Сарқонун ё китоби афсонаҳо?

 

         Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро варақ мезанаму хаёл мекунам он моддаҳо барои ягон давлати дигар бошанд. Нобоварона бори дигар пасу пеши китобро мехонам ва соли нашрашро меҷӯям. Ба худ меандешам, ки шояд ин моддаҳо дар гузашта буданд ва ҳоло тағиротҳо ворид гардидаанд. Роёнаро ба кор андохта ба сомонаи интернетии mfa.tj рафтам ва ба мутолиаи қонунҳо дар он сомона шурӯъ намудам.

  Ҳайронии ман аз хондани  моддаи 5  сар шуд.

«моддаи 5. Инсон ҳуқуқ ва озодиҳои он арзишҳои олӣ мебошанд.

     Ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсон дахлнопазиранд.

    Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро давлат эътироф, риоя ва ҳифз менамояд.»

 

   Хонандаи муҳтарам, аз ин ҷумлаҳои дуруғини сарқонун хандаат омад ё гиря? Саросема нашав, ҳоло аҷоиботии ин ҷумлаҳои дуруғин дар пеш.

 

«моддаи 8. Ташкилотҳои динӣ аз давлат ҷудо буда, ба корҳои давлатӣ мудохила карда наметавонанд.»

  Пас барои чӣ дар масҷидҳо имомҳо ба корҳои давлатӣ мудохила карда, таърифу тавсиф ва тарғиби корҳои давлатӣ менамоянд?

 

«моддаи 10.  Давлат ва ҳамаи мақомоти он, шахсони мансабдор, шаҳрвандон ва иттиҳодияҳои онҳо вазифадоранд Конститутсия ва қонунҳои ҷумҳуриро риоя ва иҷро намоянд.»

    Аммо чаро дар амал танҳо шаҳрвандони бечора «қонунҳои ҷумҳуриро риоя ва иҷро» намуда , Давлат ва ҳамаи мақомоти ону шахсони мансабдор қонунҳои ҷумҳуриро писанд ва риояву иҷро намекунанд? Ё ин қонунҳо танҳо барои шаҳрвандон аст?

 

Порлумон дар назарам торафт як сехи истеҳсолкунандаи «Туалетная бумага» метобад.

 

Чаро коргарони сех, яъне вакилон моддаҳои конкретӣ ва воқеӣ  наменависанд? Масалан беҳтар нест, ки ба моддаи 13 вожаи «Хитой»-ро ҳамроҳ намуда чунин тағирот ворид намоем?

  «Замин, сарватҳои зеризаминӣ, об фазои ҳавоӣ, олами набототу ҳайвонот ва дигар боигарии табиӣ моликияти истисноии давлат мебошанд ва давлат истифодаи самараноки онҳоро ба манфиати халқи Хитой кафолат медиҳад»

 Ва баъд ба моддаи 1 чунин иловаҳо ворид намоем:

«Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Тоҷикистон ҳаммаъноянд, давлат – президент ва Эмомалӣ Раҳмон низ хаммаъноянд»

Бале дар тамоми Сарқонун калимаи «президент» бо калимаи «Эмомалӣ Раҳмон» иваз карда шавад. Чунки дигар кас президент шуда наметавонад ку, ва агар шавад ин аллакай ғайриқонунӣ хоҳад буд.

 

    Аз моддаи 14 боби дуюм доир ба ҳуқуқ, озодӣ, вазифаҳои асосии инсон ва шаҳрванд оғоз мешавад.

   «моддаи 14. Маҳдуд кардани ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрванд танҳо ба мақсади таъмини ҳуқуқ ва озодии дигарон, тартиботи ҷамъиятӣ, ҳимояи сохти конститутсионӣ ва тамомияти арзии ҷумҳурӣ раво дониста мешавад.»

