ПУЛБА МУРАМ…

Пулба мурам….
Имруз дар Точикистон низ мисли дигар мамолики чахон ситорахо ба муд даромадаанд. Агар яке хатто як суруди пучу хавасаки хам суруда бошад, аллакай пас аз чанде ба хуруси даканг табдил меёбаду худро хамчун ситораи худруйи шеъри худам, оханги худам, фонограмма мехонад, муариффи менамояд.
Ин гуна ситорахои худру ба чанд гурух таксим мешаванд:

1. Ситорахои туй, ки факат дар туй сароида метавонанд. Мардум дар хакки чунин ситорахо мегуянд:»туйя девона мекунанд,»

2. Ситорахои ошно. Яъне он сарояндагоне, ки дар байни 50-60 сурудхои сароидаашон факат як суруди хуб доранду халос.

3.Ситорахои оши худои. Сарояндагоне, ки ба мисли донишчуёни дипломи оли, каллаи холи, амал карда, бо пули калон охангу суруд-и маргубро харидори менамоянд.
4. Ситорахои мачбури. Он сарояндахое, ки худ хатто намедонанд чаро махз онхо дар консертхои расми баромад мекунанду хар сол сохиби унвону чоизае мегарданд.
Дунёи санъат аввал дораду анчом не. Вале суруди хуб хамеша дар дили наслхо боки хохад монд. Масалан сурудахои Сурайё Косимова, Муродбек Насриддинов, Давлатманд Холов, Нукра Рахматова, Лола Азизова, Хосият Ортикова хеч гох кухна намешаванд. Хол он ки дар давоми 20-30 сол онхо зиеда аз 3-4 албом сабт кардаанду халос. Вале имруз сарояндахои чавони мо хар мох як албоми сурудхояшонро сабт карда, аз пайи дигараш мегарданд.
Андеша намекунанд, ки аз суруди хасаки 5 суруди бомаъни хубтар аст. Ба хар хол имруз фазои санъати чумхури хеле рангоранг гашта, сарояндахои умедбашх аз кабили Зикруллох, Манижа, Шабнам бо сабку услуби хоссаи хеш муштариени худро пайдо намудаанд.
Имруз байни сарояндахо шиори пулба мурам муд шудааст. Хуллас санъат доманадор асту ислохи зиеде мехохад.
Вой бар он рузе, ки ситорахои сари танур сухта хокистар гарданду олами санъат бебако монад…

ШАХЛОИ НАЧМИДДИН

2 Комментарии

  1. ситорахои гуфтаатон на факат зикрииоллох шабнам ва манижа, балки садхои дигар сарояндахои хуб ки дар дили хаводорони худ чо гирифтаанд. ба монанди шахром, мухаммадрафи, нигора, суруш, олими махмуд нозияи кароматулло, фарзонаи хуршед ва дигару дигархо умуман хамаи ситорахо мухлиси худро дорад, ин фикри шумо хато аст, он сурудахое ки писанди шумост шояд ба нафари дигар писанд нест ва он сурудахое ки ба дигарон писанд аст шояд шумо бад бинед барои хаминхам хамаи ситорахоро бояд кадр намуд.

  2. шоуБИЗНЕС 🙂 ин мохияти кор аст — ин танхо БИЗНЕС аст 🙂 албоми нав — ин партияи нави моле, ки харидори худро дорад. агар точир бинад, ки молаш нагз ба фуруш рафта истодааст ва талабот холо ба пурраги конеъ нашудааст, пас у партияи нави борро оварда, онро низ ба истеъмолкунандагони бокимонда мефурушад.
    дар шоубизнес низ чунин аст — сароянда мебинад, ки дискхои уро харидори мекунанд, пас у мефурушад ва он гох, ки ба пурраги фурухту боз талабгори дискхо мавчуданд у боз дискхои навро ба фуруш мегузорад! БИЗНЕС!

Напишите свой комментарий