Ғуломӣ метавонистааст то андозае ба руҳияи одамҳо таъсир гузорад, ки вакте аз ғуломӣ озод шуд боз ёди ширини даврони ғуломиашро мекунад. Ҳамеша бо ҳасрат ёди ғуломиашро мекунад. Ҳатто омода аст тамоми арзишҳои миллиашро аз даст дода, ба он сохтор баргардад ва ғуломи лаббайгӯи хоҷае шавад. Чунки ӯ табиаташ ҳамин хел ғуломмиҷоз аст. Озодӣ, мустакилият, баробарӣ, гуногунандешӣ ва худшиносиро намефаҳмад. Ин аст хислатномаи нафароне, ки аз даҳон кафк паронда ёди СССР мекунанд. Дар катори ин афрод аз деҳкони бесавод сар карда то омузгору журналистони беномус низ ҳастанд.
Бештари ин ғуломзодагон дар ВАО ва кӯчаву хиёбон аз давраи шӯравӣ ёдҳои хуш мекунанд. Далели онҳо танҳо он аст, ки «серию пуррӣ» буд. Дар ҳоле, ки ғуломвор кор мекарданд, озодие надоштанд, имкониятҳое надоштанд. Имкониятҳое, ки инсонҳои дигар давлатҳо доштанд.
Ин ғуломтабиатон магар фаромӯш кардаанд, ки намоз хондан тамоман манъ буд? Мансабдоре агар шароб нанӯшад ва ё вақти дар ҳоҷатхона нишаста ҳоҷат шиканад дар бало мемонд ва сохтани карера ба рӯи ӯ ба абад баста мешуд. Бале, бале. Барои ба онҳо бовар кардан онҳоро мепоиданд, ки нишаста ҳоҷат мешиканад, ё рост истода, чунки дар дини Ислом рост истода ҳоҷат шикастан раво нест. Худоро шукр, ки СССР пош хӯрду имрӯз масҷидҳо пур аз намозгузорон аст ва касе касеро дар ҳоҷатхонаҳо поида намегардад.
Ин руспарастон фаромӯш карданд, ки ашъори классиконамонро бо иҷозати Маскав мехондем. Шукрона, ки имрӯз хоҳӣ Мавлоно хон, хоҳӣ Ҳофиз хон, хоҳӣ Саъдӣ хон.
Шуравӣ агар дар хонаат хати форсӣ меёфт, рӯят ба даҳ панҷа сиёҳ мешуд. Акнун бубин дар ҳар як хона Куръон аст.
На аз таърихамон хабар доштему на аз фарҳангамон. Акнун Худоро шукр, Исмоили Сомониро ҳам медонему таъриху фарҳанги боямонро низ.
Забони модариамон бо «кумаки» мансабдорони онвақта хору зор шуда буд, каме монда буд, ки безабон монем. Шукр СССР пош хурд ва тоҷикони асил сари қудрат омаданд ва забони тоҷикӣ умри дубора гирифт.
Гӯё берун аз Тоҷикистон ҷое вуҷуд надошт. Агар вуҷуд дошт онҷо рафтан мумкин набуд. Моро метарсонданд, ки танҳо дар СССР тинҷӣ аст ва берун аз он даҳшат аст. Ҳазорон мӯйсафедон ба ҳасрати зиёрати каъба аз дунё рафтанд. Худоро шукр СССР нест шуду имрӯз пулат бошад куҷое хоҳӣ рав. Хоҳ ба Макка, хоҳ ба Дубай, хоҳ ба Париж.
Шояд руспарастони ғуломмиҷоз ин ҳамаро нодида гирифта танҳо ёди «неки» маишӣ ва шикамро намоянд, ки гӯё он вақт серию пуррӣ буд. Пас яқин фаромӯш кардаанд, ки Маскаву Русия беҳтарин ғизо мехӯрданд, беҳтарин хонаҳо, заводу фабрикаҳо сохтанду танҳо пасмондаҳоро ба мо мефиристоданд. Магар вожаи «подприлавка» ва «дефицит»-и мағозаҳоро фаромӯш карданд? Шукронаи Худо бо пош хӯрдани Шуравию омадани Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон ин вожаҳо дигар корбурд надоранд.
Барои харидории автомобил солҳо навбат мепоиданд. Баъзе ба ҳасрати «запарож» мурда мерафтанд. Худо накарда нафаре дар назди дараш ду мошин бошад дар бало мемонд. Ӯро ба ҳабс мекашиданд. Ҳоло чӣ? Марҳамат! Чанд мошин мехоҳӣ? Чӣ хел модел? Ҷип? Мерседес? Опел? Дуто? Чорто? Мана бозор! Рав кадомеро ва чандтое хоҳӣ хар! Орзӯи падари пиратро амалӣ кун. Бигзор дар синни пириаш дар автомобилҳои аврупоӣ ҷонаш ҳузур кунад!
Имрӯз ғуломтабиатон аз даҳон кафк мепаронанд, ки «гугирд як тин арзиш дошт ва дар он нархаш навишта шуда буд!». Бале. Масалан тӯби футболбозӣ 25 сӯм буд ва дар он ҳам нархаш навишта шуда буд. Ҳатто номи он тӯбро «тӯби 25-сӯма» мегуфтанд. Тасаввур кунед, ки маоши миёна 50 сӯм буд ва баробар ба ду тӯби футбол. На ҳар писарбача пояш ба он тӯб мерасид. На ҳар ҷавон ба дучарха савор мешуд. Ҳоло чӣ. Марҳамат! Барои ҳамаи ҷайбҳо чизу чора фароҳам! Серпул ҳастӣ? Рав модели адидас бихар. Кампул бошӣ рав ҳазору як намуди тубу тубчаҳои арзону рангин. Нархаш аз 3-сомонӣ сар мешавад. Рав даҳ сомонаашро хар. Бо маошат метавонӣ садҳо тӯб чор панҷ дучарха бихарӣ.
Пас чаро ёди СССР нек бошад? Илоҳо ҳаргиз барнагардад! Шукронаи истиқлолияти Давлати ҳуқуқбунёди Тоҷикистон. Бо умеди он, ки таҳти сиёсати хирадмандонаи Сарвари Давлат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз нақшу изҳои ифлоси СССР дур шуда, ба як Давлати мутараққии дунё мубаддал мешавем, асои худро дубор гум намекунем!