Умуман ҳамин хел шуда, ки дар ҳар давру замон пешвое пайдо мешавад. Гурӯҳи одамоне, ки барои шикор кардан, ғорат кардани корвоне ва ё чизи дигаре, гирди ҳам меоянд ва инҷо нафаре медонад ин корро чӣ гуна кард (ё намедонад, вале нотарс аст) ва фармон медиҳад, дигарон ӯро гуш мекунанд. Ҳамин тавр сохторҳое таъсис шуданд, ки «медонанд» чӣ кор кунанд — чӣ хоҳад шуд ва дар худ бешумореро мутаҳҳид карданд.
Аз рӯи мафкураи ғарбиён бояд давлат барои некуаҳволии халқ хизмат кунад ва ҳеҷ гоҳ баръакс не! Агар вай конунҳои хубу иҷрошаванд қабул карда, иҷроишу риояи онҳоро таъмин кунад, пас аҳволи халқ хуб мешавад ва чунин давлат хуб аст. Тафаккури мавзуӣ бошад, чунин аст, ки шоҳ шабу рӯз дар бораи халқ фикр мекунад, чӣ хел халқро хӯронам, пушонам, ба кор таъмин кунам ва дар чунин фикр шоҳро шабу рӯз истироҳате нест. Дар ҳолати беморӣ боз бемор мехоҳад давлат ба ӯ фаҳмонад, ки баро чӣ бояд вай умрашро гузаронад. Ва лоиқ медонанд аз гуруснагию фақр, бемориву дармондагӣ миллионҳо бимиранд то давлате сохта шавад, ки халқи худро дӯст бидорад.
Дорандагони мафкураи ғуломӣ шадидан ба роҳбари худкома ниёз доранд. Системаи сиёсии мураккаб мувофиқ намеояд, бояд роҳбаре бошад, бояд дасти зуре сари онҳо бошад, ки ҳамаи мушкилоти онҳоро ҳал кунад, агар ба он дуруст ва ҳар кадоме беҳтар аз дигаре таъзим кунанд. Дар мафкураи ғулом ҳато фикри он пайдо намешавад, ки ин сардор идоракунандаи хуб нест, бояд ба вай дар ин бора сухан гуфт ва ё ҳатто аз тахт барканор кард, не, баръакс – халқ ҳама мамнуну миннатдоранд, мо ба ту барин роҳбар сазовор нестем, бубахш моро…боз дар ҳаҷми се карата азоб мекашем…
Табиист, ки давлат мафкураи ғуломиро меписандад, ба ӯ ғайри он лозим нест, то таъкид созад ва талаб намояд, ки давлат аз «корҳои муҳим» масофа гирад. Аз ҳамин замина мафкураи ғуломӣ тавассути ақидаҳои патриотӣ боз зиёдтар дар мағзҳо сабт карда мешавад. Онҳое, ки дигаргунӣ мехоҳанд, муҷозот мешаванд. 
Шаклгирии «менталитети ғуломӣ» 
Мафкураи ғуломӣ аз асри биринҷӣ маълум аст. Амалкарди Мусо паёмбар дар хусуси чил сол то ба Фаластин бурдани яҳудони аз дасти Фиръавн раҳо кардааш аз барои он буд, ки то расидан, насли наве таваллуд шаваду ба воя расад, ки аз мафкураи ғуломӣ раҳо шуда бошад. Чӣ фикр доред, барои чӣ дар Грекистони кадим ғуломони грекӣ нигоҳ дошта намешуданд? Ин на аз барои он буд , ки онҳо намехостанд, ҳаммиллатони худро нигоҳ доранд, он вақтҳо мафкураи маҳалу ҳамзистӣ набуд, аз барои он буд, ки грекҳо мафкураи ғуломӣ надоштанд. Нисбат ба онҳо аҷнабиён хусусан форсҳо мафкураи ғуломӣ доштанд ва ин ба соҳибони вақт хеле писанд буд. Дар ҳамон вақт низ ғуломони грекӣ имконияти идораи амволу соҳиб шудан ба ғулом доштанд, вале хама дар маҷмуъ моли соҳиб ҳисоб мешуд, дар ин замина ғуломони мафкураи ғуломӣ дошта аз барои мутақилият ҳаракате намекарданд.…
Нишонаҳо 
Беандоза дустдории роҳбар;
Фикре, ки роҳбари нек ҳама мушкилотро ҳал мекунад ва зердастони «бадро» ҷазо медиҳад;
Нокомиҳои роҳбар аз зердастонаш мебошад, онҳо коре дуруст карда наметавонанд, таҷриба ва ҷуръат надоранд, ҳамаашон гунаҳгоранд, вале на роҳбар;
Ҳирс ва рағбати чизи бедарди миёне, ки аз боло ба намуди масалан, тӯҳфа меояд, инчунин ҳангоми ба дастоварии чунин як «дастовард» мағурияти беандоза;
Бадбинӣ нисбати ҳамаи онҳое, ки бо меҳнати худ соҳиби чизе шудаанд;
Бадбинӣ нисбати ҳамаи онҳое, ки дасти зуру ноадолатиро маҳкум мекунанд;
Асосан мафкураи ғуломӣ дар худ беҷуръатӣ ва беҳаракатиеро фаро мегирад, ки бе зарбае аз берун фаъолиятеро оғоз нахоҳад кард.
