Рашки маймун ба Мохинав

 


Рашки маймун ба Мохинав 


 Аз муаллиф:


Одамизод метавонад бо лафзи хушу рафтору кирдори неку   хатто мори захрдорро аз лонааш барорад. Ман чунин нафарони ачибхислатро дар боги хайвоноти шахри Душанбе мушохида кардам. 


Чор шербача-ифтихори боги хайвонот


Соли 2010 барои ахли кормандони боги хайвоноти пойтахт ва шахрвандони шахри Душанбе соли хотирмон буд. Якбора дар боѓи хайвонот чор шербача   тавлид ёфт.


Зухро худ зодаи кухистони дурдасти вилояти Хатлон аст. Наврасиаш дар куњу пуштаи водии Сари-Хосор сипари  гардидааст. Њануз аз хурди мехр ба бузу гусфандони падар баст. Агар дар навбати пода пойи гусфанде шиканад, Зухро уро табобат карда то сихат шуданаш парастори   мекард. Бо  амри такдир ба пойтахт омаду барои чойи коркобї ба боги хайвонот омад. Рохбарияти боги хайвонот сараввал уро ба хайси тачрибаомуз ба кор гирифтанд. Сипас чолокиву бовичдонии уро дида парастории шерхоро ба у ичозат доданд. Вакте, ки чор шербача   тавлид ёфт, Зухро аз хурсанди   чойи нишаст намеёфт.  Онњоро Зуњро ба хучраи хобаш бурда то субњ шири сунъї дода парасторї кард. Тўли 15 рўз Зухро шербачахоро мисли модар нигоњубин намуд. Ваќте, ки шербачањоро аз Зуњро људо карда ба дигар нафар супориданд нигоњубинашонро, онњо  чунон ѓамгину озурдахотир гардиданд, ки њамто надошт. Чор тарафи њуљра давида  дод мезаданд. Аз иштињо монданд. Баъди бозгашти Зуњро онњо аз нав ба хурокхурї даромада шодї мекарданд. Имрўз   ин шербачањо ба воя расида ифтихори  боѓи њайвонот мебошанд.


                         Рашки маймун Љонник ба Моњинав


Подабонова Моњинави 53 сола муддати 20 сол аст, ки дар боѓи њайвонот кор мекунад. Ва дар ин муддат фаќат маймунњоро парасторї кардааст. Њар як маймун ба худ насаб дорад. Он рўз мо шоњиди он гаштем, ки  чї хел маймуне бо номи Љонник аз суњбати мо бо холаи Моњинав озурдахотир гашта мушт нишон дода дар кунље рафта пинњон шуд. Њарчанд холаи Моњинав уро љеѓ занад њам, ў дигар ба назди ў наомад. Подабонова Моњинав ба мо гуфт, ки  маймунњо одати зуд-зуд ќањр кардану рашк намуданро доранд.


-Агар бо тамошобинони ба боѓ тамошо омада ногањонї гапзании маро бубинанд, аз рашк ба ман тањдид мекунанд. Таасуфовар ин аст, ки ба боѓи њайвонот наврасоне ворид мешаванд, ки ба суйи маймунњо сангу кулуху бутилка мепартоянд. Ин рафтори номатлуб бошад сахт ќањри маймунњоро меорад. Модамаймун зуд фарзандашро ба пушташ бор карда ба кунље рафта пинњон мешавад. Ба ман  ишора мекунанд, ки ин хислати одамон ба дилашон  задаааст. Барои њамин аз шањрвандони пойтахт сахт хоњиш дорам, ки дар љойњои љамъиятї фарзандонашонро беназорат нагузоранд.  Баръакс ба боѓи њайвонот омада ба онњо њайвонњоро нишон дињанд, мењри олами њайвонотро дар ќалби онњо бедор намоянд. Маро агар  аз маймунњо људо намоянд, ман шояд бемор шавам. Бе онњо зиндагии ман  маъние надорад.


 Кобраи газанда


Њусейнов Абдусаидро агар гуем, ки тамоми мардуми љумњурї мешиносад, хато намекунем. Њусейнов Абдусаид хатмкардаи факултаи санъати шањри Тошканд буда, њунари морбозиро аз бобову падараш меросї гирифтааст. Тўли 7 сол боз дар боѓи њайвоноти шањри Душанбе ба њайси мудири шўъбаи акватерї морњо ва моњињо фаъолият мекунад.


Айни замон дар шуъбаи морњо зиёда аз 58 намуди морњову моњињо гузошта шудааст. Солњои пеш дар шуъбаи морон ду кобраи калон парвариш меёфт, ки боиси таваљљуњи хурду калон буд. Њусейнов Абдусаид зимни сўњбат бо таасуф ќайд кард, ки соли гузашта дар натиљаи зуд-зуд хомуш гардидани барќ ин кобрањои бузург ба њалокат расидаанд. Њоло ба шўъбаи якчанд намуди мори гаронбањои гурза оварданд, ки нигоњубини љиддиро таќозо менамоянд.


Њусейнов Абдусаид бо њамроњии се писараш цирки оилавиеро солњои зиёд таъсис додаст, ки хеле барномаи рангину љолибро фарогир аст. Ин барнома аз чашмбандї, сењргарї, морбозї иборат мебошад. Писари чорсолаи Абдусаид, Муњаммадљон аз рўзи таввалуд байни мороњо калон шуда имрўз нотарсона бо мор њаргуна бозињоро ба тамошобинон нишон медињад. Соли гузашта дар кохии Борбад Њусейнов Абдусаид бо барномаи наву шавќовараш бо њамроњии њунарпешаи љавон Саида Сирољиддинова баромад намуд. Њангоми њунарнамоишаш духтараке аз аз толор баромада ба Абдусаид гулдастаи калонеро њамчун рамзи эњтиром таќдим намуд. Мор  кобраи бозингар ин њолатро дида якбора рашкаш меояд, ва дасти Абдусаидро сари ќањру ѓазабаш бехотир мегазад. Њусейнов Абдусаид тули як моњ дар беморхорнаи №3 табобат мегирад. Њафтод фоизи баданаш аз зањри мор зањролуд мегардад.Гоњњо морњо бемор мешаванд. Стоматити дандон. Дар ин њолат ў зуд аз пайи табобат мешавад. Абдусаид мегуяд, ки агар рўзе бе морњояш зиндагї бикунад, шояд бимирад.


Ќисми зиёди њайвонњо љуфти худро надоранд.


Тавре ки роњбари муассисаи давлатии боѓи њайвоноти шањри Душанбе  Одинаев Ќурбон наќл кард, имрузњо ќисми зиёди њайвонњо љуфти худро надоранд ва ин боиси нестшавии њайвонњо хоњад гашт. Ба ин хотир ў ки худ мутахассиси соњаи тибби бойторї  аст, бузи хонагии шашпоро бо гусфанди оддї дурага карда  аз онњо насли нави боќувватро ба дунё оварданд. Њамчунин имсол ба боѓи њайвонот бум оварда шуд.


 


Аз муаллиф


Лањзае мо шуморо ба боѓи њайвонот, рўзгори одамони ѓарибхислат бурдем. Боќї, саломат бошед.




 


 

Напишите свой комментарий