САДОИ ГИРЯ ДАР ЧАНОЗА-МАГАР ОБРУСТ?

 


САДОИ ГИРЯ ДАР МОТАМ-ОБРУСТ МАГАР?


 


Шиносеро дар роњ тасодуфан дидам. Баъди ањволпурсї кардан ў гуфт,  ки   ба наздикї таѓояш аз дарди   варами  љигар вафот кардааст.  Ин дустам  бо ифтихор илова кард:


-Бовар кун, дар љанозаи таѓоям чунон фиѓону овоз андохтам, ки атрофиён њама рањмат гуфтанд. Модарам љанг карда гуфтанд, ки «ин ќадар сахт овоз наандоз, ки  боз чашми мардум нагирад»


Баъди хайрухуш таъбам хира гардид.  Марги падарам ба хотирам расид. Дар шањри Санкт-Петербург будам. Субњи солехон модарам занг зада бо садои ѓамолуд гуфт:


-Духтарам, худата мард бигир, Падаратро аз даст додем.


Чї ќадар фиѓон дар дили ман нињон аст то имрўз аз марги падар. Гуширо партофта дод задам. Сохиби хонаи иљора омада ба сарам дод зад:


-Ин ќадар дод назан, њамаро бедор кардї, вагарна аз хонаи иљора берунат мекунам.


Магар ман барои худнамои фиѓон доштам, ки соњиби хона маро таъќир кард. Бо  садои дардолудаи ќалби сухта ба суйи дукони чиптафурушї шитофтам. То мо фарзандони ѓарибу рањдур ба макони падарї расидем, ки падарљони азизи моро ба хок супориданд. Њамсояе чунин гуфт:


-Э шумоён чї хел фарзанд? О дар сари тобути падарататон набудед-ку. Акнун овоз андозед, то мардум бинанд, ањсант гуянд…


Тавба..гиребон гирифтам. Магар нафари падаргумкарда барои шуњрату худнамої гиряву нола мекунад? Њар кас дарди худашро он лањза худаш медонаду халос. Гиря ин нишонаи худнамої нест. Ин алами дил аст, ки беихтиёр њама дарди нињонии инсонро берун месозад. Магар касе  мехоњад, ки одами наздикаш вафот кунад. Аз гиряву нолаи баланду бефоида ба рўњи одами наздик фаќат зарар аст. Дигар одамиро бозгардонидан мумкин нест. Фаќат як дуои нек барои падару модар кофист. Нафаре аз ман пурсид, ки дуои фотиња барои падари вафоткардааш бояд чї гуна бошад? Њайрон шудам. Аммо ин духтар дар хонадоне тарбия ёфта буд, ки падару модар дар њаёташон боре намоз нахондаанд. Айби духтари хонавода набуд. Айби падару модаре аст, ки фарзандро чунин тарбия мекунанд.


Бо оилае шинос њастам, ки хеле давлатманду тинљанд. Аммо ваќте, ки падари    хонавода рўзе аз касалии ќанд ва фарбењии хеле зиёд вафот кард, онњо дасту по гум  карданд.  Чунки аз рукнњои ислом дараке надоштанд. Модари хонавода њангоми баргузории љаноза ба њамсояњо чунин гуфт:


-Барои шустани љасади шавњарам мурдашуйи машњуреро , ки фаќат калоншавандањоро мешуяд, даъват кардем.  Барои руйи мурда ќолини 300 доллара харидем.


Ў чунон сухан мекард, ки гуё дар љанозаи шавњар неву дар туйю маъракае бошад.


Ногањ ин зан се зани либоси мотамї пушидаро љеѓ заду чизеро гушакї кард. Њамин ваќт ин занњо «вой баламе» гуён чунон доду фарёд бардоштанд, ки  ба назарам замину осмон ларзид.  Мушоњида намудам, ки ин гиряи онњо сохта аст мисли мазњакае. Чун модари хонавода оњиста ба  зане   гушакї   карда   гуфт:


— Духтаронам њунари гиря кардан надоранд. Барои њамин назди дусту душман ин занњоро махсус пул дода овардам. То мардум дар њайрат монанд.


Аљабо, магар садои баланди гиря барои рўњи азизи рафта муњим аст?


Њаргиз. Онњо фаќат муњтољи як дуои хайр њастанду халос.


                       Нархи таштоб  20 сомонї, ќайтарма-30 сомонї


Дар шањри Душанбе имрўзњо сафи муллоњову фолбинњои њозиразамон афзуда дуофурушї манбаи пулкоркунї гардидааст. Бахусус дар арафаи иди   Рамазон. Дар мањаллаи 104-уми пойтахт муллои гуё машњуре зиндагї мекунад. Назди хонаи ў аз субњи солењон мизољони зиёде навбат мепоянд. Барои мушоњида ман њам суроѓаашро гирифта ба мањаллаи 104-ум рањсипор шудам. Муллои номбурда дар хонаи сењуљрагиаш як хоначаашро барои ќабули корафтодагон људо карда буд. Наздаш як чойники чой бо пиёла меистод. Тарзи суолу љавоб чунин буд:


-Ња , хоњарам, хуш омади? Чи дарде туро назди ман оварда?


-Акаи мулло, ман пирдухтарам. Ба 37 даромада то њанўз бахтамро наёфтаам. Ба ман тумори бахт дињед. Оби ќайтарма њам бошад, хеле хуб мешавад.


-Духтарам, ту парї дорї. Парии мусалмони бача. Ба ман пирњоям гуфта истодаанд. Ин парї шабу рўз бо ту њамроњ аст. Намемонад, ки касе  туро бипазирад. Рашк дорад бепоин. Барои ин ман туро таштоб медињам. Се руз пайи њам онро дар оби испанддор шуста хур. Баъд оби ќайтарма њам медињам. Баъди 7 рўз боз меої. Якта хурусро меорї, ман онро хун мекунам. Парии ту аз танат баромада меравад.


Духтар бо хурсандї рањмат гуфт. Аммо у њанўз намедонист, ки нархи таштобу ќайтарма чанд  аст. Вале ваќте, ки  мулло ба ў таштоб навишта се баклашка об дода  нархи онњоро яклухт гуфт, чашмони духтарак кушода шуданд.


-Љамъулљаъм 150 сомонї мешавад.


-Чї хел?  О акаи мулло ба ман гуфтанд, ки аз дилат чанд суме барорї, њамон хайр аст.


-Кї гуфт? Нархи як таштоби ман 20 сомонї, ќайтарма 30 сомонї мебошад. Нархи як тумори бахту барори корам 100 доллар аст.


Агар њоло пул надошта бошї, духтарљон. Пагоњ пулатро таёр кун, биёр.


Духтарак пули таштобро доду гуфт, ки њозирашба њамин кофист.  Ман ин муллои таштобро фурушро хеле тамошо кардаму сипас аз он љо баромадам. Дар роњ њам хандаам омаду њам гиряам. Бењуда шоире нагуфта:


                               Ислом ба зоти худ надорад айбе,


Њар айб ки њаст, дар мусулмонии мост.


Боќї, андешаи солими хонандаро дар ин хусус  интизорам.


Шањлои Наљмиддин. Журналист.


 


 

Добавить комментарий

Войти с помощью соцсетей 

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *