Шикоят ба Президент аз болои Вазорати маориф

 

Ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Эмомалӣ Раҳмон

 

Рӯзҳои наздик номаи вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ректорҳои донишгоҳҳо аз санаи 08.10.2012 с. таҳти №05/2-414 бо матни зерин ирсол гардидааст:

«Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маълумоти Шумо мерасонад, ки гузаронидани ҳама гуна конференсия, семинар ва ҳамоишҳо бо донишҷӯён аз ҷониби ташкилотҳо ва созмонҳои байналмилалӣ хилофи қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Аз ин рӯ ба Шумо дастур дода мешавад, ки масъалаи мазкурро ҷиддӣ назорат намуда, барои иштирок нанамудани донишҷӯён дар чунин чорабиниҳо тадбирҳои мушаххас андешед.»

Номаи мазкур таҳти имзои Муовини аввали Вазир Ф. Раҳимов ирсол гаштааст.

Дар ҳолати он, ки низоми маорифи Ҷумҳурӣ сар то по ба фасод задааст; дар ҳоле, ик сифати маълумоте, ки дар муассисаҳои таълимӣ медиҳанд, ба дараҷааш паст шуда истодааст; дар ҳоле, ки тақрибан ҳамаи ҷавонони фаъоле, ки дар ҳаёти ҷамъиятии кишвар иштирок меварзанд, бо ин ё он васила донишу малакаҳои ҷамъиятии худро дар ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва курҳои гуногуни ташкилотҳои байналхалқӣ мегиранд; дар ҳоле, ки ташкилотҳои ҷамъятӣ қисми зиёди маъракаҳои ҷамъиятии худро дар соҳаи кор бо ҷавонон маҳз ба донишҷӯён равона месозанд; дар ҳоле, ки қисми зиёд ва асосии иштироккунандагони ҷавони семинару тренингҳо ва маъракаҳои дигари таълимии ташкилотҳои гуногуни ҷамъиятӣ ва байналмиллалии дар Ҷумҳурии Тоҷикистон амалкунанда донишҷӯён мебошанд, ин гуна талаботҳои Вазорати маориф умуман ғайриқонунӣ ва зиддиконститутсионӣ мебошанд.

Пеш аз ҳама тасдиқоти Муовини вазири маориф, ки дар ҷумлаи якумаш омадааст, яъне «Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маълумоти Шумо мерасонад, ки гузаронидани ҳама гуна конференсия, семинар ва ҳамоишҳо бо донишҷӯён аз ҷониби ташкилотҳо ва созмонҳои байналмилалӣ хилофи қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад» бо кадом мақсад омадааст?

Аз он маълум мешавад, ки ҷаноби Раҳимов Ф. якбора бо ин як ҷумлаи худ ду институти калонро гунаҳкор меҳисобад:

Аз як тараф ҷаноби Раҳимов Ф. фаъолити ҳамаи ташкилоту созмонҳои байналмилалиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон «хилофи қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва онҳоро бо ин роҳ ба фаъолияти берун аз қонун гунаҳкор меҳисобад, ҳарчанд барои исботи ин суханони худ ягон моддаи ягон қонунро пеш намеорад.

Аз тарафи дигар ҷаноби Раҳимов Ф. бо ин суханони худ фаъолияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро низ эътироф намекунад ва иҷозатеро, ки ин Ҳукумат ба ташкилотҳои амалкунанда барои фаъолият додааст, умуман ба назар намегирад.

Аз ҷумла ҷоизи қайд аст, ки чунин талаботҳо, ки Вазорати маориф ба ректорони донишгоҳҳо фиристонидааст ва аз онҳо талаб намуда истодааст, ки ба иштироки донишҷӯён дар семинару конфронсҳои ташкилотҳо монеа шаванд, умуман зидди Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, мухолифи моддаҳои 28 ва 29-и он мебошанд, чунки ҳуқуқи донишҷӯёнро ба муттаҳидшавӣ ва иштирок дар ҳаёти ҷамъиятӣ нақз менамоянд.

Ан ин рӯ, бо дастрасии моддаи 31 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Шумо муроҷиат намуда, хоҳиш менамоем, ки нисбати чунин талаботҳои ғайриқонунии Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҳои зарурӣ андешида, барои шахсони ба ин талаботи ғайриқонунӣ дахлдоштаро ба ҷавобгарӣ кашидан мусоидат намоед.

Бо эҳтиром, шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулов Рустам!


letter

18 комментариев

  1. Тахмина

    Спасибо большое, Рустам. Ознакомилась с ответом и вашей публикацией. Будем ждать дальше. Если есть возможность, пожалуйста, держите нас в курсе по данному поводу.

