РОХБАРОН БОЯД СОМОНАИ ИНТЕРНЕТИРО ЁД ГИРАНД Ё ТО БА КАЙ ДЕПУТУТХО САКИЧ МЕХОЯНД?

РОХБАРОН БОЯД СОМОНАИ ИНТЕРНЕТИИ ХУДРО ДОШТА БОШАНД…АЗ МИРИ ШАХР ЁД ГИРЕД МАСЪУЛИНИ МУХТАРАМ…

РОХБАР, САРВАР, МАНСАБ…
ИН МАФХУМХОЕСТ КИ МАСЪУЛИЯТИ БАЛАНДИ ТАКДИРСОЗИ МАРДУМИ ОДДИРО ТАКОЗО МЕНАМОЯД.
ВАЛЕ, МУТААСИФОНА, ЧИ ТАВРЕ КИ АЗ МУШОХИДАХО БАРМЕОЯД, БАХУСУС ДАР ТОЧИКИСТОН КУРСИ ЯК МАНБАИ ПУЛКОРКУНИ ХАСТУ ХАЛОС.
ВАКТЕ КИ ЯК НАФАР СОХИБИ МАНСАБЕ МЕШАВАД, ПАС АЗ СЕ МОХ ЧОР АЛЛАКАЙ СОХИБИ МОШИНХОИ ДЖИПУ МЕРСЕДЕС МЕГАРДАД. ХОЛ ОН КИ ХАМАГИ МАОШИ ДАВЛАТИАШОН АЗ 500-600 СОМОНИ БОЛО НЕСТ.
ДАВРАИ ШУРАВИ НАЗОРАТ САХТ БУД, ДАР ЁДАМ ХАСТ КИ ЯК ХЕШИ МАНСАБДОРАМОНРО БАРОИ ЯКТО КОЛИНЧАИ КОРХОНАРО БА ХОНААШ ОВАРДАН КАРИБ ЯКУНИМ СОЛ БА ХАБС МАХКУМ КАРДАНД.
ИМРУЗ БАРОМАДИ ЧАНОБИ ОЛИРО ТАМОШО КАРДАМ. ДАР ТОЛОР БУДАГИ МАНСАБДОРОН БАЪЗЕАШ ПИНАК МЕРАФТАНДУ БАЪЗЕАШ АЗ ТАРС ХАТТО МИЖЖА ТАХ НАМЕКАРДАНД. АЧАБО, ХАР ЯКИ ИН НАФАР ВАЗИФАДОРОН ПЕШ АЗ БА КОРИ ДАВЛАТИ ГУЗАШТАН КАСАМ ЁД МЕКУНАНД КИ БА МАРДУМУ БА ВАТАН ХИЁНАТ НАМЕКУНАНД. ОХИР ЧИ ГУНА КИ БАЪДИ ЧАНДЕ БА СОХТМОНИ ХОНАХОИ БОХАШАМАТУ КАХВАХОНАИ АВРУПОИ ОГОЗ МЕНАМОЯНД.
ХАР ЧО КИ ПОИ КАДАМИ ПРЕЗИДЕНТ РАСАД, ОН ЧО ОБОД МЕШАВАД. МЕДОНЕД БАРОИ ЧИ?
БАРОИ ОН КИ РОХБАРОНИ НОХИЯХО АЗ КУРСИИ МАНСАБ МЕТАРСАНД.
ИМРУЗХО ДАР КАТОРИ ДИГАР ДАВЛАТХО БА КАДРИ ИМКОН БАРОИ ТОЧИКИСТОН ХАМ ИМКОНИЯТХОИ ТЕХНИКИ ФАРОХАМ ОВАРДА ШУДААСТ.
ДАР ДИГАР ДАВЛАТХОИ ХАМСОЯ , АЗ ЧУМЛА КАЗОКИСТОН, РОХБАРОНИ МАСЪУЛ ДОРОИ СОМОНАХОИ ИНТЕРНЕТИИ ШАХСИЕ МЕБОШАНД,КИ БЕВОСИТА ХУДАШОН БА СУОЛХОИ МУСТАКИМИ ШАХРВАНДОН ПОСУХ ДОДА МУСТАКИМАН БАРОМАД МЕКУНАНД.