Пас оё Зайд Саидов ба «ҳуқуқ ва озодии дигарон, тартиботи ҷамъиятӣ, ҳимояи сохти конститутсионӣ ва тамомияти арзии ҷумҳурӣ» таҳдид дошт, ки аз ҳавопаймо пояш ба замин нарасида озодияш маҳдуд шуд?

 

 

«моддаи 16. Шаҳрванди Тоҷикистон дар хориҷи кишвар таҳти ҳимояи давлат мебошад.»

Муҳтарам кормандони сех, ба ин модда илова намоед, ки «ба истиснои мардикорони Русия».

 

Фантастика! «моддаи 17. Ҳама дар назди қонун баробаранд.» Ин ҷумларо тамоман аз Сарқонун бурида партоед.

 Ё хайр ҳеҷ гап не як-як дар байни моддаҳо ҳаминхел ҳазлу шӯхӣ ҳам бошад хонандаи Сарқонун зиқ намешавад.

 

Ана боз як «анекдот»:

  «моддаи 18. Ба ҳеҷ кас шиканҷа, ҷазо ва муносибати ғайриинсонӣ раво дида намешавад.»

 

Дар моддаҳои 19 ва 20 омадааст: «Ҳар шахс аз лаҳзаи дастгир шудан метавонад аз ёрии адвокат истифода кунад….Ҳеҷ кас то эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳукми суд дар содир кардани  ҷиноят гунаҳгор дониста намешавад.»

  Пас чаро Зайд Саидовро тариқи ТвСафина бе ҳукми суд  гунаҳкору ҷинояткор эълон намуданд?

 

«Анекдот»-и навбатӣ барои донишҷӯйҳо:

 «моддаи 29. Шаҳрванд ҳақ дорад дар маҷлис, гирдиҳамоӣ, намоиш, раҳпаймоии осоишта, ки қонун муқарар кардааст, ширкат варзад.

  Ҳеҷ касро ба ин тадбирҳо маҷбуран ҷалб кардан мумкин нест.»

Ин моддаро ду рӯз пеш таҳдиди омӯзгорону декану ректорҳои Донишгоҳҳо пачақ-мачақ карда партофт, «касе ба дави миллӣ наояд «зачет» намемонам!».

 

Аслан пачақ-мачақшавии Сарқонун аз болои боло аз номзадгузорӣ дар интихоботи президентӣ оғоз меёбаду бо муаллимҳо ба поён мерасад. Барои онҳо Сарқонун коғазпорае беш нест.

  

     Мисолҳои бешумореанд, ки мақомоту мансабдорон қонуншиканӣ карда, боиси беқадршавии Сарқонун мегарданд.

    Масалан, «Облава» кардани ҷавонон, қонуни номзадӣ ва интихоби президент, маҳдуд намудани сомонаҳо, дахлпазирӣ ба дахолатнопазирии вакили мардумӣ Зайд Саидов, бе роҳи алтернативӣ пулакӣ кардани роҳ аз тарафи IRS, фишор ба дигарандешон ва тағобозию маҳалгароии мансабдорону порахурии давлатдорон аз А то Я.

 

    Саросари Сарқонун пур аз суханҳои ширину дурӯғине, ки худи давлатдорон онро риоя намекунанд. Агар идома диҳам, гигабайтҳои ин сомона камӣ мекунад. Беҳтараш худатон як ба даст гирифта хонеду бихандед ва ё бигирйед..

Ин ҳолу аҳволро дида рубоии Умари Хайём ба хотирам меояд:

  Гар бар фалакам даст будӣ чун Яздон,

  Бардоштаме ман ин фалакро зи миён…

 

 

1 Kомментарий

  1. дар аввал хандаи одам меояд
    пас — гиря
    аммо дар охир мефахми, ки на ину на он хеч асаре надорад ва харакат мекуни ё амалияро иваз намои, то ки ба Сарконун мувофик бошад, ё аз ин давлат баромада рави …

Напишите свой комментарий