Кӣ гунаҳгор?
Менталитети ғуломӣ ирсӣ аст, ва он боз бо тарбия комил мешавад. Бузург шудани тухми тарс ва шоха задании он пеши чашмро мегирад, то аз шинохти хақи худ ғофил бимонӣ. Мафкураи ғуломӣ имконияти фикронии маҳдуд дорад, бояд бе шаке ҳама фармонҳо қабул ва иҷро шаванд. Хоҳиши таъғйири чизе мустақилона набояд, ки бошад. Бояд ингуна ашхос аз рӯи хати кашидаи каси дигаре харакат бикунанд ва зинҳор қадаме бояд берун назананд, то гумроҳ нашаванд. Тарси таъғйирот, пешрафт, ба ӯҳдагирии қисмати худ мафкураи ғуломиро вусъат додааст. Камтарин мисол меорам, ки ба иҷрои хидмате бо шунидани «рахмат» қаноат пеша мешавад, дар ҳоле, ки гуфтани «раҳмат» дар баробари иҷрои коре чизе бештар аз одоб нест. Яъне метавон раҳмат қабул кард дар ҳама ҳолатҳо, вале ҳақи кор асоситар аст. Ҳангоми иҷрои кор бо ин мафкура чунин хулоса мешавад, ки ҳатто ба ман раҳмат нагуфтанд! Таъкидҳо – тарбияҳо шоя мавриди авваланд, то мафкураи ғуломӣ нест нашавад. 
Табобат
Чандин кушишҳо шуда, ки ниёгон бигуянд, ки «ҷои хор хор бошу ҷои гул гул, бо бадон бад бошу бо некон наку», аммо раванд дигар намешавад. Шояд ҳам пурсед барои чӣ табоат гирифт аз ин мафкура? Шахси озоде кӣ пеши худ мақсад мегузорад ва онҳоро амалӣ месозад, муваффақтар аз он аст, ки зери тозиёнае ҳаракате мекунад. Ва бо интизори рахматномае, медале, мошин, хона ва ё ниҳоят нафақаи хубе умр барбод медиҳаду ба моликияти орзукардааш норасида, мемирад. Дар мафкураи фарзандон бояд мафкураи озодро ҷой дод, то онҳо дигар ҳар саҳар бедоркуниву супоришдиҳиву пешрафткуниву муҷозотро аз мо интизор нашаванд ва худ ҳаракат кунанд ва соҳиби чизе шаванд. Вақте дар мафкура эҳтиёҷи қабули танбеҳ рад мешаваду бе маҷбурияте аз берун ба иҷрои мақсадҳо кушиш меравад, ин саломатиест, ки аз мафкураи ғуломӣ табобат шудааст.
Охирсухан 
Ба донишҷуёне, ки дарс намехонанд ва мунтазири онанд, ки ман тарсонамшон, ки баҳои ду мегузорам бихонед, чунин мегуям, ки ба Шумо баҳои ду намегузорам, масъулияти фардои худро худ ба даст гиред, зери тозиёнаи устод нахонед, то ҳаёт бароятон баҳои ду нагузорад, ки он гоҳ дер мешавад. 
Ихтиёран ояндасоз шудани шахс раҳоӣ аз менталитети ғуломӣ аст, онгоҳ ва танҳо онгоҳ эҳтиёҷе ба роҳбари худкома ва дасти зуре намемонад. Дар дигар ҳолатҳо дасти зур болои насли мафкураи ғуломӣ дошта бояд бошад, то аз моликияту амнияти ниҳоят маҳдуди худ, тамоман маҳрум нашавад.