Рози дили Гулбахор.

b2ap3_thumbnail_001.jpgРози дили Гулбахор…
Аз муаллиф:
Хангоме ки ба муддати кутох ба ватан омадам, хабар ёфтам ки китоби нахустини шеърхои тозаэъчоди ин чавонзани шеърдусту ширинкалом Гулбахор Чиллаева ба нашр расидааст. Хеле хушхол шудам. Чун калби Гулбахор хануз аз давраи мактабхони ба руйи когази сапед резаборони каламашро сафхакори менамуд. Номи китоб «Афсонаи гул» ном дошта фарогири ишку мухаббати инсони, ишки модару механи азиз аст. 
Гулбахор дар сарсухан чунин ифшо сохта:
«Дар зиндаги ду чиз зебост. Зан ва гул. Оре зан худ гул аст ва дунёи зан саропо фарогири шеър аст. Ман хануз аз хурди ба олами зебои эчод ворид шуда аз тамоми мавчудоти зиндаги халовати хоссае мебурдам. Маънии лугавии шеър дарёфтан, донистан ва маърифати чизхои нафис аст. Ва танхову танхо ин мучизаву истеъдоди худованди аст, ки маро ба олами шеър пайваст»
Афсонаи Гул мачмуъаест ки моро ба олами зебои шеъри хозиразамон мепайвандад.
Бо истифодаи вакти муносиб бо Гулбахор Чиллаева хамсухбат гардидам.
-Гулбахор! Шумо чи тавр хам ба кори давлати, хам ба кори хона ва асос барои эчод вакт меёбед?
-Ба андешаи ман агар зан хохад ва хохиш дошта бошад, барои хама кор вакти мусоид меёбад. Зани бехунар нест дар дунё. Ин ба худи мо занхо вобастагии калон дорад. Баъди аз коргох ба хона баргаштан зуд аз пайи кори хона мешавам. Сипас шабхо боз вакт ёфта ру каламу когаз меорам. Ин як навъ фарогат аст барои ман. Агар ман эчод накунам, дилам касал мешавад. 
-Аз кай ба шеърнависи ру овардаед?
-Аз синни мактаби. Ишки шеър худ аз худ дар калби зебопарасти ман пайдо шуда буд. Аввалхо дахони эъчод карда ба кудаконам меомухтам. Сипас ба руйи дафтар менавиштам вакти илхоми эъчод.
Шеър орзуи ман, дарди ман, хурсандии ман аст.
-Чун вазифаи раиси занхои нохияи Шохмансурро ба души худ доред, бештар аз дили занхои точик огахед?
-Оре миёни занхоям ва дарду доги калби эшонро хубтар эхсос мекунам. Яке аз зиндагиаш шикоят мекунад, дигаре аз кораш, саввуми аз ночурихои кисматаш, чоруми барои ояндаи фарзандаш маслихат мепурсад..Умуман корам пурмасъулият аст. Аммо ман касби худро дуст медорам. 
-Шунидаам ки дар хунари кадбонуи хам хамто надоред?
-Шояд…намедонам, инро дигарон бахо медиханд. Аммо модари мехрубонам Мунаввара Чиллаева як зани хунарманди чирадастест, ки бо хунари дузандагиаш машхур аст. Дар пухтупаз хам касе бо у баробар шуда наметавонад. Хурсандам, ки аз модар хама хунарро ёд гирифтаам. Бехтараш ба хонаи мо мехмони оеду як оши туппаи дастии каминаро чашед.
-Ташаккур! Гулбахор ватан аз нигохи Шумо?
-Бикардам сайру гашти руи дунё,
Бидидам дустон, хар суйи дунё,
Зи шахри мо дар он зеботаре нест,
Зи панди Рудаки хам бехтаре нест.
Ватан модар, хохар, зодгох, пайванди мо аст. Ман ватанамонро дуст медорам. 
-Нисбати насли нав тарбия ёфта чи андеша доред?
-Ба насли нав барномаи махсуси давлати ифтитох мебояд кард. Аз насли нав ояндаи чомеъа вобаста аст.Ман хамчун модар кушиш мекунам, ки фарзандонам Иродабону, Мухаммадикбол, Гулнорачон дар як рухияи солим тарбия ёбанд. 
-Нисбати занхои мухочир чи андеша доред?
-Имруз зиндагии сангин такозо карда занхои точик хам ру ба мухочират оранд. 
Нолаи модар ба гуш омад, Худо,
Нолаи бахти хамуш омад, Худо,
Нолахои чонгудози тифлаконаш,
Оташе андар хуруш омад, Худо…
Зан модар имруз ру ба мардикори оварда. Худованд зани точикро дар гарибихо нигахбон шавад. 
Олимону шоирон ахли хунар,
Мардуми покизаву сохибназар,
Аввалину охирини одамон,
Ин хама фарзандхои модарон.
-Чи таманно доред?
-Таманно дорам, ки хамеша модари точик бихандаду дарду гаме дар дил надошта бошад!

Ба боги гул мухочирбача мехмон,
Ба хусни гул мухочирбача хайрон,
Гирифторасту бемор асту нолон,
Барои гул мухочирбача сарсон.
-Саломат бошед!
Аз муаллиф:
Ба навиштахои Гулбахор менигарам:»Ин неруи тоза ва нотакрор ба ман розхои нухуфтаи худро кушоду ман дар ин дунёи афсонахои рузгор худро дарёфтам. Осмони софу бегубор, чах чахи булбулон, хатто садои шабчароге метавонад килки дасти маро сафо бубахшад. Аз хандаи бегаразонаи тифле калбам ба тапиш меояду беихтиер хома ба даст гирифта шаддаи марвориди назмро ба дуне меорам. Модар хастам ва шодиву ашки нохаки модару хохаре маро ба изтирб меорад. Ва боз суйи калам рох мепаймоям, то дарду розхои ногуфтаи дилро ифшо бисозам».
Дунёи Гулбахор шеър аст. Барояш дар ин рохи умед корвони назми дардошноро хохонем. 
Мусохиб Шахлои Начмиддин.
















Напишите свой комментарий