Рамз ё тасодуф?

          “Ман ба ту чанд бор гуфтам?! Дигар ба ман занг назан?! Садоятро шунидан намехоҳам!”.. Мусо ба ҳамсараш, ки аз Точикистон занг зада буд,инро гуфту телефонашро хомуш кард ва аз хона баромада суи истгоҳ раҳсипор шуд.
     Пагоҳирузй, соат такрибан ҳафт. Истгоҳ серодам буд. Одатан пагоҳиҳо ва бегоҳиҳо ҳаминтавр серодам мешавад. Мусофирбарҳо думидардум меомаданду мерафтанд. Одамон ба мусофирбарҳо менишастанду боз одамони нав ба истгоҳ меомаданд.
Мусо, дар интизори мусофирбари раками 32, гоҳ ба як пояш такя мекарду гоҳ ба пои дигар, ва ҳар замон телефони мобилиашро аз кисааш бароварда, чанд шудани соатро аник мекард.
     Ба истгоҳ аз пайроҳаи паҳлуи чап як муйсафед ва пиразане омаданд. Онҳо дар каноре истода бо ҳам чизе мегуфтанд.
Пиразан ба атроф нигоҳ давонда ба Мусо нигарист ва аз дасти пирамард гирифта суи у омад. Онҳо тахминан 75-80 сола ва ё шояд аз ин ҳам калонтар буданд. Дар тан либосҳои тозаю озода дошта, муйсафед коматхамидаи беришу муйлаб ва дар даст асо дошт. Пиразан ба Мусо наздик шуда чизе гуфт.
Аммо садои пиразан хеле паст ва гирифта буд. Мусо сар хам карда гушашро ба пиразан наздиктар бурд. Ин дафъа фаҳмид, ки пиразан мегуфт:
    — Писарам, илтимос, ба ин муйсафед бигуй, ки имруз на панчшанбе, балки душанбе будааст ва мусофирбар дар рузҳои душанбе соати 10 меояд. Ба у бо садои баланд гуй, писарам. У гушҳояш хуб намефаҳманд..
   Мусо байни пиразани кариб бесадо ва муйсафеди кариб ношунаво ба миёнаравй огоз кард. Муйсафед хеле бад мешунид. Мусоро лозим меомад бо садои баланд ва такрор кардан, сухани пиразанро ба муйсафед расонад. Мусо аз он шод буд, ки пиразан шунавоияш хуб буд ва суханҳои муйсафедро мефаҳмид.
Атрофиён садои баланду “аксентдор”-и Мусоро шунида нигарон ба баҳс диккат медоданд.
Ахиран, муйсафед фаҳмид, ки имруз на панчшанбе, балки душанбе будааст.
     Пиразан ба Мусо сипос гуфту дасти муйсафед гирифта ба суи пайроҳае, ки аз он омада буданд, бо кадамҳои майда-майда роҳ мерафтанд. Мусо гуё ях карда буд намечунбид ва ба нигоҳи атрофиён низ аҳамият намедод.
   Дар сараш суолҳо пайдо шуда чарх мезаданд.
    Чаро маҳз у, маҳз имруз шоҳиди ин вокеа шуд? Ин чй рамзе буд? Наход Худованд бо ин роҳ ба у чизе гуфт? Ё тасодуф буд?
Мусо, ки тули як моҳ аст бо завчааш ба воситаи телефон чангу нофахмиҳо дошт, ба фикр фуру рафт.
Шояд меандешид, ки зуд ба Точикистон занг зада, ҳамсарашро бо суханҳои хуб навозишу меҳрубонй намояд.
Шояд мехост бигуяд, ки у шухй кардааст ва мехохад садои уро хамеша бишнавад…

3 Комментарии

  1. это знак, пусть позвонит и скажет жене, что она лучшая, и что он только для своей семьи так трудиться там «дар мусофири»

  2. Албатта ба занхо низ осон нест. Гаму андухи чудои — тарбияи кудак — корхои хона ва корхои мардонаи хона хама бар души уст.

Напишите свой комментарий