МЕБОЯД КИ ИМРУЗ ТОЧИКИСТОН ХАМ ИН СИСТЕМАРО КУЛЛАН ЧОРИ НАМОЯД. ТО РОХБАРИ МАСЪУЛИ ХАМОН СОХА БАРОИ ЧОМЕЪА МУХИМ БА СУОЛХО ЧАВОБХОИ МУШАХАС БИДИХАД. ВАЛЕ БОВАРИ ДОРАМ КИ КИСМИ ЗИЁДИ МАНСАБДОРОНИ МО ТУТИВОР ДАР МАЧЛИСУ НИШАСТХОИ МАТБУОТИ ДОКЛАДУ ХИСОБОТХОИ СОЛОНАИ ТАЙЁРРО КИРОАТ КАРДА ДАР ОХИР БА СУОЛХОИ РУЗНОМАНИГОРОН ЧАВОБХОИ РАСМИ ДОДА БО ХАМИН ХАЙРУХУШ МЕКУНАНДУ БА ХУКУМАТ ЯК МАКТУБИ РАСМИИ ДИГАР ИРСОЛ КАРДА БО ИФТИХОР МЕНАВИСАНД:
» ФАЛОН КАДАР МАХСУЛОТ БАРОВАРДА ШУДУ ТАМОМИ НАКШАХО САД ФОИЗ ИЧРО ГАРДИД»
АЗ ИНТЕРНЕТ КУ ТАМОМАН ОГАХИ НАДОРАНД. БА ЧОЙИ ОНХО КОТИБИ МАТБУОТИАШОН ФИКР МЕКУНАД.
ХУДАТОН ДИДЕД?
ВАКТЕ КИ ПРЕЗИДЕНТИ КИШВАР АЗ РОХБАРОН ХИСОБОТ МЕПУРСАД, АРАКИ ПЕШОНИАШОНРО ПОК КАРДА БАЗУР БАЗУР НИМГУРМА ЧАВОБ МЕДИХАНД. БАЪЗЕИ ДИГАР САКИЧДЕПУТАТХО БОШАНД БАРОИ ОРОМ КАРДАНИ АСАБАШОН ДУЛУНЧА САКИЧ МЕХОЯНДУ КАМЕРАХОИ ТЕЛЕВИЗИОН ХАМ ДИДАВУ ДОНИСТА ОНХОРО ДАР ЭКРАН КАЛОН КАРДА БА БИНАНДА НИШОН МЕДИХАНД…
ДАР СОМОНАИ ЧАНОБИ ОЛИ НАВИШТА МУТМАЪИН ШУДАН МУМКИН АСТ, КИ САВОЛ БЕПОСУХ НАМЕМОНАД. АММО АЗ ХАМА БЕХТАР ОН АСТ, КИ БА ХУДИ ДАСТГОХИ ХУКУМАТ НОМА НАВИСЕД ВА ХАТМАН БА МАКТУБАТОН ЧАВОБ ХОХЕД ГИРИФТ.
БА ПОЧТАИ ЭЛЕКТРОНИИ МИРИ ШАХРИ ДУШАНБЕ МАХМАДСАИД УБАЙДУЛЛОЕВ НИЗ ГУЁ РУЗХОИ ОХИР ЧАШМ РАСИДА КИ БА ХАР ЯК НОМА «ИМЗОИ ЭЛЕКТРОНИ» ТАЛАБ КАРДА МЕШАВАД ДАР АСОСИ КОНУН.ОХИР ДЕХКОНУ ОМУЗГОРИ БЕЧОРА АЗ КУЧО МЕДОНАД ИМЗОИ ЭЛЕКТРОНИРО.. ВАЛЕ РАИСИ ШАХР ХЕЧ ГОХ НОМАХОИ ШАХРВАНДОНИ ОДДИРО БЕЧАВОБ НАМЕМОНАД. КИ ИН БОИСИ ИБРАТИ ДИГАР МАНСАБАДОРОН МЕБОШАД.
МУХТАРАМ ВАЗИФАДОРОНИ МАСЪУЛ, АЗ МИРИ ШАХР ОМУЗЕД


МАДАНИЯТИ ШУНИДАНИ ШИКОЯТИ ШАХРВАНДИ ОДДИРО.



ШАХЛОИ НАЧМИДДИН, ЖУРНАЛИСТИ МУСТАКИЛ….

Один комментарий

Добавить комментарий

Войти с помощью соцсетей 

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *