намози шомашро ба чо оварду сари чойнамоз лахзае сукут кард. гумонаш ки дилаш худ ба худ сиёх шуд. Хамин вакт телефони мобилиаш беист дурудароз занг задан гирифт. У аввал ахамияте надод. Гумонаш ки шояд боз ба хохараш пул даркор шудагист. Мохи рамазон буд. 

…Аввал рузаамро кушоям, баъд ба хона телефон мекунам. -аз дил гузаронид Гулнора. 

Аммо калбаш аз пешомади нохуше хабар додаги барин у аз чой бархесту як култ об нушида нияти кушодани рузаро карду телефонашро гирифт. Кариб 10 то хабари телефони(смс) омада буд. Кушоду дод гуфт:

…..Гулнорачон, биё зудтар…..

…гулнорачон очачонамон…………….

гулнора биё ….тамом…очамон мурд…….

Таги катора мондааст…………..

Биё, очачонамон мурд…дар ин дунё бе кас мондем.

Гулнора доду вой кунон телефонро ба замин партофту охи пурфигоне кашиду вой дарег гуфт:

Пеши чашмонаш охирин дидор, вопасин сухбати ширини модар падид омаду навха бардошт. 

Модар уро то фурудгохи хавои оварду гирякунон гуфт:

-Гули очачон бас аст гариби. Замин гирифти акнун бас дар мулки мардум сарсониву парешони. Биё пеши кудаконат. Аллакай онхо калон шуда ба синни аруси расидаанд. Ман мисли офтоби кухам. Имруз хастам пагох нестам. Ту худата барои духтараконат эхтиёт кун. Мулки мардум хеч гох азиз намегардад. Ватан новобаста аз хама баду некаш ватан аст. Биё, зудтар…………

Гулнора додгуён шитобон субх чипта хариду рохи ватанро пеш гирифт.

ШАХЛОИ НАЧМИДДИН

One Comment

Добавить комментарий

Войти с помощью соцсетей 

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *