Мувофиқи қисми 1 моддаи 64 уми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Президент  Сарвари давлат ва ҳокимияти иҷроия аст.  Дар амалияи сиёсати чаҳони 2-навъи сарвари давлат вуҷуд  дорад. Яке президент ва дигаре монарх.

Ҳамин тариқ бори аввал 30 ноябр соли 1990 Қаҳҳор Маҳкамович Маҳкамов бо райъпурсии шаҳрвандони Тоҷикистон ба вазифаи Призиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид. Чи тавре ки дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудааст, ҳар шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки синнаш аз 35 боло буда, 10 соли охир дар кишвар зиндагӣ кардааст, метавонад барои интихоб шудан ба мансаби Призиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон номзадии худро пешбари намояд. Ҳамин тариқ 24-уми ноябри соли 1991 якуми интихоботи умумии Призиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон  гузаронида  шуд.  Дар ин интихобот Раҳмон Набиевич Набиев дувумин Призиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби халқ интихоб гардид. Таърих гувоҳ аст, ки Набиев чи тавр аз мансаби Президенти даст кашидааст.

 Ҳамин тавр 21 июли соли 1994 Қонуни дигар ”Дар бораи интихоботи Призидент Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар асоси он 6 – уми ноябри ҳамон сол дар ҳаёти кишвари мо ҳодисаи воқеан таърихӣ ба амал омад. Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Шарипович Раҳмонов сеюмин сарвари давлат аст, ки бо роҳи интихоботи умумӣ ба боварии халқи тоҷик сазовор шуд.


Дар Конститутсияи  Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба фаъолияти Президент як боби алоҳида боби 4 – ум бахшида шудааст. Президент маҳз дар асоси ҳамин боб фаъолият намуда, ба тамоми соҳаҳои ҳаёти кишвар роҳбарӣ мекунад. Як шахс паиҳам бештар аз ду мӯҳлат Президент шуда наметавонад.

Мувофиқ ба моддаи 67 – уми Конститутсия Президенти пеш аз оғози вазифа дар ҷаласаи якҷояи маҷлиси миллӣ ва маҷлиси намояндагон савганд ёд мекунад. Матни савганди Президент чунин аст: “Ман, ҳамчун Президент савганд ёд мекунам, ки Конститутсия ва қонунҳои Ҷумҳуриро ҳимоя менамоям, таъмини ҳуқуқ, озодиҳо ва шарафи шаҳрвандонро кафолат медиҳам, сарзамин, истиқлолияти иқтисодӣ ва фарҳангии Тоҷикистонро ҳифз мекунам ва ба халқ содиқона хизмат менамоям”. Дар матни савганд самтҳои асосии фаъолияти Сарвари давлат зикр шудаанд.

Президент дар доираи ваколатҳои худ аз рӯи 30 салоҳият кор ва фаъолият мебарад, ки дар моддаи 69 – уми Конститутсия пешбинӣ шудааст. 


Муаллиф: Ҷумаева Фарзона хонандаи синфи 8 

 

Школа № 24 (Б. Гафуров)

Официальный блог школы №24 Б. Гафуровского района

Latest posts by Школа № 24 (Б. Гафуров) (see all)