  2. muHAMMAD

    akai rustam ba maktabi 6o raftam LEK NASHUD KABUL NAKARDAN DREKTIRASH ROZIKOV KUT KI RAFTA BA PRIZDEN SHIKOYAT KUN MAN KABUL NAMEKUNAM BA SUD RAFTAM ONJO GUFT BO YAGON ODAMI KALON BIE MAN HECH KAS NADORAM ILTIMOS BA MAN KUMAK KUNED??

  3. muHAMMAD

    akai rustam ba maktabi 6o raftam LEK NASHUD KABUL NAKARDAN DREKTIRASH ROZIKOV KUT KI RAFTA BA PRIZDEN SHIKOYAT KUN MAN KABUL NAMEKUNAM BA SUD RAFTAM ONJO GUFT BO YAGON ODAMI KALON BIE MAN HECH KAS NADORAM ILTIMOS BA MAN KUMAK KUNED??

  4. nasiba

    SALOM BA HUKUMATI SHAHR MAN NASIBA PADAR MODAR NADORAM SHAROIT NADORAM KI ZINDAGIAMRO PESH BARAM BA KUMAKI SHUMO EHTIEJ DORAM BA MAN YAGON MASLIHATI MUFID DIHED KI ZINDAGIAM XUB SHAVAD???????????????

  5. Анвар

    Дар баробари навиштани аризаи  худ ба Шумо маълум мекунам,ки  хохари ман Хакимова Нозанин дар мактаби тахсилоти умуми №2 –и шахри Кургонтеппа дар гурухи забонхои руси дар синфи 2-уми «в» мехонад ва рохбари синфашон омузгор Светлана Николаевна мебошад.
    Сабаби бо ин аризаи шикояти мурочиатам дар он аст,ки рохбари синфи он Светлана Николаевна нисбати тарбияи ва таълим додани хохари ман бо тарики бояду шояд дикате надода вазифаи касбии худро ичор намекунад, аз он чумла дар рузномаи хохаи ман Хакимова Нозанин аз сабаби  камбизотат будани мо диккате надода хондани кудакро бахогузори намекунад. Дар натичаи бахогузори накардани хондани кудак дар рузномааш,, на ман ва модарам наметавонем,ки чараёни таълиму арбияи кудакро назорат карда сатхи донишу тарбияи кудакро маълумо гирем.
    Ман худ мачбур шудам,ки  ба диретори мактаби номбурда ва рохибари синфи хохарамСветлана Николаевна мурочиат карда, сабаби дар рузномаи кудак бахогузори накардаи муалимаро ва ахимяти надодани кудакро пурсон шудам.
      Вале Светлана Никалаевна аз рузи гарази бадбини бо ман ва модарам мегуяд,ки  кудакатонро ман таълиму тарбия намедихам, кудакатонро гирифта ба дигар мактаб баред.
    Омузгор Светлана Никоаевна аз руи бадбини хохари манро тарбияву таъли надода, дарси иловаги намедихад. 
    Ман оиди бемасъулияти муаллима Светлана Николаевна ба шуъбаи маорифи ш.Кургонтеппа мурочиат кардам.
    Муалима Светлана Николаевна  боз хам нисбати хохари ман харазу бадбинии худро давом дода кудакро сарзаниш  карда, таълим намедихад. Дар натичаи ин хохари  ман аз таълим дур монда, дига бо мактаб намеравад.
     
      Дар ин асос бо ин асос аз Шумо хохиш мекунам,ки  нисбати муалиммаи Светлана Николаевна  барои  ин киридорхоя чорахои конуниро андешед рафти дарси кудакаро ба навор гиред рафти дарсро бахо дихед ва нагузоред,ки ин гуна омузгорон  дар таълиму тарбияи кудакаон  муалллим шуда бо гаразбини кор кунанд.
     
    Аризадиханда                         Хакимов А.   
     
      

  6. Donyor

    Ассалому алайкум акай Рустам! Акай Рустам оё мактабхои миёна ухдадор астанд ки, хонандагонро ба китобхои дарси таьмин кунанд?Ва дуюм ин ки,нисбати омузгорон ба кучо шикоят кунем токи моро сидкан гуш кунанд…маро бубахшед ин муаллимон ваапше абарзет кардагианд.ба оилахои камбизоат дикате намедиханд.

    1. In sha Allah ҳаракат мекунам ин масъаларо мушаххас намуда, дертар нависам.
      Оиди шикоят — аз роҳбарияти мактаб сар карда, то вазири маориф. Ҳамаи онҳо ваколатдоранд, ки чора андешанд.

      1. Donyor

        Чунки хонандагоне астанд ки,оилаашон камбизоат астанд онхо имкониати китоб харидан надоранд,ва онхоро дарс таер карданашон даркор,лекин китоб надоранд,ингуна оилахоро ба Назар мегирад маьориф еки не?

Добавить комментарий

Войти с помощью соцсетей 

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *