Шакл ва роҳҳои ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунадагон


Ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ин маҷмӯи чораҳо ва амалҳои давлатӣ ва ҷамъиятие мебошад, ки барои ба танзим даровардани муносибатҳои байни истеъмолкунандагон ва истеҳсолкунандагон, иҷрокунандагон, фурӯшандагонро ҳангоми фурӯши мол ба танзим дароварда, ба ҳимоя намудани ҳуқуқи истеъмолкунандаи алоҳида ва ё гуруҳи номуайяни истеъмолкунандагон равона карда шудааст.
Пеш аз он, ки дар бораи ҳуқуқи истеъмолкунандагон сухан ронем, ба мо зарур аст, ки пеш аз ҳама худ мафҳуми Истеъмолкунандаро шарҳ диҳем ва онро хуб дарк намоем. Пас истеъмолкунанда кист?
Мутобиқи моддаи 1 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон” истеъмолкунанда – шахси воқеӣ ё ҳуқуқие, ки ният дорад мол (иҷрои кор, хизматрасонӣ) – ро фармоиш диҳад ё харидорӣ намояд, ё худ онҳоро танҳо барои эҳтиёҷоти шахсӣ, оилавӣ, рӯзгор ва ғайра, ки бо анҷом додани фаъолияти соҳибкорӣ алоқаманд намебошанд, истифода намояд.
Барои ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон якчанд тарзу усулҳо ва роҳҳои қонунӣ мавҷуданд, аз ҷумла:
Худҳимоя. Ҳангоми вайрон шудани он ҳуқуқҳои, ки дар қонунгузорӣ мустаҳкам карда шудааст, истеъмолкунанда метавонад худ барои ҳимояи ҳуқуқҳояш бевосита ба фурӯшанда ё иҷрокунандаи кору хизматрасонӣ муроҷиат намояд. Дар чунин ҳолатҳо истеъмолкунанда метавонад, моли аз мағоза ё бозор харидаашро ба мағоза (бозор) оварда, талаб намояд, ки моли бесифат ё моли номуносиб ба моли бо сифат ва ё моли муносиб иваз карда шавад ва ё ӯ метавонад талаб намояд, ки маблағи барои моли мазкур пардохт гардида, баргардонида шавад. Дар сурати бо роҳи созиш ҳал нашудани муаммо ё барқарор нагардидани ҳуқуқи истеъмолкунанда ӯ метавонд мустақилона бо навиштани иддао ба фурӯшанда ё истеҳсолкунанда муроҷиат намояд.
Ҳимояи давлатӣ. Назорати давлатӣ оид ба риоя ва иҷрои талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон аз ҷониби мақоми давлатии зиддиинҳисорӣ (сохторҳои минтақавии он) амалӣ мегардад. Ҳамчунин барои ҳимояи ҳуқуқи худ истеъмолкунанда метавонад ба мақомоти “Тоҷикстандарт”, мақомоти назорати санитарию эпидемиологӣ, мақомоти экспертиза ва сертификатсияи маҳсулоти фармасевтӣ ва молҳои таъинотӣ тиббӣ ва дигар мақомотҳои давалатӣ муроҷиат намояд. Бо мақсади ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон дар назди мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ сохторҳои дахлдор ташкил карда мешаванд. Дар айни замон чунин сохторҳо ба монанди марказҳои машваратӣ оид ба ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон таъсис дода шудаанд, аммо кору фаъолияти онҳо ба таври лозима ба роҳ монда нашудааст.
Ҳимояи ҷамъиятӣ. Шаҳрвандон ҳуқуқи ихтиёран дар иттиҳодияҳои ҷамъиятии истеъмолкунандагон (ассотсиатсия, иттифоқҳои онҳо) муттаҳид шуданро доранд. Дар сурати дар кишвар амал намудани он иттҳодияҳои ҷамъитие, ки аз рӯи оинномаашон ҳуқуқи истеъмолкунандагонро ҳимоя мекунанд, истеъмолкунанда ҳуқуқ дорад ба онҳо барои мусоидат намудан ба ҳимояи ҳуқуқҳои пешбинӣ намудаи қонунгузорӣ ва барқарор намудани чунин ҳуқуқҳо муроҷиат намояд. Дар навбати худ қонунгузорӣ ба чунин иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ барои ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон салоҳиятҳои муайянро додааст, аз ҷумла яке аз салоҳиятҳои муҳими чунин иттиҳодияҳо ин барои ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ба суд муроҷиат намудан мебошад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон Ташкилоти ҷамъиятии “Иттифоқи истеъмолкунандагони Тоҷикистон” фаъолият мебарад, ки ҳуқуқшиносони ин ташкилот ҳамарӯза барои ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон мубориза мебаранд.
Албатта, ҳар як истеъмолкунанда дар интихоби роҳ ва усули ҳимояи ҳуқуқи худ мустақил мебошад ва ӯ метавонад дар як вақт аз ҳар се шакли ҳимояи ҳуқуқҳои худ ҳамчун истеъмолкунанда истифода барад.
Дар ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон мақомоти судӣ нақши калидӣ дорад, зеро новобаста аз он, ки кадом шакл, усул ё роҳи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон аз ҷониби истеъмолкунанда интихоб карда мешавад, дар ниҳояти кор худи истеъмолкунанда, мақомотҳои давлатӣ ё иттиҳодияҳои ҷамъиятии истеъмолкунандагон барои ҳимоя ва барқарор намдуани ҳуқуқи истеъмолкунанда ба суд муроҷиат менамоянд.
Мутобиқи моддаи 17 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон” ҳуқуқҳои дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинигардидаи истеъмолкунандагонро суд ҳимоя мекунад.
Даъвоҳо ба суди маҳалли зисти даъвогар ё маҳалли ҷойгиршавии ҷавобгар ва ё маҳалли зарари расида пешниҳод карда мешаванд.
Мақоми давлатии зиддиинҳисорӣ (сохторҳои минтақавии он), мақомоти давлатии ваколатдор (сохторҳои минтақавии онҳо), ки ба сифат ва бехатарии мол (кор, хизматрасонӣ) назорат мекунанд, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятии истеъмолкунандагон (иттифоқҳо ва ассотсиатсияҳои онҳо) доир ба даъвоҳое, ки ба манфиати истеъмолкунандагон, гурӯҳи истеъмолкунандагон, гурӯҳи номуайяни истеъмолкунандагон пешниҳод мекунанд, бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз пардохти боҷи давлатӣ озод карда мешаванд.
Дар қонун оиди аз пардохти боҷи давлатӣ озод будани худи истеъмолкунанда ҳангоми муроҷиат ба суд чизе пешбинӣ нашудааст. Пас агар худи истеъмолкунанда хоҳад, ки бе кӯмаки мақомотҳои ваколатдори давлатӣ ва ё иттиҳодияҳои ҷамъиятии истеъмолкунандагон ба суд оиди ҳимояи ҳуқуқҳои худ муроҷиат намояд, оё ӯ ӯҳдадор аст, ки боҷи давлатиро пардозад? Агар ҳа, пас оё ин ҳолат дуруст аст, ки истеъмолкунанда бояд боҷи давлатиро пардозад?

Что вы думаете об этом?