Салоҳиятҳои калидӣ барои соли 2020

Вақтҳои охир мавзӯи салоҳиятҳои асри 21 хело ва хело таваҷҷуҳи маро ба худ ҷалб намуда истодааст. Ман тасмим гирифтам, ки дар бораи 10 салоҳиятҳое, ки дар соли 2020 аз ҳама талабгортар мешаванд, нависам. Таҳлилгарони World Economic Forum пешгӯи намуданд, ки дар соли 2020 кадом салоҳиятҳо аз ҳама бештар серталаб мешаванд.
Аз диди таҳлилгарони байналхалқӣ назар ба соли 2015 дар соли 2020 зиёда аз 35% салоҳиятҳои калидии серталаб тағйир меёбанд. Дар мақолаи мазкур ин тағйиротҳо дида баромада мешаванд.
Соли 2020 ба мисли соли 2015 ҷои аввалро вобаста ба сатҳи талабот салоҳияти “маҳорати ҳалли вазифаҳои мушкил” (Complex Problem Solving) ишғол менамояд. Аммо аллакай дар соли 2020 талабот ба дорандагони чунин салоҳият ба 52% афзоиш меёбад.
Дар ҷои дуюм соли 2020 салоҳияти “мулоҳизаронии интиқодӣ” ҷойгир карда шудааст, ки он дар соли 2015 вобаста ба сатҳи муҳимият дар ҷои чорум қарор дошт. Салоҳияти мазкур ҳатто дар пешгӯиҳои 10-15 сола ҳам ба шумори салоҳиятҳои калидӣ дохил мешавад. Ин салоҳият бинобар мавҷуд будани маълумоти хело зиёд дар шабакаи интернетӣ хело муҳим мебошад, зеро маҳорати интихоби маълумоти дуруст ва лозима ва ба таври даркори мулоҳизарони намудан ба ҳар як инсони комил лозим меояд. Боиси афсус, ки мактабҳо дар масъалаи мазкур ба инсон ҳеҷ кӯмаке карда наметавонанд ва ё натавониста истодаанд. Бинобар ин инкишофи чунин салоҳият дар аввал ба зиммаи волидайн ва баъдан ба зиммаи корфармо гузошта мешавад. Аз ҷумла чунин салоҳият барои омӯхтани ҳуқуқи инсон ва паҳн намудани маълумотҳои зарурӣ дар ин соҳа хело ва хело лозим мебошад.
Вобаста ба аҳамият дар соли 2020 ҷои сеюмро салоҳияти “эҷодкорӣ” мегирад. Дар соли 2015 он мақоми 10-умро ишғол мекард, ки аҳамияти он 7 банд боло меравад. Афсус ин салоҳиятро низ дар муассисаҳои таълимӣ ба таври зарури намеомӯзонанд. Дар мактабҳои муосир мунтазам дар бораи чизҳои нолозим меомӯзонанд, ки онҳо дар давоми зиндагӣ ба дарди мо намехӯранд, ба сифати мисол дарси ҷуғрофияро гирифта метавонем, ки дар онҷо дар бораи давлатҳо ва пойтахти онҳо маълумот медиҳанд. Аммо агар он дар зиндагии мо лозим ояд мо метавонем аз шабакаи интернет, алалхусус аз Wikipedia ва Google барои худ дар як муддати кӯтоҳ маълумоти лозимаро оиди ин ё он давлат ба даст орем ва ба фикри ман барои ин як дарси ҷуғрофияро сарф намудан лозим нест. Барои ҳамин ҳам ба мактабҳо зарур аст, ки ба ҷои дарсҳои нолозимаи ба ҳаёти мо ягон фоида надошта, салоҳиятҳои эҷодкориро омӯзонанд.
Дар соли 2020 салоҳияти “идоракунии одамон” мақоми чорумро ишғол менамояд ва он назар ба соли 2015 як мавқеъро аз даст медиҳад. Ин маънои онро надорад, ки ин салоҳият мавқеи худро гум мекунад, балки талабот ба се салоҳияти дар боло оварда шуда зиёд мегардад. Ҳамчунин яке аз сабабҳо оиди паст шудани мавқеи ин салоҳият дар он мебошад, ки бештари ширкатҳои бузург аз кормандони маъмулӣ, яъне одамон ба кормандони типи нав, яъне роботҳо мегузаранд. Аммо бо вуҷуди роботонӣ шудани истеҳсолот ва ё фаъолияти ширкатҳои бузург салоҳияти идоракунии одамон яке аз талабгортарин салоҳиятҳои асри 21 боқӣ мемонад.
Салоҳияти панҷум “маҳорати ҳамоҳангсозӣ, ҳамкорӣ” дар соли 2020 мегардад. Ин салоҳият назар ба соли 2015 ба се банд поён меравад, яъне он дар соли 2015 мавқеи 8-умро ишғол мекард.
Соли 2020 салоҳияти “эҳсосоти зеҳнӣ” мақоми шашумро ишғол хоҳад кард. Бояд қайд намуд, ки салоҳияти мазкур дар рӯйхати салоҳиятҳои соли 2015 набуд.
Салоҳияти ҳафтум ин “Мулоҳиза ва қабули қарор” мебошад, ки назар ба соли 2015 як банд боло меравад. Дар замони паҳншавии технологияи инноватсионӣ ва мушкилшавии раванди зиндагӣ ба таври зуд қабул намудани қарор яке аз талаботҳои бисёр ҳам муҳим мебошад. Дар оянда на танҳо сифат балки суръати қабули қарор низ муҳим мегардад.
Ҳаштумин салоҳияти соли 2020 ин салоҳияти “муштаримадорӣ” (ба муштари эътибор додан) мебошад. Дар рӯйхати салоҳиятҳои соли 2015 он мавқеи 7-умро ишғол мекард. Дар раванди инкишофёбии босуръати истеҳсолот ва намудҳои гуногуни хизматрасонӣ салоҳияти мазкур хело зарурӣ ва муҳим мебошад.
Салоҳияти нуҳум “маҳорати пешбурди музокирот” мебошад, ки назар ба соли 2015 чор зина поён рафтааст. Шояд ин ҳолат маҳз бо сабаби афзоиши талабот ба салоҳиятҳои нав руй дода бошад. Аммо ман фикр мекунам, ки чунин салоҳият барои амалишавии равандҳои демократӣ, ҳимояи ҳуқуқи инсон ва рушди иқтисодиёт хело зарур ва муҳим мебошад.
Ниҳоят, салоҳияти даҳум ин “инъитофи шинохтӣ” (cognitive flexibility) мебошад, ки чунин салоҳият дар номгӯи салоҳиятҳои соли 2015 набуд. Ин салоҳият ба мо чунин малака қобилияти зеҳнии аз як фикр ба дигар фикр гузаштан ва дар як вақт оиди якчанд чиз фикр намуданро медиҳад.
Бояд ёдовар шуд, ки дар соли 2020 чунин салоҳиятҳо, ба монанди “гушдиҳии фаъол” ва “назорати сифат”, ки дар соли 2015 дар рӯйхати даҳгона мавҷуд буданд, мавқеи худро аз даст додаанд.
Дар охир метавон зикр намуд, ки омӯзонидани салоҳиятҳои номбурда дар муассисаҳои таълимӣ аз аҳамият холӣ нест. Махсусан, ҳамчун ҳуқуқшинос гуфта метавонам, ки дар дарсҳои ҳуқуқи инсон ва дигар фанҳои таълимӣ агар баъзе аз салоҳиятҳои калидии мазкурро омӯзонанд, пас толибилмон дар оянда метавонанд на танҳо соҳиби дониши ҳуқуқӣ бошанд, балки маҳорати ба таври лозими ҳимоя намудани ҳуқуқҳои худ ва дигаронро пайдо кунанд.

2 комментария

  1. гап сари «салоҳият» (полномочия) меравад, ё ин ки «малака» (навыки)?

    Оиди ороиши техникии мақола маслиҳат медиҳам, ки онро дар формати Ranked List созед хуб мешавад, чунки хонандагон имконияти овоз доданро пайдо мекунанд.

    Ду абзаци аввал бе тагйир меистаду аз абзаци 3 («Соли 2020 ба мисли соли 2015…») хар як салохият/малакаро дар шакли пункти алохидаи Ranked List месозед. Хамаги 10 пункт мешавад.

    Чи хел сохтани маводро дар формати Ranked List дар навори омузишии ман метавонед тамошо кунед:

    Ба хар хол ин танхо маслихати дустона барои баланд бардоштани сифати чолибияти маколаатон асту халос 🙂 Барори кор, дустам ва ташаккур барои чунин маколахои чолибу муфид!

    1. Некбахт

      Ташаккур ако, албатта маслихатхои муфиди Шуморо ба назар мегирам. Дар инчо сухан дар бораи Компетенция (салохият) меравад.

Добавить комментарий

Войти с помощью соцсетей 

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *